Пешво ва ҷавонон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсати бузург қадам гузоштанашон худро на танҳо ҳамчун роҳбари ҳалқдӯсту раиятпарвар, инчунин чун ҳимоятгари манфиатҳои насли наву ояндасози миллат нишон додаанд.

Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз солҳои аввали ба сифати Сарвари давлат ба фаъолият шурӯъ намудан сарфи назар аз он, ки вазъи ноустувори сиёсию иқтисодӣ дар ҳаёти кишвар парешонию ноумедиро дар қалбҳои доираи муайяни шаҳрвандон ба амал меовард, бештар ба ҷавонон рӯ оварда, онҳоро ба оромию таҳсил ва ободкорию созандагӣ ҳидоят менамуданд. Баргузор кардани вохӯрию мулоқотҳо дар маҳалҳои гуногуни кишвар маҳз бо ҷавонон онҳоро дилпур гардонд, ки роҳбари давлат ба ояндаи кишвар дар шахсияти ҷавонон дилпур ҳастанд.

Ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат ба ҷавонон неруи тоза мебахшид. Бо фармони Президент аз соли 1997 муқаррар шудани квотаҳои президентӣ барои таҳсилу соҳибмаълумот ва соҳибкасб гардидани ҷавонони деҳот ба ҷавонписарон ва духтарон имкониятҳои фарохро фароҳам сохт. Дар асоси он дар давоми 20 сол ҳазорҳо нафар ҷавонписарону духтарон аз деҳаҳои дурдаст ба таҳсилу касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби маълумот, тахасуси дилхоҳ гардида, дар соҳаҳои гуногуни ҷомеаи навини тоҷикон меҳнати бенуқсонро ба ҷо оварда, зиндагии бофароғати худро таъмин намуда истодаанд. Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки мефармояд:

Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,

Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.

Ҷавонон бо омӯхтани мероси гузаштагон, таҷрибаи падарон ва хусусиятҳои воқеъбинонаи худ аз уҳдаи ҳамаи корҳо баромада, ба пешрафти ҳаёт бо нигоҳи наву тоза таъсир расонида метавонанд. Барои муваффақ шудан ба ин аз мо – бузургсолон танҳо ҳидояту дастгирӣ лозим аст. Ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон намунаи ибрат барои ҳар як шаҳрванди бузургсоли мамлакат аст.

Дар шароити пешрафти иқтисодию сиёсӣ ва ҷаҳонишавии ҷомеаи мо – тоҷикон бовар кардан ба ҷавони ҷомеа ба онҳо имкониятҳои васеи ташаббускориву ташаккул додани фаъолияташонро ба миён овард. Дар ин замина мутахассисони соҳибмаълумоту соҳибкасб пайваста зиёд гардида, онҳо бо ташаббусҳои нав ба нав фаъолияти худро такмил медиҳанд.

20 соли охири пас аз ба имзо расидани Шартномаи сулҳи тоҷикон дар рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол давраи нав гардид. Дар ин муддат теъдоди донишгоҳу донишкадаҳо ва дар ин замина сафи донишҷӯён даҳҳо карат афзуд. Агар дар замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амал кардаву теъдоди донишҷӯёнаш 70 ҳазор нафар бошад, имрӯз миқдори муассисаҳо ба 39 ва донишҷӯён ба 170 ҳазор нафар расидааст. Хусусияти муҳим ва фарқкунанда боз дар он аст, ки қисми зиёди ин муассисаҳо дар маҳалҳо фаъолият дошта, ба ҷавонон имконият фароҳам омадааст, ки дар маҳалли зисти худ, дар ҳузури волидон ва бо назорати онҳо таҳсилоти касбии худро амалӣ созанд.

Ҷавонписарону духтарони тоҷик имрӯз ҳамаи шароиту имкониятҳоро соҳиб ҳастанд ва бояд онро дурусту мақсаднок истифода баранд.

Соли 2007 бо ҳидояти Пешвои миллат қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, тағйироти воридшуда ба он дар соли 2017, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падар ва модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки соли 2011 қабул гардид, дар ҳаёти шаҳрвандони кишвар, махсусан ҷавонон дигаргуниҳои муҳимро ба миён овард. Мақсад аз танзими расму ойин ва ҷашну маъракаҳо аз хароҷоти зиёд ва бемақсад озод кардани шаҳрвандон ва ба таълиму тарбияи насли нав сафарбар намудани онҳо ва ғамхории бештар зоҳир намудани волидон нисбат ба фарзандонашон аст.

Дар асоси тағйироти дар санаи 22-юми майи соли 2016 воридшуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон дар роҳи такмили фаъолияташон ва фарогирии онҳо ба корҳои масъулиятнок имкониятҳои бештар фароҳам омад. Пешвои миллат дар Пайёми 23-юми декабри соли 2016 пешниҳодкардаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карданд. Ин пешниҳоди Сарвари давлат аз тарафи кулли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудӣ истиқбол карда шуда, ба ҷавонони тоҷик неруи тоза бахшид.

Дар ҷавоби ҳамаи ин ҷавонони имрӯзаро лозим аст, ки барои пойдор гардонидани Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар монда нашуда, омӯзанд ва меҳнат кунанд.

Мамадҷонов С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ