​Тозанашр: “Дар маърифати Паёми Пешвои миллат”

Таҳти унвони “Дар маърифати Паёми Пешвои миллат” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров роҳнамо интишор гардид.

Роҳнамои мазкур ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, ки дар таърихи 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, бахшида шудааст.

Мураттибони он муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсияи донишгоҳ профессор Сабурӣ Хайрулло Мирзозода, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Узоқова Гулнора ва унвонҷӯ Хайруллозода Кароматулло маҳсуб меёбанд.

Дар роҳнамо нуктаҳои муҳимтарини Паёми Роҳбари олии давлат тариқи суолу ҷавоб шарҳ дода шуда, самтҳои асосии ин дастури созанда мавриди таҳлил қарор гирифтааст.

Ҳамзамон, дар саҳифаи нахустин иқтибосҳои муҳиму муассир аз Паём дарҷ ёфтааст.

Роҳнамои мазкур ба доираи васеи хонандагон, донишҷӯён, муҳаққиқон, олимону омӯзгорон ва тарғиботчиён тавсия шуда, ҷиҳати омӯзиши мазмун ва муҳтавои Паём ҳуҷҷати судманд ва муфид унвон меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ