Ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ талаботи замон

Дар замони муосир талабот ба нерӯи ақлӣ ва сармояи инсонӣ аҳамияти беш аз пеш пайдо карда, ба нишондиҳандаҳои пешрафт ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар, умуман дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири бузург мерасонад.

Чи тавре ки Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии хеш бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маориф таъкид намуданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад». Ҳамчунин дар ин суханронӣ қайд гардид, ки «Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем».

Ҳамчунин дар ин замина аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод гардид, ки муассисаҳои соҳаи маориф ва илм ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намоянд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмоназ 31 январи соли 2020 таҳти №1445 солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳадафи татбиқи сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Сарвари давлат вобаста ба омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ корҳои муайяну созандаеро амалӣ гардонида, баҳри омода намуданимутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосир чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимон “Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар донишгоҳ” қабул гардид, ки ҷиҳати рушд ва пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ, фароҳам овардани шароит барои зиёд намудани дониши нерӯи ақлонии инсонӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ мусоидат менамояд. Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, ва риёзӣ сиёсати ягонаи донишгоҳро дарсамти баланд бардоштани сатҳу сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣмуайяну таъмин намуда, маҷмӯи талаботро дарзинаи мувофиқи таҳсилотмуқаррар менамояд.

Таваҷҷуҳ ба такмили раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ вариёзӣва дараҷаи азхудкунии дониш амри муҳим ба шумор меравад.

Бо мақсади такмили сифати дарсҳо, хоса дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷиҳати боз ҳам бештар ҷиҳозонидани лабораторияҳои фанҳоидақиқ дар донишгоҳ 41 кабинети методӣ, 73 кабинети фаннӣ, 4 синфхонаи лингофонӣ, 32 лабораторияи таълимӣ ва илмӣ, 1 студияи телевизион, 1 радиостудия, 3 осорхона, 4устохона ва 41 синфхонаи компютерӣ, зиёда аз 600 камераҳои назоратӣмавриди истифода қарор доранд. Сол то сол вусъат бахшидан ба фаъолиятилабораторияҳоро раёсати донишгоҳ дар мадди назар медорад, ки таъсисилабораторияи методикаи таълими физика (механика ва физикаи молекулавӣ) ва Арт галереяи “Монӣ” далели ин гуфтаҳост.

Рӯй овардан ба илмомӯзӣ ва бахусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами устуворест барои рушди босуботи иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон. Яке аз муҳимтарин аломатҳои илм мушоҳидаи ҳодисаҳо, равандҳо ё рӯйдодҳое мебошанд, ки дар олам рух медиҳанд. Дар раванди мушоҳида муҳаққиқ тавассути ҳиссиёт дар қолаби тасаввуроти пешакӣ ба идроки объектҳои моддӣ ва ҳодисаҳо мепардозад. Оламшиносӣ ҷузъи муҳимми фарҳанги инсонӣ буда, дар ташаккули он нақши бузург ва хосро муносибати инсон бо табиат мебозад. Равшан аст, ки ҳар як инсони фарҳангӣ бояд ақаллан ба таври умумӣ чӣ тавр сохта шудани оламеро, ки ӯ дар он зиндагӣ мекунад ва чӣ тавр дар он «амалӣ гаштан»-и қонунҳои табиатро тасаввур карда тавонад. Муҳаббат ба табиат ва эҳтиром ба раванду ҳодисаҳои дар он рӯйдиҳанда тақозо мекунад, ки инсон бидонад: чунин рӯйдодҳо дар кадом замон ва бо таъсири кадом қонунҳо ба вуҷуд меоянд. Донистани қонунҳои табиат ба фаҳмидани моҳияти фаъолияти инсон ва оқибатҳои ҳар амали дар олам анҷомдода, воситаи самарабахши омӯзиш мебошад.

Консепсияи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ фанҳоеро дар бар мегирад, ки дар заминаи илмҳои табиатшиносӣ,дақиқ ва риёзӣва истифодаи усулҳои табиӣ-риёзӣ, илмҳое, ки мавзўи таҳқиқи онҳо дарку маърифати табиат ва қонуниятҳои ҳодисаҳои табиӣбунёд шудаанд.

Вобаста ба бандҳои дар боло зикргардида нақшаи пешбурди чорабиниҳооид ба амалӣ намудани Консепсияи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”барои солҳои 2023-2028 аз рӯи якчанд самтҳо таҳия гардиданд.

Ҳайати омўзгорону профессорон, донишҷўён, раёсати таълим, раёсати илм ва инноватсия, шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот шуъбаи робитаҳои байналхалқӣ, шуъбаи тарбия, шуъбаи молия ва иқтисодӣ, маркази иттилоот ва таҳлилро лозим аст, ки дар татбиқи ҳадафҳои Консепсия ва ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ намудани сатҳу сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои зикршуда кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Нодирахон Дадобоева – дотсент, мудири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ