Парчами давлатӣ - рамзи истиқлолияти миллӣ

«Ман аз хурду бузурги Тоҷикистон муҳаббату самимият ва меҳрубонии ниҳоят зиёд дидаам ва ба чунин халқу азизу меҳрубон шабу рӯз, содиқона, бо виҷдони пок, дасту дилу нияти нек ва бо тамомиҳастӣ хизмат мекунам» Эмомалӣ Раҳмон

Дар рӯзҳои 30-солагии ҷашни Иҷлосияи ХУ1 тақдирсози миллат бо муҳаббат ва самимият таҷлил шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявист.Дар санаи 30 октябри соли 2020 – Пешвои миллат, Президенти кишвар дар суханронии ба муносибати савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни Парчами мамлакат эътимоду ихлоси мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти маро ба маротиб меафзояд гуфтанд. Дар арафаи ба ҳаёт тадбиқ намудани чор ҳадафи стратегии худ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоæикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчун эълон намудани соли 2017-Соли æавонон, соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣва солҳои 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», солҳои2021-2026 «Солҳои рушди саноат» æашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии кишвар аҳамиятимахсуси таърихию таълимӣ-тарбиявӣ дорад. Халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён дар қатори мардуми сарсари давлатҳои демократӣ бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол ва фазои орому осуда зери Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳнати фидокорона барои сарсабзию шукуфоии диёр машѓуланд ва аз сиёсати ояндасози давлати ҳукумат ва Сарвари хирадманд худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Эҳёгари соҳибистиқлолияти Тоæикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунанд.

Мо огоҳ ҳастем, дар Иҷлосияи сарнавиштсози ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992) дар он рӯзҳо дар баробари ба ҷаҳониён эълом доштани барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ се муқаддасоти давлатдорӣ, се рамзи ҳастӣ ва соҳибихтиёрии давлату миллат – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ қабул ва тасдиқ карда шуданд. Дар таърихи ҷаҳон парчам аз давраҳои қадим ҳамчун рамзи давлатдорӣ истифода мешуд. Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари мақсаду маром, таҷассумгари давлатдории миллати куҳантаърихи мост. Аз ин лиҳоз чунонки Сарвари давлат, Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат. Асосгузори Истиқлолияти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Парчами имрӯзаи давлати яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва размҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду мааром ва орзуву ормонҳои таъмоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошад. Эълон шудани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи фараҳбахш буда, баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокини Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.

Парчами миллии имрӯзаи давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун рамзҳои дигари давлатӣ рамзи истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, дорои рамзҳои нек буда, симои воқеӣва таърихии онро дар намуди ба худ хос инъикос мекунад. Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъю кӯшиши халқи тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносию меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода мекунад. Он рукни асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Бо дидани парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегардад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба рамзҳои давлатӣ садоқату эҳтиром зоҳир карда мешавад. Беэҳтиромӣ нисбат ба рамзҳои давлатӣ бо қонуни ҷиноӣ сазовори ҷазост. Парчами давлатӣ Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи ранга ба таври уфуқӣ кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабьзи поён баробар мебршад, раҳи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тасдиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст. Парчам рамзи давлатӣ аст. Дар ин парчам ҳар як ранг маънии худро дорад. Ранги сурх – рамзи мубориза, ҷоннисориихалқ баҳриозодӣ ва истиқлол аст. Ранги сафед рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, осоиштагиву сулҳ, имрӯзу ояндаи дурахшони мост. Ранги сабз бошад, нишони сарсабзӣ, нумӯъ ва сарбаландӣ, некию хуррамӣ мебошад.Мазмуни зрангҳои Парчам аз китоби муқаддаси «Авасто» сарчашма меширад. Парчами давлатӣ дар биноҳое афрохта мешавад, ки дар онҳо намояндагони ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекунанд, яъне, дар қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумат, судҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, инчунин, дарозои гузаронидани иҷлосияҳои Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои вакилони халқивилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва маҷлисҳои намояндагони ҷамоатҳо ва ѓайра.

Ба таърихи ҷаҳон назар кунем, сарчашмаҳои таърихӣ ишорат бар он доранд, ки калимаҳои парчам, алам, дирафш ва байрақ дар замони мо аз қадим маълум ва машҳур буда, чун рамзи давлатӣ низ корбурд шудаасту дар гузашта дар баробари давлат лашкаркашону сипоҳиёни номдор низ парчами худро доро буданд. Парчам – таърихи хеле қадим дорад. Дар аксри сарчашмаҳои қадими гуногун мазмун оид ба парчам ва «Диравши ковиёнӣ», маълумот оварда шудааст, Ба андешаи баъзе таърихнигорониаввалин намунаҳои парчам дар хиттаи фарҳангу тамаддуни ориёӣ дониста шудааст ва маълумот ба таври муфассал дарҷ гардидааст, Масалан дар «Авасто», ки сарчашмаи аввалин ва қадима ба ҳисоб меравад, дар бораи парчам ва тарзи истифодаи он иттилои бисёр муфид омадааст ва бо таъсири он баъзе ҷиҳатҳои таърихии ин масъала дар асари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ва дигар осори таърихиву адабӣ акс ёфтаанд. Дар аввали асри ХХ дар таърихи халқи тоҷик таѓйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад ва он дар аввалин Парчами кишвар акси худро ёфтааст.

Дар Осиёи Миёна аввалин Парчами Туркистон АССР соли 1918 қабул шудааст. Ба муносибати таъсиси ҶХШ Бухоро (2.09.1920) 23 сентябри соли 1920 аввалин Парчами ҶХШ Бухоро қабул карда шуд, 23 феврали соли 1929 Парчами ЧМШС Тоҷикистон, 24 феврали соли 1931 Парчами ҶШС Тоҷикистон кабул карда шуд. Моҳи феврали соли 1947 Президиуми Шӯрои Олии СССР(ИҶШС) қарор қабул намуда, ба ҷумҳуриҳои иттиҳод тавсия дод, ки парчамҳои давлатӣ ба парчами ИҶШС шабеҳдоштаи худро қабул кунанд. Парчами ҶШС Тоҷикистон солҳои 1936, 1937, 1940, 1953, 20 марти соли 1953 охирин бор таҳрир шуд ва соли 1978 таѓйирот дароварда шудааст. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Иҷлосияи сарнавиштсози ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он рӯзҳо дар баробари ба ҷаҳониён эълом доштани барқарор шудани ҳокимияти конститутсионӣ муқаддасоти давлатдорӣ, рамзи ҳастӣ ва соҳибихтиёрии давлату миллат – Парчами давлати қабул ва тасдиқ карда шуданд(24.Х1.92).

Парчам ифтихор аз сарбаландии миллат аст ва он дар замони Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ба ҳамоии миллат шинохта шуда, он дар мамолики кишварҳои хориҷӣ ҳангоми ѓолибият дар мусобиқаҳои варзиши афрохта мешавад. Имрӯз бо итминони комил метавон гуфт, ки мардуми тоҷик ва сокинони Тоҷикистони азиз, зери Парчами давлати худ манфиатҳои умумимиллиро ба даст оварда, ба устувории истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи якпорчагииВатан, ягонагии забону фарҳанг муносибатҳои пешрафтаи ҷамьиятӣ, сулҳу суббот кору фаъолият доранд. Таьрихи навинидавлатдориитоҷиконшоҳидионаст, кипарчам ва бузургдошти он барои ҳар як сокини кишвар муқаддасбуда, бо шарофатиҷилои он мардумбештармуттаҳидвабоисиамалҳоинекгашта, ифтихори зиёдероазҳастиипарчам,дарзамирихудмепарастанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи мавҷудияти худ ду маротиба Гимн ва ё Суруди Миллии худро таҳия кардааст. Бори аввал соли 1946 бо номи Гимни Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва маротибаи дуюм-дар замони соҳибистиқлолӣ, соли 1994 дар матни нав дар асоси қарори Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии ҶТ, вале бо оҳанги пешин таҳияву тасдиқ карда шуд. То соли 1945 Тоҷикистон соҳиби Суруди Миллии худ набуд, зеро то ин давра Гимни Иттиҳоди Шӯравӣ барои тамоми ҷумҳуриҳои бародарӣ ягона маҳсуб меёфт. Бо як муҳаббати бузург ва самимияти инсонӣ таҷлил шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама арҷ гузоштан ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамону тамаддунсоз ва таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати соҳибистиқлол, демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ ва ягона аст.Амалишавии мақсадҳои стратегии мо, дар зери Парчами Тоҷикистон корҳои созандагиву ободгардона ва пешрафту тараққиёти кишвар маҳз дар фазои орому осоишта, ваҳдату сарҷамъӣ ва адолату қонуният имконпазир мебошад. Парчами давлати - рамзи истиқлолияти миллӣ мебошад ва тамоми мардуми тамаддунсози кишварро бо Рӯзи Парчами давлати табрик намуда, ба фаъолияти меҳнати муваффақиятҳо насиб гардад!

Эркаев Сафар Абдулхайрович, Иштирокчии Иҷлосияи ХУ1 тақдирсоз

дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ