Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани амнияти кишвар

Таърих гувоҳ аст. Таърихи худро надониста дўст доштани ватани худ имконнопазир аст. Таърих оинаест, ки баду нек аён гардида, олимону бузургон, арбобони намоёни давлат, ки то имрўз баҳри пойдории давлат хиссаи арзанда мегузоранд, поянда нигоҳ медорад.

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби сиёсии ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Аз рўи маълумоти мавҷуда, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аз 100 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд, 100 ҳазор кас бе ному нишон гум шуданд, беш аз 25 ҳазор зани тоҷик беваю 60 ҳазор тифл ятим монда, садҳо манзили истиқоматӣ вайрону валангор гаштанд.

Теъдоди паноҳандагон дар кишвар ба 850 ҳазор нафар расида буд. Аз ин 600 ҳазор нафарашон дар ҳуди дохили ҷумҳурӣ ҷои зисти хешро тағйир дода, 60 ҳазор нафар ба Афғонистон, 195 ҳазор нафар ба Русия, Украина, Белорусия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар мамлакатҳо муҳоҷир шуда, бори гарони ҷудоӣ аз хоки Ватанро кашиданд. Ба иқтисодиёти мамлакат зарбаи калон расид, ки он ба 10 миллиард доллари амрикоӣ (ба ҳисоби қурби онвақта) рост меомад.

Дар ҳамин давраи фалокатбору ҳассос аз 16–уми ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVIШўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он тақдири миллати тоҷик ҳал гардид. Вакилон якдилона ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд. Дар он лаҳзаҳои хеле вазнин, ки яроқбадастон кишварро фаро гирифта, иқтисодиёт фалаҷу хазина холӣ гардида буд, на хар кас ҷуръат мекард, ки роҳбарии кишварро ба уҳда гирад.

Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон бо азми комилу хиради фарогир дар муддати начандон тулонӣ миллати парешоншударо сарҷамъ карда, ваҳдати миллиро барқарор намуд.

Аз минбари баланди Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки «Ман ба хонадони шумо сулҳ меоварам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!» ва илова намуд, ки «ман барои амну амонии халку Ватани азизам ҳозирам, тайёрам ҷони худро қурбон кунам!»

Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва боварӣ баён намуд ва дар дили сардгардидаи мардум гармӣ бахшиду тухми умед кошт.

Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо тариқи барномаи «Хоки Ватан», ки онро радиои Тоҷикистон махсус барои гурезагони дар хоки Афғонистон қарордошта таъсис дода буд, баромад намуда, ба ҳамватанони муҳоҷиргашта бо чунин суханҳо муроҷиат кард: «Ҳамватанони азиз, ман ба шумо кўҳи тилло ваъда намедиҳам, як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мехўрем. Пушту паноҳи шумо Ватан аст. Шуморо хонаву даратон, фарзандонатон, хешу таборатон интизоранд… Ба Ватан баргардед, ҳамватанони гиромӣ!» Баъди ин суханҳо дар дили ҳар як муҳоҷир ҳисси баланд нисбат ба Сардори давлат ва ҳукумати навтаъсис бедор шуд ва азми ба Ватан баргаштан карданд.

Соли 1994 Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гурезагони ноҳияи Шаҳритуз, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргашта буданд, вохўрд ва ҳамин гуна вохуриҳоро бо дигар гурезагони шаҳру ноҳияҳо доир намуд. Ва онҳоро барои дубора обод намудани манзилҳои истиқоматӣ ва дар барпо намудани сулҳу Ваҳдатимиллӣ дар Тоҷикистон даъват кард.

Дар гуфтушунид байни ҳукумат ва мухолифин масъалаҳои зерин: оид ба оташбас, гурезаҳо, муҳоҷирон ва ғайраҳо баррасӣ шуданд. Дар ин музокирот ҳар ду тараф қавл доданд, ки мекўшем, то раванди гуфтушунид халалдор нашавад. Дар ин се гуфтушунид мақсаду мароми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар чӣ зудтар ба ҷанги бародаркуш хотима гузоштан, санади сулҳро ба имзо расондан ва баргардондани гурезаҳо ба Ватан ба ҳисоб мерафт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароити сахт ва хатарнок барои таъмин ва истиқрори ҳарчи зудтар сулҳу салоҳ дар Ватан ва оромии миллат дар душвортарин шароит ду рўз музокироти хелемуҳим ва сарнавиштсозро муваффақона анҷом доданд. Ба шарофати ба имзо расидани ин созишномаи таърихӣ ба ҷанги хонумонсўзи бародаркуш хотима гузошта шуд.

Шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ ба ин муносибат навишта буд:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсузи мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Ин ҳама пешрафту муваффақиятҳо натиҷаи заҳматҳои шабонарўзӣ, иродаи қавӣ ва хислати ватандўстии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Призиденти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хисоб мераванд. Ин абармарди миллат тавонист миллати парешоншударо сарҷамъ намуда, Тоҷикистонро ба давлати тараққикарда табдил диҳад. Барои ба ин хизматҳои бузургаш ба Эмомали Рахмон 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. Хизматҳои Сарвари кишвари мо на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам қадршиносӣ шудаанд.

Барои саҳми барҷаста дар рушди ҷомеаи умумиҷаҳонӣ Призиденти Тоҷикистон ба гирифтани «Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер» ва унвони фахрии профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон аввалин сиёсатмадорест, ки дар ҷаҳон ин мукофотро соҳиб шудааст. Соли 2005 дар арафаи Рўзи Ваҳдати миллӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори ҷоизаи олии медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халкҳо»-и Федератсияи байалмилалиисулҳгардид. Ӯ аввалин нафаре, ки дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ин ҷоизаро соҳиб шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда бо ордени алмосдори «Звезда мецената»(Ситораи сарпараст), ордени «Каҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд», Нишонаи фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени Шўрои олимони Осиё, медали тиллоии ба номи Никалай Блохини Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, ордени «Ситораи дараҷаи 1» бо занҷири тиллоии Ҷумҳурии Латвия, медали тиллоии «Арҷгузории Ҷалолиддини Балхӣ»-и ЮНЕСКО ва дигар ҷоизаву медалҳо мукофотонида шудааст.

Бо дархосту пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ 8 ноябри соли 2016 бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул гардид ва ба ин мартабаи воло муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор дониста шуд.

Имрўз ҳар яки моро мебояд сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, ҷавононро пеш аз ҳама дар руҳияи Ватандўстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузории сулҳу ваҳдати миллӣ тарбият намоем.

Мансурова З.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ