90 сол дар масири пешрафт ва дастовард

Аз таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 90 сол пур шуд. Ин марҳиларо метавон барои донишгоҳ як давраи комили таърихӣ унвон намуд, зеро давоми 90 соли мавҷудият донишгоҳ тавонист ба сӯйи пешрафт устуворона қадам гузошта, аз як донишкадаи хурди омӯзгорӣ ба як маркази пуриқтидори илмиву касбӣ ва муассисаи олии бонуфузи ҷумҳурӣ табдил ёбад.

Агар ба таърихи таъсиси донишгоҳ назар афканем, маълум мешавад, ки донишгоҳ фаъолияти худро бо захираи камтарин ва бо теъдоди хурди ҳайати кадрӣ оғоз бахшид.

Соли 1932 вақте Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чун Донишкадаи олии омӯзгории Хуҷанд (Институти олии педагогии шаҳри Ленинобод) таъсис ёфт, ҳамагӣ 9 нафар омӯзгор фаъолият доштанд. Гузашта аз ин, ягон нафар аз ин теъдод соҳиби унвони илмӣ набуданд.

Имрӯз ҳайати кадрии донишгоҳро наздик 900 нафар ташкил медиҳанд, ки 52,1% аз теъдоди умумӣ устодони соҳибунвон мебошанд.

Воқеан донишгоҳ новобаста аз он ки бо имконоти маҳдуд таъсис ёфт, ҳамоно дар натиҷаи тадбирҳои судманд ва заҳмату меҳнати ҷомеаи меҳнатӣ марҳила ба марҳила рушд ёфта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди нодири халқи тоҷик дар баробари фароҳам овардани заминаҳо баҳри рушди соҳаҳои гуногун, ба пешрафти илму маориф шароити мусоид таъмин намуд. Пеш аз ҳама, рушду дастовардҳои ин соҳа аз таваҷҷуҳи хос ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бунёди миллатро аз маориф унвон мекунанд, сарчашма мегирад.

Имрӯз аз самараи истиқлол Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чи аз лиҳози иқтидори илмӣ ва чи аз нигоҳи нерӯи кадрӣ ба пешрафти назаррас ноил гардидааст.

Танҳо аз рӯйи шумораи ихтисосҳо дарк кардан мумкин аст, ки дар донишгоҳ баҳри пешрафт тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегардад. Агар соли аввали таъсисёбӣ дар донишгоҳ ҳамагӣ 4 ихтисос - кимиёву биология ва физикаю риёзӣ мавҷуд буд, имрӯз номгӯи ихтисосҳо марзи 100 ададро убур дорад.

Имрӯз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар миқёси ҷумҳурӣ аз нуфузу эътибори хос бархурдор аст, ки аз меҳнату заҳмати ҷомеаи меҳнатии он шаҳодат медиҳад.

Ин ки донишгоҳ давоми чанд соли охир пайваста ба сегонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, ки аз рӯйи рейтинги Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, шомил мешавад, мақому эътибори донишгоҳро бозгӯ мекунад.

Маҳз дастовардҳои арзанда, имконоти мусоид ва шароити муосири раванди таълим аст, ки сол то сол таваҷҷуҳи довталабон низ ба донишгоҳ рӯ ба афзоиш дорад.

90 сол аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рисолати худро дар самти тайёр намудани кадрҳои лаёқатманду ҳирфаӣ дар сатҳи шоиста анҷом дода меояд.

Имрӯз хатмкардагони ин боргоҳи илму маърифат дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ифои вазифа дошта, обрӯи донишгоҳро ҳифз мекунанд, ки сутуданист.

Парвардагони донишгоҳ имрӯз омӯзгорони соҳибном, хизматчиёни фаъоли давлатӣ, роҳбарони ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ, соҳибкорони ватандӯсту худшинос, дар маҷмуъ намояндагони ташаббускору муваффақи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳастанд.

Шоистаи таъкид аст, ки шароити таълим дар донишгоҳ рӯз то рӯз беҳтар гардида, дар ин самт иқдоми судманд роҳандозӣ мешавад. Имрӯз дар ҳамаи аудиторияҳои таълимӣ воситаҳои муосири техникӣ, аз ҷумла таҷҳизоти мултимедӣ, тахтаи электронӣ, проектор, экран барои проектор, принтер, компютер бо пайвастшавии хатти шабакаи ягонаи интернет мавҷуд мебошад, ки устодону донишҷӯён аз он васеъ истифода менамоянд.

Дар маҷмуъ, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони ҳирфаӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат тамоми шароит ва имконият фароҳам аст.

Ҷойи ифтихор аст, ки аксар муҳассилини донишгоҳ пас аз хатм мехоҳанд фаъолияти худро маҳз дар донишгоҳ оғоз намуда, барои ояндаи боз ҳам дурахшони ин боргоҳи маърифат хидмати шоиста анҷом диҳанд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои мо натанҳо ҷойи корӣ, балки муҳити созандаву созгореро эҳдо бахшидааст, ки аз самараи он имрӯз баҳри расидан ба пирӯзиҳои тозаи илмӣ талош меварзем.

Инҷониб аз зумраи дастпарварони ҳамин боргоҳи илму маърифат ҳастам, ки баъд аз хатми донишгоҳ низ бо ин фазои мусоиду намунавии илмӣ пайвандам. Муҳите, ки тавонист барои мо натанҳо манбаи донишу маълумот ва макони кориву фаъолияти илмиро фароҳам оварад, гузашта аз ин, дар ташаккули шахсият, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба меҳан ва саҳмгузорӣ дар роҳи рушди илму маориф ҳидоят намояд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо фазои солиму муҳити намунавӣ имкон фароҳам овард, ки ҷавононе чун мо дар роҳи илм қадамҳои собит гузорем ва тавонем дар таъмини рушди босуръат ва бештари ин маркази пуриқтидори илмиву касбӣ саҳим бошем.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки донишгоҳ барои ҷавонон мактаби бузурги омӯзиш аст. Мактаби илму маърифат, парвозгоҳе, ки барои рушд тамоми имконият ва захираҳоро дорост.

Дар маҷмуъ, мо, ҷавонон дар партави сиёсати созандаву маорифпарваронаи Пешвои муазами миллат ҳамеша кӯшиш анҷом медиҳем, ки тамоми дониш ва иқтидори зеҳнии худро баҳри пешрафт ва расидан ба дастовардҳои арзишманд равона намоем.

90 – умин солгарди таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки махзани илму маърифат аст, барои тамоми устодон, кормандон ва донишҷӯён муборак бод!

Бигзор, мақому нуфузи донишгоҳи азиз баландтар ва фаъолияти он баҳри тарбияи ҷавонони ояндасози миллат самараноктар бод!


Мирзосодиқ Сангинов,

омӯзгори факултети геоэкология ва туризм

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ