​Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Сарвари нави давлат

Дар таърихи таҳаввулоти Осиёи Марказӣ қарорҳои Иҷлосияи ХУ1 ШўроиОлии ҶумҳурииТоҷикистон таъсиргузор аст. Ин модели мутамарказкунии ҳокимият, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, аз даргириҳо ба рушди устувор гузаштан барои кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ (СССР)сабақ гардид.Ба ин хотир ҳам, агар Иҷлосияи ХУ1 – ро тақдирсоз гўем, пас меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, давлати навини тоҷиконЭмомалӣ Раҳмон аст. Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик ҳақиқатан ҳам бароихалқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён тақдирсоз буда, аҳамияти таърихи-умумҷаҳони дорад, чунки дар ин иҷлосияитаърихиҷанги хонумонсўзи шаҳрванди боз дошта, ҳукумати қонуни барқарор карда шуд, ба пойдевори сурҳу салоҳ асос гузашта, барқарор кардан ва инкишофи хоҷагиихалқ сар шуд. Истиқлолияти сиёсии давлатихалқи тоҷик 9 сентябри соли 1991расман эълон шуда бошад ҳам, амали гардидани он аз иҷлосияи тақдирсози миллат- иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олӣ Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Дар иҷлосия интихоби роҳбари давлат, баъд аз тасдиқ гардидани рўзномаи он, яке масъалаҳои муҳим хисобида мешавад. Чунки рафти кори иҷлосия, муҳикима ва қабули қарор ва хулосаҳои судбахш аз бисёр ҷиҳат ба сарвари нави давлат вобастагии калон дошт. Ман ҳамчун тарҷумони иҷлосияи таърихӣ дар муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои асоси бо қадри имкон ширкат варзида ками бошад ҳам хабардор будаам. Дар асоси маслиҳати комиссияи муросаи миллӣ тамоми аъзоёни Президиуми Шўрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукумат, сарварони вазорату кумитаҳо ва ғайраҳо истеъфо рафтанашон лозим буд, ҳамин хел ҳам шуд. Аммо бо супориши баъзе қувваҳоРаисиШўрои Олӣ Акбаршо Искандаров ба истеъфо нарафтанд ва дар асоси қонуни ба роҳи овоздеҳии расми он кас аз вазифа озод карда шуд. Баъд аз он дар асоси пешниҳоди вакилони мардуми минтақави(вилоятҳои Ленинободу,Кулоб, Қўрғонтеппа, Ғарм ва вилояти худмухтори БадахшониКўҳӣ(ВМБК) номзодҳо ба вазифари Раиси Шўрои Олӣи ҶумҳурииТоҷикистн, дар он вақти мураккабу бесару сомони дар асоси Конститутсияи амалкунандаиҷумҳурисарвари давлат ҳисобида мешудан номзодҳо пешниҳод карда шуд, Дар рўзи аввалиИҷлосияи тақдирсоз вазият мураккаб гардида буд.

Замоне, кифарзанди номварва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмонбори аввал роҳбари давлат интихоб шуд. Ватани нав ба истиқлолрасидаи Тоҷикистон рўзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низаъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард.

Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонд.

Бо иродаи Сарвари давлат дар як муддати кўтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гўшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дурру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта муданд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзи пайдо кардааст.Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳамчунин ҳусни таваҷҷўҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки ҳар гоҳ нисбатба Сарваридонову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ваифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад.

Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, кия гон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифониқудратталабашро сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳиҷангиюлавозимоти ҳарбӣва сарбозони ҷангозмудаашдар саридастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомотинизомӣ нашинондааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.

То имрўз истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 140 кишвари ҷаҳон ба расмият шанохтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷиихудро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро сарфи назараз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ муроот менамояд.

Ҳамзамон дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтанд.Ў борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳидбаромад карда, дар баробарипроблемаҳоиТоҷикистон таваҷҷўҳиҷомеаиҷаҳониро ба қазияиАфғонистон, масъалаҳоимубориза бо терроризму экстремизм, қочоқимаводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаитаъминоти оби тоза ва ғайраҳоҷалбмекунад. Аз ҷумла, ҷомеаи ҷаҳонӣоқибатба ҳаллиқазияи Афғонистон, киҳамзамон ба пойгоҳитерроризму экстремизм табдилёфтааст, рў овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаиинсониятниз муносибатидурбинонаваҷиддӣдорад. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 – юмро Солибайналмилалии оби тоза, солҳои2005 – 2015 – умро Даҳсолаи «Об -барои ҳаёт», «2013 –соли дипломатияи обӣ», «Солҳои 2018-2028- Об барои руди устувор»эълон кард. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчўби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар якшаҳрванди Тоҷикистон аз иниқдомиСарваридавлат аст.

Дар тўли си соли истиқлолияти кишвари мо таҳти сарвари ЭмомалӣРаҳмон дар роҳибунёди ҷомеаимустақилидемократӣқадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди Милли нав гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ – артиши миллӣ,қувваҳоисарҳадиро ба вуҷудовард ва устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвиятисозмонҳоибонуфузи байналхалқӣпазируфта шуд ва бо аксаримамлакатҳои пешрафтаидунёробитаҳои сиёсӣ,иқтисодӣ ва фарҳангӣбарқарор намуд. Асосҳоисохториконститутсионӣ ва идоракунии давлат танзимгардида, пули миллӣ ба муомилот баромад, шиносномаимиллӣ эътироф гардид. Омўзиш ва таҳлили таърихнигории таърихи ИҷлосияХУ1 ШўроиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дорад[5, c.40].

Ҳамин тавр, хизматитаърихииЭмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳзў ихтиёри давлатдориро бадаст оварда, пешироҳихатаринобудии онро гирифт,оташи ҷангидохилиро хомўшнамуд, сохторифалаҷгардидаиҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзиҳуқуқро барқарор сохт, артиши миллӣ ва нерўҳоипосбони сарҳадро таъсис дод,барои таҳкимиҳокимият ва давлат шароит муҳайёнамуд, заминаи сулҳимиллироматраҳ кард,гурезаҳо ва муҳоҷиронииҷбориро ба Ватанбаргардонид, заминаиустувориэъмориҷомеаинавиниТоҷикистонрогузошт, ислоҳотиконститутсиониродар мамлакат амалӣгардонид, Конститутсионӣ (Сарқонуни) нави Тоҷикистонро эҷодкард, барои 27июни соли 1997ба имзорасидани Созишномаиумумии истиқрорисулҳ ва ризоияти ҷомеа заминаҳоиҳуқуқивусиёсиро фароҳам сохт, сулҳи тоҷиконроба дастовард, кибарои ҷаҳониёнтаҷрибаибеназираст,заминаҳои эҳёимиллирофароҳамсохт, ба корҳои азимисозандагӣ ифтитоҳбахшид, аҳволииҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатаригуруснагиро аз байн бурд, эътибори сиёсиидавлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуд.

Эмомалӣ Раҳмонба ивазисаҳми хеле арзишманди худ дар таъмини сулҳиТоҷикистон ва таҳкимиамнияти минтақа ва дигар хидматҳои шарофатмандонааш дар вусъати муносибатҳоидўстона ва ҳамкории байни мардумон бо унвону нишонҳоиолии давлатҳова созмонҳоигуногуни ҷаҳон сарфароз гардидааст.

Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохиликишвар ва ҳам берун аз он эътирофгардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣў ба гирифтаниСитораи тиллоииАлбертШвейтсер ва унвони фахрии профессори Академияиумумиҷаҳонии тиб дар соҳаиилмҳоигуманитарӣ сазовордониста шудааст. Ўдарҷаҳонаввалин сиёсатмадорест, кичунинмукофоти олиро соҳибгардидааст.

Дар арафаиҷашни Ваҳдат (2005) боз як ҷоизаи олӣ – медалитиллоии «Бароитаҳкимисулҳва ризоияти байни халқҳо» - иФедератсияи байналмилалии сулхва ризоият насибиПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон гардид. ЭмомалӣРаҳмондар байни сарони кишварҳоиИттиҳодиДавлатҳоиМустақилаввалин кассе мебошад, киба гирифтаниин ҷоиза мушарраф гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон дар солҳои гуногун ҳамчунинбо ордени алмосдори «Звезда мецената» (Ситораи сарпараст)- Ҷоизаи олии ҷамъиятии бунёди байналмилалии хайрияи«Меценаты столетия» (Сарпарастони аср),ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳи Масъуд», ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рўзноманигорониҶумҳурии туркия, ситораиёқутии«Миротворец» (Сулҳовар), Медали тиллоии Маҷлисихалқи(Парлумони) Ҷумҳурии Мисри Араб, Нишони фахрииИттиҳодиДавлатҳоиМустақил, ордени ШўроиОлимпии Осиё ва дигар мукофотуҷоизаҳосарфарозгардонда шудааст.

Дар марҳилаи навибунёдидавлатиҷавониТоҷикистонтақдири баланди миллатикуҳандиёри тоҷикдар симоишахсиятибеназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳмушафқат ва қобилияти нотакрориваҳдатофариро ато кард ва маҳзҳаминҳамоҳангӣ ҷомеароба сатҳибаландихештаншиносӣ расонид.

Маҳз бо заҳматуталошҳоипайгиронаиЭмомалӣ РаҳмонТоҷикистон дар интиҳоиасри ХХаз фоҷиаимиллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худротаҳким бахшид ва миллати тоҷикбаъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣба дастовардҳоибузургитаърихӣноил гардид ва имрўзба сўиояндаинек устуворонақадам мегузорад. Ҳамчун тарҷумони ИҷлосияиХУ1 ШўроиОлии ҶумҳурииТоҷикистон (С.Э) қайд кардани ҳастам, ки “... маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шахсиятиташкилотчию ташаббускор, ҷоннисор, данишманд, нотарс, ҷасур, маърифатпарвар, сарсупурдаи халқу Ватанва дороиифтихори бузурги миллӣ аст, кимардуми кишварро сарҷамъ карда, ба Ватан сулҳу субот оварда, муҳоҷирони зиёдеро, кибар асари нооромиҳои кишвар ҳам дар хориҷ ва ҳам дардохил ҷойҳои зиндагии худро тарк карда буданд, боз ба маконҳои худ баргардониданд.

Барои ҳамин ҳам хизматҳои Пешвои муаззами миллат, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмондар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин (тиллои) навишта шудааст. Дар таърих кам касоне пайдо мешаванд, кихалқи худро дар ҳолатҳои буҳронӣ наҷот дода тавониста бошанд. Барои ҳамин ҳам барору омади кори ҳалқи Тоҷикистон аст, кидар Иҷлосияи ХУ1 ШўроиОлииҶумҳурииТоҷикистон вакилони мардуми, ба онҳораҳматикалон мегўем, ки ҳамин фарзанди халқи тоҷикро аз байнашонҳамчун Раиси Шўрои Олии ва Сарвари давлат интихоб карданд.Дар натиҷаи ба ҳаёт тадбиқ намудани қарорҳои таърихии Иҷлосияи тақдирсози миллат ХУ1 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба ҳайси сиёсатмадори сатҳи умуммиллӣ ва байналмилалӣ шинохта шуда, ба ҳурмату эҳтироми ҳамогон сазовор гаштанд”

\Раҳимов Абдулфаттоҳ Иброҳимович, профессор, ноиректори бахши таълими МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров»

Эркаев Сафар Абдулхайрович, дотсенти МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Fафуров» иштирокчии Иҷлосияи ХУ1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ