​Конститутсияи соҳибистиқлолияти Тоҷикистон

“Муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад”. Эмомалӣ Раҳмон

Мо таърихи Конститутсияҳоро омўзем, қабули конститутсия дар таърихи халқҳои ҷаҳон ҳодисаи хеле маъмул ва ибратомўз мебошад. Он ҳанўз соли 1787 дар ИМА қабул шуда буд. Дар Аврупо соли 1791 дар Франсия қабул карда шудааст. Чунин санад дар Русия соли 1918 баъди ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр ба вуҷуд омад. Ба ин маънӣ, аввалин конститутсияи шўравӣ дар даврони шўравӣ Конститутсияи РСФСР мебошад, ки дар асоси он конститутсияҳои дигари ҷумҳуриҳои шўравӣ таҳия шуданд. Дар Осиёи Миёна аввалин бор Конститутсияи РАСС Туркистон 30 апрели соли 1918 дар Съезди У кишварии Туркистон қабул гардид. Дар солҳои ҳокимияти шўравӣ Конститутсияи СССР (1918, 1924, 1936, 1977) қабул карда шуда буд.

Дар кишвари мо 5 маротиба Конститутсия қабул карда шуда (1.28 апрели соли 1929, 2.24 феврали соли 1931, 3. 1 марти соли 1937,4.14 апрели соли 1978, 5. 6 ноябри соли 1994), 3 бор тағйироту иловаҳо воридкарда шуд(1. 26 сентябри соли 1999, 2.22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016).{ар яке онҳо талоботи замон буда, аҳамияти таълимию тарбияв ва илмӣ дорад. Имрўзҳо дар тамоми минтақаҳо, ташкилоту муассисаҳова ҷамъомадҳои гуногун омўзиш, таҳлил ва хулоса бардориҳо аз Қонун ва ҳуҷҷатҳои дар рўзҳои охир қабул карда шуда бо маром ва бо як шавқи хавас давом дорад.Ба мо маълум аст, ки мақомоти Олии қонунгузори дар асоси муқаррароти конститутсионӣ ҳамчун мақоми қонунгузор ва намояндагӣ баҳри такмили қонунгузорӣ ва мутобиқ намудани мазмуну мундариҷаи лоиҳаи қонунҳо ба манфиати миллату давлат корҳои зиёдиро ба ҷо оварда истодааст.

Агар ҳамчун корманди масъули мақомати мактаби олӣ таҳлил кунем қонунҳоизиёде қабул шудаанд, ки ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ мусоидат ва барои рушди бонизоми иқдисодӣ, асосҳои молиявии давлат хизмат менамоянд.Дар ин раванд тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пеш аз ҳама барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷик мусоидат мекунад. Асосгузори сулҳ, ваҳдати миллӣ – Эҳёгари тоҷикистони соҳибистиқлол, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ҳангомисуханронӣ дар ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагон даъвати амалкунанда таъкид доштанд, кидар шароити вазъи тағйирёбандаи ҷаҳонӣ таъмини сулҳу суботи сиёсӣ ва ободииояндаи Ватан, пешрафти бомароми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, эҳтироми меъёрҳо ва муқарраротиқонунгузорӣ, ҳимояи манфиатҳои олии миллию давлатӣ аз фаъолияти бомароми мақоми олии қонунгузори кишвар вобастагии амиқ дорад. Аз ин рў, ҳангоми қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манфиатҳои миллӣ, фарҳангӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа дар мадди аввал гузошта мешавад. Аз он ҷумла, 20 январи соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки “муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад”. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия воридшуда ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсади олӣ хизмат менамоянд.

Конститутсия вобаста ба нафъ ва талаботи ҷомеа рушд мекунад. Тағйир ёфтан, такмил додани ҳар як Конститутсия нишонаи фаъол будани қонуни асосии давлат ва рушди қонунгузорӣ аст. Мо дар барои 3-умин тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аз 40 қисм иборат буда, 72 бандро дар бар мегирад маълумот медихем. Он ба моддаҳои 1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 18, 20, 27, 28, 32, 34, 37, 38, 40, 45, 49, 51,56,61,64,65,69,71,73,74,76,78,79,84,85,86,89,91,93 ва номи боби 6 ё (36 модда, 1 боб) дохил карда шудааст.Мо имрўз онро ҳаматарафа меомўзем ва ба мардум фаҳмонда медихем. Мақсади асосии тағйиру иловаҳо ҳифзи соҳибихтиёрии давлат дар замони ҳозира мебошад. Он ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқи озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд. Мо олимон медоним, ки Конститутсияи мо аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон эътироф гардидааст, Конститутсияи мо соли 1994 қабул шуда, дар давоми 22 сол барои пешрафти ҷомеа хизмат намуд.

Солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиротҳои воридгардида ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳилаи навбатии инкишофи худ ворид гардида буд. Инрўз зарур аст, ки ин меъёрҳои Конститутсия бо назардошти тараққиёти минбаъдаи ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки мо ба марҳилаи навбатан рушди демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем.Тағйиру иловаҳо – шакли идоракуни Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.

Шохаҳои мақомоти давлатӣ мустақилона амал карда, ҳуқуқи баробар дорад, бо пешниҳоди “Шўрои адлия” хориҷ карда мешавад, масъалаҳои вобаста ба пешниҳоду таъини судяҳо, таъмини воситаи моддӣ – техникӣ маҳз ба мақомоти судӣ вогузор мешаванд, аз номи Конститутсия калимаи “Сарқонун” хориҷ шуд, зеро он пурра маъни конститутсияроифода карда намедавонад, калимаҳои “марзиву маъмуриро” ба калимаҳои “маъмурию худудиро” иваз карда шуд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст, калимаҳои “маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллиро” ба калимаҳои “мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро”иваз карда шуд, ибораи “сохти конститутсионӣ” ба ибораи “асосҳои сохтори конститутсионӣ” иваз карда шуда, баъди он ибораҳои “амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳати аҳолӣ” илова гардид, “Шаҳрванд ҳуқуқ дорад, дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад” таҳрири навпешниҳод шудааст, таҳрири нав “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд” пешниҳод шудааст, вакилониМаҷлиси намояндагон, узви Маҷлиси миллӣ, судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, валоят ва шаҳри Душанбе, Суди конститутсионӣ интиҳобё таъин мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, дорои таҳсилоти олӣ, синни ў аз 30 кам набошад, онҳо ва аъзои ҳукумат савганд ёд мекунанд ва ғайраҳо пешниҳод шуда буд, қабул шуд. Бо як муҳимтаринилова “Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ў аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад”, меъёре, ки мувофиқи он як шахс ба вазифаи Президенти бештар аз ду мўҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад, нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, валоят ва шаҳри Душанбе дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда,синни ў аз 30 кам набошад ва ҳадди ақал 5 сол, Суди конститутсионӣ 7 солсобиқаи кории судягӣ дошта бошад ва дигартағйиру иловаҳоро овардан мумкин аст.

Хулоса аз ин иборат, ки пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар шароити ҷаҳонимуосирин иқдоми амри зарурист, зеро он моҳияти миллӣ дорад. Дар ин раванд давлатҳои мутараққии дунё бо ақидаи миллии худ ба пешравиҳоиинқилоби ноил гардиданд ва мо ҳам чунин ақидаи миллиро дорем, Он дар моддаи якумиКонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл ифода шудааст “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва ягона мебошад”. Тағйири иловаҳо ба Конститутсия воридшуда аҳамияти таърихӣ ва илмӣ дорад, аммомазмуни асосии Конститутсияро (моддаи якум) тағйир надодааст. Ин аз ҷиҳатиҳуқуқӣ рушди қонунгузорӣ аст ва аҳамияти таърихö дорад.

Эркаева Мухтасар - омўзгори фанни таърих ва ҳуқуқӣ гимназияи №1 ш.Хуҷанд,

Эркаев Сафар Абдулхайрович–д, иштирокчии Иҷлосияи ХУ1 тақдирсоз, отсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров,

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ