ДДХ - қадамҳои бузургон

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пас аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дувумин муассисаи калонтарини кишвар ба ҳисоб меравад. Донишгоҳ тайи 90 соли фаъолияташ ба ғайр аз он, ки садҳо ҳазор мутахассисонро ба камол расонида, ҳамчун махзани илму ирфон эътибор ёфтааст, ба як маркази бузурги илму фарҳанг дар шимоли Тоҷикистон нуфуз пайдо кардааст. Давоми ин солҳо ба донишгоҳ ҳазорҳо нафар шахсиятҳои бузурги сиёсӣ, илму фарҳанг ташриф оварда, саҳифаҳои таърихи ин муассисаро рангин намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон – арҷгузори бузургон ва ҳодии илму адаб

Боиси ифтихору сарфарозии ҷомеаи устодону донишҷӯёни донишгоҳ мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз ҳафт маротиба ба донишгоҳ ташриф овардаанд. Ҳар яке аз ин боздидҳо марҳилаи тозаеро дар рушду пешрафти минбаъдаи донишгоҳ фароҳам овардааст.

Нахустин ташрифи Пешвои миллат ба донишгоҳ 17-уми июни соли 1996 иттифоқ афтодааст. Тавре муаррихи шинохта, собиқ ректори донишгоҳ, профессор Саъдулло Абдуллоев дар асараш – “Нақши умр” таъкид кардааст, Сарвари давлат дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо зиёиёни вилоят мулоқоти судманд анҷом доданд. Ин мулоқот махсусан барои ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хотирмон буд, зеро пешниҳоди ба номи аллома Бобоҷон Ғафуров гузоштани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маҳз дар ҳамин вохӯрӣ ба миён омада, аз ҷониби Роҳбари давлат ва зиёиён дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Дар интиҳои вохӯрӣ мувофиқи қарори шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба Президенти кишвар унвони илмии доктори ифтихории донишгоҳ супорида шудааст.

Сафари як сол баъдии Президенти кишвар ба вилояти Суғд, ки дар доираи 675-солагии зодрӯзи Камоли Хуҷандӣ сурат гирифт, ба ҷомеаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд низ бобарор ва хотирмон гардид. Бояд гуфт, ки соли 1991 донишгоҳ аз Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров табдили ном намуда буд. То соли 1997 муассиса Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ном дошт. Ҳарчанд, масъалаи ба номи ягон шахсияти илму фарҳанг гузоштани донишгоҳ борҳо ба миён омада буд, амалӣ кардани ин пешниҳод ба сиёсати замона созгор набуд. Он замон аз муассиса гирифтани номи Сергей Миронович Киров – инқилобчӣ ва сиёсатмадори давлатии шӯравӣ худ таҳаввулоте буд. Ба қавли шоҳидон он солҳо чунин ташаббусҳо ба коммунистон ва ҷонибдорони сиёсати он писанд набуд ва чунин таҳаввулот метавонист боиси танишҳо гардад.

Дар чунин марҳилаи ҳассос Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ хидмати мондагореро ба анҷом расониданд. Арҷгузориву гиромидошти бузургони миллати куҳанбунёди тоҷик аз рӯзҳои аввали сари қудрат омадан дар меҳвари сиёсати Сарвари давлат қарор гирифт. Дар боло аллакай зикр намудем, ки сафари кории Президент ба вилояти Ленинобод (имрӯза Суғд) ба хотири таҷлил аз 675-солагии зодрӯзи шоири шаҳири миллат Камоли Хуҷандӣ иттифоқ афтода буд, ки ин санаи фархунда бевосита бо ташаббуси роҳбари аввали давлат эълон ва таҷлил карда шуд. Дар идомаи ҳамин ҷашни пуршукӯҳ Сарвари давлат бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мулоқот анҷом доданд, ки ин рухдод таҳаввулоте тозае бахшид ба ҳаёти донишгоҳ.

Мувофиқи маълумоти нашрияи “Нури маърифат” як бахши муҳими ин сафари кориро мулоқоту вохӯрӣ бо аҳли зиё, аз ҷумла, ташриф ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ташкил дод. Дар назди раёсати донишгоҳ аз рӯи лавҳаи академик Бобоҷон Ғафуров парда бардошта шуд. Сарвари давлат дар маросими тантанавии ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд додани номи академик Бобоҷон Ғафуров таъкид кардаанд: “...бузургдошти хотираи гузаштагон чунин маъно дорад, ки мо бо ин восита мехоҳем ҷомеаи худро воҳиди якпорта ва солиму покиза созем, онро ба сӯи рӯшноӣ, пешрафту тараққӣ ва арзишҳои волои башарӣ раҳнамун гардонем”.

Сипас, мулоқоти Сарвари давлат бо зиёиён, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар толори театри давлатии мазҳака мусиқавии ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид.

“Ба хушбахтии халқу ватанамон миллати тоҷик дар тӯли таърихи тӯлониаш садҳо чунин фарзандони заковатманду бомаърифатро ба дунё овардааст. Вазифа ва қарзи муқаддасу ватандӯстонаи мову шумо, наслҳои имрӯза ин аст, ки хотираи онҳоро гиромӣ дорем...” – ин нукта зимни баромади Сарвари давлат дар маросим садо дод. Ҳамчунин, аз хидматҳои Бобоҷон Ғафуров ёдовар гардида, асари пурбаҳои алломаи машриқзамин – “Тоҷикон” пайвандгари имрӯзу гузаштаи халқи тоҷик арзёбӣ шуд.

Дар ҳаминҷо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гузоштани номи академик Бобоҷон Ғафуров” ба роҳбарияти донишгоҳ супурда шуд. Дар қарори мазкур омадааст: “Бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи академик Бобоҷон Ғафуров, ки дар инкишофи илм, фарҳангу маорифи ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: Ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд номи академик Бобоҷон Ғафуров дода шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов”.

Боздидҳои баъдии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз донишгоҳ низ, ки дар доираи сафарҳои кориашон ба вилояти Суғд ба амал омадааст, ҳар яке дар ҳаёти донишгоҳ самараи нек ба бор овардаанд.

Садриддин Айнӣ – бунёдгузор ва ҳомии илму маърифат

Хидмати устод Садриддин Айнӣ дар рушди илм, таъриху фарҳанги миллати тоҷик, ташаккулёбии худшиносиву худогоҳии миллӣ беназиру беқиёс аст.

Охири солҳои сивуми асри гузашта дар кишвар бунёду таъсиси муассисаҳои гуногуни илму фарҳанг авҷ гирифт. (Таъсиси Донишкадаи омӯзгории Хуҷанд, ки имрӯз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров унвон дорад, аз зумраи онҳост.) Дар ин замина поягузории чандин муассисаҳои илму фарҳанги кишварро ба номи фарзанди фарзонаи миллат – Садриддин Айнӣ пайванд мекунанд. Устод Айнӣ дар баробари дар саргаҳи чунин иқдомҳои бузург қарор доштан, ба тақдири минбаъдаи онҳо низ бетараф набуданд. Пайваста ба муассисаҳои навтаъсиси илму фарҳанги кишвар ташриф меоварданд ва маслиҳату машварати хешро баҳри беҳбудии кор арз менамуданд.

Боздиди устод Айнӣ аз донишгоҳи мо як саҳифаи дурахшони таърихро мемонад, ки дар поёни солҳои сивум сурат гирифтааст. Дар бораи ташрифи Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони халқи тоҷик ба донишгоҳ маълумотҳо гуногунанд. Дар асоси баъзе маълумотҳо устод Айнӣ охирҳои соли 1939 ва мувофиқи сарчашмаҳои дигар соли 1940 ба донишгоҳ (онвақта донишкада) ташриф овардаанд.

Ҳангоми боздиди осорхонаи донишгоҳ ҳуҷҷате ба даст афтод, ки ба ин мавзӯъ равшанӣ меандозад. Лев Месенжников, ки солҳои 1938-1942 директори Донишкадаи омӯзгории Ленинобод будааст, дар як хотироташ қиссаи ташрифи Садриддин Айнӣ ба донишгоҳро нақл кардааст:

– Соли 1939 буд ё 1940 дақиқ дар хотир надорам, устод Айнӣ ба донишкада ташриф оварданд. Ман бо устод нахуст дар ҳукумат вохӯрдам. Аз ман дар бораи вазъи омодакунии кадрҳои омӯзгории маҳаллӣ пурсон шуданд. Устод хоҳиши вохӯрӣ бо донишҷӯёнро намуданд ва мо аз ҳукумат то донишкада пиёда раҳсипор гаштем. Сари роҳ ба варзишгоҳи Осовиахима, ки онҷо дарси тарбияи ҷисмонии донишҷӯён мегузашт, ворид шудем. Устод ба ҷараёни дарси тарбияи ҷисмонӣ баҳои баланд доданд.

Ба гуфтаи Лев Месенжников сипас, бо устод якҷоя ба бинои факултаи химия меоянд. Садриддин Айнӣ донишҷӯёнро дар лабаратория саргарми машғулияти амалӣ вохӯрда, бо профессор А. Дибров суҳбати хуб анҷом медиҳанд.

Дар асоси маълумоти собиқ директори донишкада он солҳо факултаи коргартайёркунӣ (раб-фак) дар бинои яке аз мадрасаҳои қаблӣ ҷойгир шуда буд. Хобгоҳи донишҷӯён ва утоқҳо барои омӯзгорон низ дар ҳамин бино қарор доштаанд.

Садриддин Айнӣ ба вазъи омӯзиши забони модарӣ дар донишкада ва таъминот бо адабиётҳои таълимӣ диққати асосӣ додаанд. Устод Садриддин Айнӣ бо донишҷӯён сӯҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба омӯзиши илму дониш ҳидоят кардаанд. Аз сӯҳбати Садриддин Айнӣ бо донишҷӯён маълум мегардад, ки устод ба тайёр кардани омӯзгорон аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ, омӯзиши забон ва таърихи куҳанбунёди миллат мароқ ва таваҷҷӯҳи хосса доштаанд.

Бобоҷон Ғафуров – таҳрикбахши олимон ба тадқиқот

“...ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд додани номи Бобоҷон Ғафуров аз як тараф маънои гиромидошти хотираи ӯро дошта бошад, аз ҷониби дигар ба он умедест, ки дастпарварони ин даргоҳи илму маърифат давомдиҳанда ва номбардори сазовори кору зиндагии ин шахсияти барҷастаи миллатамон мешаванд, барои пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони воҳид ва ягонаамон содиқона хизмат мекунанд”, - ин нуктаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд додани номи Бобоҷон Ғафуров изҳор карда буданд.

Воқеан, хидмати Бобоҷон Ғафуров дар пешрафти донишгоҳ, ки яке аз калонтарин муассисаҳои олии мамлакат ба ҳисоб меравад, шоистаи таъкид аст. Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти ин муассиса, махсусан, равандҳои илмиву татқиқотии устодону олимони он таваҷҷӯҳи бевосита доштаанд. Гузашта аз ин, бино ба маълумотҳо устод Ғафуров аз аввалин нафароне маҳсуб меёбанд, ки ҳанӯз солҳои шастуми асри гузашта табдили Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба донишгоҳро тақозо карда буданд.

Яке аз ташрифҳои академик Бобоҷон Ғафуров ба донишгоҳ (онвақта Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров), ки охири солҳои шастум иттифоқ афтода буд, барои пешрафти корҳои илмиву татқиқотӣ такони тозае бахшид. Устод Бобоҷон Ғафуров зимни сӯҳбат омӯзгорони донишгоҳро ба фаъолияти густурдаи илмиву татқиқотӣ ҳидоят карда, маслиҳатҳои муфид доданд. Ҳолдонҳо мегӯянд, он солҳо, ки Бобоҷон Ғафуров ҳамчун директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР фаъолият мебурданд, дар тарбияву дастгирии кадрҳои илмиву педагогии Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод низ нақши бузург доштанд.

Муаррих Усмонҷон Ғаффоров аз яке чунин мулоқотҳо, ки моҳи майи соли 1966 сурат гирифтааст, таъкид мекунад, дар сӯҳбате, ки бо устод баргузор гардид, бисёр масъалаҳои ба ҳаёти илмию таълимии он дахлдор ҳаллу фасл гардиданд.

Бобоҷон Ғафуров аз ҷумла гуфта буданд:

“Бояд шумоён, пеш аз ҳама, бо илми кишвари худ диққат диҳед. Масалан, таърихи Хуҷанди куҳану навин тадқиқотҳои този худро мехоҳад. Ман алҳол мебинам, ки аз ин донишкада Ғафурҷон Ҳайдаров, Абдумаҷид Қодиров, Абдураззоқ Турсунов, Қумрӣ Тоҳирова, Шарифҷон Аҳмадов кайҳо буд, ки рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намуданд. Вақти он расидааст, ки ҷиддӣ ба навиштани рисолаи докторӣ машғул шаванд. Дар ин ҷо мудири кафедраи таърих Ғафурҷон Ҳайдаров аз хусуси нақшаҳои илмии ояндаи худ ҳарф зад, хуб. Аммо дигарон низ аз ҳоло нақшаҳои илмии ояндаи худро омода намуда, аз пайи рисолаи докторӣ шаванд. Ман бо як дилпурӣ мегӯям, ки институти мо тайёр аст ба институти шумоён ёрии худро расонад”.

Ин сӯҳбати таърихӣ бо олими намоёни мамлакат Бобоҷон Ғафуров на танҳо дар байни таърихшиносони донишкада, балки инчунин дар тафаккури ҳамаи иштирокчиёни он таассуроти бой гузошт. Ба шарофати ин сӯҳбати судманд, алоқаи таърихчиёни донишкадаи Ленинобод бо олимони Маскав дар шахси Бобоҷон Ғафуров мустаҳкам гардид.

Маҳз бо дастгирӣ ва маслиҳату машварати падаронаи аллома Бобоҷон Ғафуров олими варзида Абдумаҷид Қодиров моҳи декабри соли 1969 дар Институти шарқшиносии Академияи фанҳои СССР рисолаи доктории хешро сарбаландона ҳимоя кард.

Аз ин вохӯрӣ рӯзномаи донишгоҳии “Маҳорати педагогӣ” (Нури маърифат) гузориши муфассал чоп карда, қайд мекунад: дар баромади худ рафиқ Ғафуров ҷоннок намудани корҳои илмиву тадқиқотиро оид ба таърихи Ленинобод ва дигар шаҳру районҳои республика зарур шумориданд”.

Ҳаминтавр, ҳар боре, ки устод Бобоҷон Ғафуров ба Хуҷанд ташриф меоварданд, ҳатман ба ин даргоҳи муқаддас ташриф оварда, бо роҳбарият, устодону донишҷӯёни он сӯҳбат меоростанд ва баҳри беҳбудии кори таълиму тарбия, пешбурди фаъолияти илмиву тадқиқотӣ маслиҳатҳои муфиди хешро медоданд.

Дар фосилаи 90 соли мавҷудияташ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даҳҳо чунин бузургони илму фарҳанг, шоирону нависандагонро пазироӣ кардааст, ки ҳар яке аз ин мулоқоту сӯҳбатҳо як ҷузъи таърихи ин махзани илму ирфонро ташкил мекунанд. Дар шумораҳои баъдӣ доир ба ташрифи Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва дигар ходимони намоёни сиёсиву адабиву фарҳангии кишвар маълумот хоҳем дод.

Бобоҷон ҚУРБОНОВ, “Нури маърифат”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ