​“Чеҳраҳои мондагор”- беҳтарин намунаи осори таърихӣ

Дар суханронии худ собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев эътироф кард, ки «Баъд аз он ки ман ба истеъфо рафтам, дар бораи имрўзу фардои Ватан ва халқи ҷафокашидаи хеш бисёр андеша мекардам. Вале, вақте ки дар симои Эмомалӣ Раҳмон як инсони наҷиб ва сиёсатмадори хирадмандро кашф намудам, бовариам ба фардои неки Тоҷикистон комил шуд, зеро халқи Тоҷикистон тақдири худро ба дастони эътимодбахш супурдааст».

Оре, ҳақ ҷониби Р.Набиев буд, ки Пешвои муаззами миллати мо бо ҳисси баланди ватандўстӣ ва хештаншиносиву худогоҳии милли баҳри беҳтар намудани ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат саҳми босазо гузошта истодааст. Пешвои муаззами миллати мо на ин, ки зиндагӣ, балки ба ғанӣ гардонидани маънавиёти мардум низ бо осори худ таъсири тарбиявии худ ҳиссагузор аст. Эмомалӣ Раҳмонро дар зинаи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва бунёди давлати миллӣ ва муаррифии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣбидуни шак ҳамчун бунёдгузор ва поягузори давлати миллии тоҷикон бояд шинохт.

Асари «Чеҳраҳои мондагор» дар асоси осори илмӣ, таърихию фарҳангӣ ва маърузаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, арзишҳои илмӣ, маънавӣ ва тарбиявӣ дорад. Аҳамияти беназири ин китоб аз он иборат аст, ки осор бо забони софи тоҷики таълиф гардида барои аҳли илму адаб, дўстдорони таъриху фарҳанг ва адабиёти гузаштаганомон паҷўҳиши арзишманд ба ҳисоб рафта барои тарбияи ҷавонон дар рўҳи худшиносии миллӣ, ифтихор аз Ватан ва ватандорӣ, шинохти бузургон воситаи муҳими тарбия ба шумор меравад.

Аз мутолиаи китоби ҳар фарде доир ба рўзгору осори шахсиятҳои шинохтаи таърихию фарҳангии тоҷик маълумотҳои пурқимматро дастрас карда метавонад. Ифтихор аз таърих, фарҳанг, забон ва анъанаҳои неки ҷовидонаи миллат як рукни басо муҳими истиқлолияти давлатӣ мебошад.

Дар асари «Чеҳраҳои мондагор» аз ҷумла дар бораи бунёдгузори давлатдории мутамаддин Куруши Кабир ва корномаҳои ў ҳикоятҳо оварда шудааст, кибоиси ифтихори ҳар як фарди тоҷик ба шумор меравад.

Ба ғайр аз маълумотҳо дар хусуси ҳаёту зиндагии шахсони таърихӣ ба монанди «Парчамбардори ҷодаи озодиву истиқлол» Спитамен, «Паёмбари ойини ростин» Зардушт, «Абармарди хирад ва сиёсат» Исмоили Сомонӣ, «Асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро» Имоми Аъзам ва ба ҳаёту фаъолияти намояндагони адабиёти классикии муосир Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Айнӣ, С.Улуғзода ва шахсиятҳои сиёсӣ Бобоҷон Ғафуров, Нусратилло Махсум, Шириншоҳ, Шотемур, маълумотҳо гирд оварда шудааст.

Муаллиф дар бораи ҳаёт ва фаъолият, ҳамчунин фидокориву ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаву далери миллати хеш тадқиқоти ҷолиб бурда, дар ниҳоди хонанда, хосса ҷавонони Ватан, эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандориро такмил медиҳад. Китоб армуғони маънавии Пешвои миллат бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, як бори дигар собит месозад, ки эътиқоду эътимоди Сарвари кишвар ба таърих, адабиёт ва фарҳанг - такягоҳи устувори миллат, беандоза аст. Ӯ воқеаҳои таърихиро барои имрӯзиён дарси ибрат ва ҳаёт медонад.

“Чеҳраҳои мондагор” беҳтарин намунаи осори таърихӣ, чи аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва чи аз назари сабку услуб ва шеваи таҳқиқ аст, ки дар зоти худ беҳамтост.

Дар китоб 25 нафар чеҳраи мондагори тамаддуни олам, ки решапайванди миллати бузурги тоҷик мебошанд, барои имрӯзиён муаррифӣ гардидаанд. Аксарияти ин чеҳраҳои таърихӣ шахсиятҳои барҷастае мебошанд, ки дар тағйири куллӣ бахшидани таърихи аҳли башар, ё миллати сарбаланди тоҷик таъсири бузург расонидаанд. Махсусан, хидмати ин чеҳраҳои мондагор дар муаррифӣ намудани фарҳангу тамаддуни миллат дар арсаи ҷаҳонӣ назир надорад. Пешвои миллат ҳини тадқиқот паҳлӯҳои ибратбахши ҳаёт ва фаъолияти афроди таърихиро ба қалам додааст. Чунончи аввалин чеҳраи мондагори таърихӣ дар китоби Пешвои миллат Куруши Кабир аст, ки дар тамаддуни ориёӣ ҳамчун асосгузори нахустин империя дар таърихи башар номбар мешавад. Дар заминаи сарчашмаҳои муътамади таърихиву археологӣ, маълумотномаҳои катибаҳо муаллифи китоб собит месозад, ки Куруши Кабир маҳз тавассути сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, сабку усул ва тартиби ҷадиди идоракунии давлат, адолатҷӯӣ, ободкорӣ ва муҳимтар аз ҳама, бо эҷоди эъломияи таърихии худ, ки нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, маъруфият дорад. Тақдири давлати муосири тоҷикон ба тақдири давлатдории Куруш шабоҳат дода шудааст.

Воқеан, ин ҷо метавон дар мавриди умумияти ҳукуматдории Куруши Кабир ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сухан кард. Ҳамоҳангӣ ва монандии давлатдорӣ аз хусусият ва сифатҳои фардии онҳо, аз қабили ифтихори ватандориву миллатпарварӣ, адолат ба мардум, масъулияти баланд дар назди тақдири Ватан ва соҳибони он, пуштибонии сулҳу ваҳдат ва монанди инҳо рӯи кор омадааст. Эъломияи Куруши Кабир, ки дар китоб сабт ёфтааст, бо сатрҳое хотима меёбад, ки дилу ният ва омоли Пешвои миллати моро ифода мекунанд.

Мудири кафедраи адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он А.Эрмуҳамедов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ