Истиқлолият ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин

Ба истиқлолияти комил соҳиб гаштан, давлати миллӣ ва соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додан дар таърихи навини давлатдориямон рўйдоди бузурги нодири таърихӣ ба шумор меравад.

Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Мафҳуми «истиқлол» маъмулан волоияти ҳокимияти давлатӣ дар дохили мамлакат ва озод будани он аз тобеият ба давлатҳои дигарро мефаҳмонад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 - сентябри соли 1996 дар маҷлиси ботантана бахшида ба рўзи истиқлолият ин гуфтаҳоро боз тақвият бахшида, чунин таъкид намуда буданд: “Тоҷикистони мо низ ба сари худ ягона ва беҳамтост. Мо дар фикри он нестем, ки давлати дигаре ба мо монанд бошад, вале онро ҳам қабул надорем, ки дигарон бо роҳи фишору зўрӣ ба мо шабеҳи худ чизе бисозанд ё тарзи давлатдории худро ба гарданамон бор кунанд. Умуман давлате, ки мо бунёд мекунем, албатта, бо такя ба таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ дар заминаи таърих, тамаддун, фарҳанг, психология, расму ойин, арзишҳои маънавию ахлоқии халқамон қомат меафрозад”.

Дар Тоҷикистон бори аввал аз истиқлол намояндагони насли ҷавони зиёӣ садо боло карданд. Онҳо дар солҳои 80-ум қарни гузашта дар маҳфилҳо ва иттифоқҳои гуногун ҷамъ меомаданд. Дар он давр масъалаи асосие, киба миён омад — ин муносибат ба забон буд. Аллакай дар охирҳои моҳи феврал, аниқтараш 25-уми феврали соли 1989 бори аввал дар таърихи Тоҷикистон намоиш (митинг) ташкил шуд. Ширкаткунандагон талаб карданд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. 22 июли ҳамон сол нахустин шуда дар Осиёи Миёна дар Тоҷикистон забони миллӣ мақоми давлатиро гирифт.

Соли 1990 дар ҷумҳурӣ бисёрҳизбӣ ҷорӣ шуд. Ҳамон сол ба сари тоҷикон рӯзи сиёҳ омад. Бо баҳонаи «гўё гурезаҳои арманиро бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин кардани ҳукумат» мардумро ба кўчаҳои шаҳр бо эътироз бароварданд. Онҳо иборат аз 17 нафар «Комитети халқӣ» барпо карда, талаботи қатъӣ пешниҳод карданд, ки роҳбарони ҷумҳурӣ К. Маҳкамов, Г. Паллаев ва И.Ҳаёев ба истеъфо бароянд. Вазъият шиддатнок гашта, онро мақомоти қудратӣидора карда натавонистанд. Ошўбгарон бо шиорҳои «Тоҷикистон барои тоҷикон», «Нест бод КПСС», «Дафъ шавед коммунистон», ҳамчунон муқобили русзабонҳо баромад мекарданд. Ташаббускори ошўбгарон ҳизби назҳати ислом, ҳизби демократии Тоҷикистон ва созмонҳои «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» буданд. Мувофиқи қарори пленуми ғайринавбати ХVII КМ ҲК Тоҷикистон дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе вазъияти фавқулода ҷорӣ гардид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳануз 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум “Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон” қабул гардида буд. Эъломияи мазкур истиқлолияти том ва таъсиси давлати миллии воқеан мустақилро эълон надошта буд. Яъне ин санади муҳим беҳаракат монд.

Фақат баъди шикасти балвои августӣ (соли 1991) фурупошии давлати абарқудрати Шўравӣ амри воқеъ гардид, масъалаи дарки истиқлолияти давлатӣ ва мавриди назар намудани он боз пайдо шуд. 9- уми сентябри соли1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки ин идомаи қонунӣ ва мантиқии Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон аз 24 - августи соли1990 баҳисоб мерафт.

Бо вуҷуди ин воқеаи фараҳбахш, дар ҷумҳурӣ бўҳрони иҷтимоию сиёсии кишвар торафт амиқтар мегардид. Дар ин давра нерўҳои исломии Тоҷикистон хеле пурқувват шуда, қувваҳои дигар, аз ҷумла қувваҳои демократии вақт, шахсиятҳои сиёсии аз вазифа маҳрумшуда ва вазифаталаб, роҳбарони минтақаҳоеро, ки аз ҳукмронӣ розӣ набуданд, дар атрофи худ муттаҳид намуда, ба муқобили ба истилоҳ партократияи коммунистӣ мубориза оғоз намуданд. Дар иҷлосияи Шўрои Олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1991 Қ.Маҳкамов аз вазифаи президентӣ истеъфо дод. Сессия тасмим гирифт, ки 27 октябри соли 1991 интихоботи умумихалқии Президент эълон карда шавад ва то он вақт роҳбарӣ ба дўши ШўроиОлии Тоҷикистон гузошта шавад.

Раҳмон Набиев 23 сентябри соли 1991 раиси Шўрои Олӣ интихоб шуд. Ў дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли 1991 пирўз гашт. Аммо ба шароити нави сиёсиву иҷтимоии баъди пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ба вуҷуд омада тайёр набуд. Ў дар ташкили ҳукумат ва дастгоҳи президентӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ба хатоиҳои ҷиддӣ роҳ дод. Ба замми ин ҷумҳуриро бўҳрони иқтисодӣ фаро гирифта, беқурбшавии пул, паст рафтани сатҳи зиндагӣ, авҷ гирифтани ҷинояткорӣ ва ғайраҳо Тоҷикистонро ба вартаи ҳалокат тела медоданд.

Манфиатҳои шахсию худхоҳии сиёсии роҳбарони ҳизбу созмонҳо ва гурўҳҳои мухталиф аз манфиати давлат, миллат ва Ватан боло гирифт ва ҳукумати марказӣ вазъиятро идора карда натавонист, низоми идораи корҳоро ба дасти худ нагирифт.

Соҳиб шудан ба Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқитоҷикинвоқеаихелебузургбуд. Аммо, Тоҷикистон аз нахустин рўзхои истиқлолиятихуддарравандибарқарорсозӣваташаккулипояҳоидавлатудавлатдориинав,таъминиамниятуоромииҷомеа,суботисиёсивуиҷтимоиикишвармардумбомушкилотумонеаҳоисангинрў ба рўгардид.

Ибтидои соли 1992 ҳизбу ҳаракатҳои мухолифин гирдиҳамоиҳои пай дар пай ташкил намуданд. Яке аз талабҳои намоишчиён таъсиси ҳукумати муштарак буд. Айни замон моҳи марти соли 1992 вазъияти ҷумҳурӣ хеле муташанниҷ гардид. Хосатан муқовимати ду майдон- «Шаҳидон» ва «Озодӣ» оқибат то ба ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ оварда расонид. 5 маи соли 1992 задухўрдҳои мусаллаҳона байни ду майдон оғоз гардид. Яроқбадастони мухолифин қасри президентӣ, студияи марказии телевизион ва дигар биноҳои муҳими давлатиро ишғол намуданд, задухўрдҳои мусаллаҳона дар атрофи Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Қўрғонтеппа (водии Вахш) шурўъ шуданд.

6 сентябри соли 1992 қувваҳои мусаллаҳи мухолифин президент Р. Набиевро дар аэропорти Душанбе боздошт намуда, маҷбур карданд, ки ба истеъфои хеш имзо гузорад. Кўшиши сарварони Фронти ҳалқӣ С. Кенҷаев ва Р. Абдураҳимов баҳри барқарор намудани Ҳукумати консттитутсионӣ натиҷа надод.

Дастаҳои дигари Фронти халқӣ дар водии Вахш амалиётҳои бобарори ҷангӣ гузарониданд, ки дар натиҷаи он даҳҳо ҳазор тарафдорони мухолифин ҳамчун муҳоҷирони иҷборӣ дар Афғонистон паноҳ бурданд. Дар чунин вазъият намояндагони Фронти халқӣ ва президиуми Шўрои Олӣ дар Ҳисор ҷамъ омада, оиди пароканда сохтани ҳукумати ба ном муросои миллӣ ва даъвати сессияи Шўрои Олӣ дар ш.Хуҷанд қарор қабул намуданд.

Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии ҷумҳурӣ, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ - Қасри Арбоб баргузор гашт, ҳамчун анҷумани наҷотбахш баҳри ба эътидол омадани вазъияти бўҳронӣ нақши муҳим бозид. Зеро дар ин Иҷлосия ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гашт, Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад.

Маҳз дар ҳамин Иҷлосия тадбирҳои мукаммали аз бўҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишвар андешида шуданд.

Вале новобаста ба ин ҷанги шаҳрвандӣ хомўш нагардид. Бар асари ҷанг Тоҷикистон беш аз 7 млрд доллари амрикоӣ зиён дид, 1 миллион аҳалии муҳоҷир гаштанд, наздик 150 ҳазор нафар кушта шуданд.Бўҳрон торафт вусат мегирифт.

Дар чунин шароит Сарвари давлатамон роҳи сулҳро пеша намуданд. Бо мухолифин ба мизи гуфтушунид нишастанд. Раванди гуфтушунид барои таъмини сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон аз апрели с.1994 то июни 1997 давом кард, ки онро ба 8 давр тақсим мекунанд. Дар ин муддат 18 вохўрӣ: дар Москва 4 маротиба, дар Эрон - 6, дар Ашқобод – 3, дар Афғонистон – 2 ва дар Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон 1 маротибагӣ вохўрӣ гузаронида шуд.

Дар гуфтушунид се гурўҳи масъалаҳо гузошта шуданд:

1.Ба танзим даровардани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон

2.Ҳалли масъалаи гурезаҳо ва муҳоҷирон

3.Сохтори конститутсионии Тоҷикистон

11декабри соли 1996 дар деҳаи Хосдеҳи Афғонистон Президент Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари мухолифин С.А.Нурӣ вохўрданд. Онҳо вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсиро муҳокима намуда дар бораи танзими вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ, бас кардани амалиётҳои ҷангӣ қарор қабул намуданд.

Ниҳоят 27 июни соли 1997 дар Москва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба имзо расид.Таҷрибаи оштӣ ва фарҳанги сулҳе, ки Президенти муҳтарами мо амалӣ кард, дар олам назир ва собиқа надорад ва имрўз мактаби омўзиши оламиён аст.

Пас аз ин воқеаи таърихӣ дар мамлакат тадбирҳои доир ба низом даврвардани сохтори ҳукуматӣ ба ҷумҳурӣ баргардонидани гурезаҳо, таъмини фаъолияти озоди ҳамаи азҳоб ва ҷараёнҳои сиёсӣ, ки фаъолияташон ба қонунҳои ҷумҳурӣ мухолифат намекунанд, андешида шуданд.

Фаъолият ва талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат боис гашт, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад. Хатари воқеии парокандагии Тоҷикистони ягона пеш омада буд ва хушбахтона, ба шарофати иродаи ҷиддии Эмомалӣ Раҳмонин хатар бартараф гашта, ягонагииТоҷикистон таъмин карда шуд.

Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар муддати кўтоҳ бўҳронро рафъ намояд,аз ҳеҷ, аз хазинаҳои тиҳӣ, аз хоҷагии валангор, аз саноату корхонаҳои ба яғморафта Тоҷикистони имрўз шукуфоро бунёд кунад ва сиёсати байналмилалиро дар муҳити душманонаву бадхоҳонаи он замон устувор созад.

Умуман, вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавии Тоҷикистони соҳибистиқлолроба се марҳила ҷудо кардан мумкин аст:

марҳилаи якум – аз охири солҳои 80-ум – то тирамоҳи соли 1992, оғози суст шудани суръатафзоии иқтисодиёт ва паст рафтани сатҳи некўаҳволии мардум;

марҳилаи дуюм – солҳои 1992-1997, давраи тезутундшавии бўҳрон, ки бо низоъи дохилии Тоҷикистон вобастагӣ дорад;

марҳилаи сеюм – аз июни соли 1997 то имрўз, дар давраи мазкур зуҳуроти бўҳронӣ тадриҷаи бартараф гардида, вазъияти устуворе дар ҷумҳурӣ барқарор шуд, тадбирҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ роҳандзӣ гаштанд.

Баъди хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ самтҳои асосии сиёсати иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони муосир татбиқи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ, густариши муносибатҳои бозоргонӣ, такмили идораи иқтисодиёт ва дар ин замина таъмин кардани рушди устувори иқтисодӣ, паст намудани камбизоатӣ ва беҳтар гардонидани дараҷаи зиндагии мардум равона карда шуданд. Ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилии кишвар со ба сол афзоиш меёфт. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.

Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ низоми (системаи) мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдории моро эҳё намояд. Тайи ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби сохтори мукаммали идорӣ, ҳукумати коршоям, порлумони касбӣ, артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти қудратию амниятӣ ва дигар рукну абзорҳои зарурии давлатдории худ гашт.

Зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии тоҷикон дар замони нав ташаккул ёфта, ҷанбаҳои шаклӣ, сохторӣ, мазмунӣ ва арзишии он дар сатҳи муосиртарин ба вуҷуд оварда шуданд. Маҳз дар доираи ин мактаб сохти нави давлатдории муосири тоҷикон, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқ бунёд бунёдгузорӣ шуд.

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид.

Бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби пешво ё лидери ягонаи миллӣ гашт ва дар натиҷа яке аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ ва таърихии давлатдории мо, яъне масъалаи лидери сиёсии миллат ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ ҳалли муносиби худро пайдо намуд.

Муҳимтарин чорабиниҳои сиёсии охири асри XX – ибтидои асри XXI аз кабили қабули Конститутсияи нав, гузаронидани райъпурсиҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он, интихоби озоди Президенти кишвар, ба вучуд омадани парлумони ду палатагии дар асоси бисёрҳизбӣ интихоб шуда, дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани форумҳо (анҷуманҳо)-и бонуфуз- саммитидавлатҳои ҳамкории иқтисодии Осиёи марказӣ, Форуми Шанхай, ташаббусҳои Точикистон дар масъалаҳои ҳалли қазияи об ва ғ. тасдиқ мекунанд, киТоҷикистон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ пеш рафта истодааст.

Талошҳои фарҳангсолоронаи Эмомалӣ Раҳмон заминаи онро гузошт, ки миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнофарҳангӣ эҳёгашта, ба худшиносии миллӣ ва истиқлолияти фикрӣ бирасад. Тайи ин давра дар мамлакатамон дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд. Сиёсати гуногунпаҳлўи фарҳангӣ таҳия гардид, заминаи ҳуқуқӣ ва илмии рушди фарҳанги кишвар дар иртибот бо дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фароҳам оварда шуд. Консепсияи инкишофи фарҳанги кишвар ва қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» қабул гардиданд. Шинохту гиромидошти мероси фарҳангии ниёгон, ҳифз кардану ба манфиати ҷомеаи имрўза истифода намудани мероси таърихиву фарҳангии халқ чун самти афзалиятноки фарҳангӣ муайян шуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ эҳё ва барқарор намудани хотираи таърихии миллат роҳандозӣ шуд. Боин ҳадаф, бо супориши бевоситаи Сарвари давлатамон симои як силсила абармардони таъриху фарҳанги миллат эҳё шуда, ҷашнҳои бошукӯҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, ки Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Рўдакӣ ҲакимФирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Имом Ғаззолӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Бо талошҳои сарвари давлатамон тасмими Ҳукумати Тоҷикистон оид ба таҷлили 5500-солагии тамаддуни Саразми бостонӣ,700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ бо қарори ЮНЕСКО пазируфта шуд ва ин ҷашнҳо бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил гаштанд.

Дар солҳои истиқлолият чун рамзи сипоси абадии мардуми Тоҷикистон барои хидматҳои беназирашон ба як зумра абармардони таъриху фарҳанг, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур унвони баландтарин - ҚаҳрамониТоҷикистон дода шуд.

Ба омўзиш ва тарғиби таъриху фарҳанги ғановатманди миллатамон худи Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон бевосита даст заданд, китобҳои арзишмандро аз қабили «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат, ҳастии миллат», «Уфуқҳои истиқлол» в ғ. ба табъ расониданд.

Эмомалӣ Раҳмон натанҳо истиқлолияти сиёсии давлат, балки истиқлолияти фикрии миллатро низ эҳё намуданд, ки ин як дастоварди меҳварӣ ва бунёдӣ мебошад.

Дар тўли фаъолияти созандаи худ сарвари давлатамон дастгирии илм ва маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ эътироф намудаанд. Нисбати рушди ин ду ҷабҳаи ҷудонашаванда, ки яке дигарашро мукаммал мекунад ба таври мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи илм ба ҳифз ва тараққи додани маркази асосии илми тоҷик- Академияи миллии илмҳо равона карда шуд. Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод,ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва ва фарҳанги ниёгонаҳамияти махсус диҳем.

Каналҳои навителевизионииТоҷикистонтаъсис додашуданд,кидаронҳобарномаҳоифарҳангӣ, тарбиявӣванамоишӣнишондодамешаванд,ки инҳамабошарофатисоҳибистиқлолбуданиТоҷикистониазизамонмебошад.

Ногуфта намонад, ки Шашмақом - мусиқии суннатии Осиёи Миёна (бештар Эрон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) буда, таронаи ин мусиқӣ дар бораи ишқу ирфон аст. ЮНЕСКО дар соли 2000-ум шашмақомро дар феҳристи кӯҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва ҳамчунин сармояҳои ғайримодӣ ба сабт расонд. Соли 2003 бо пешниҳоди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки яке аз дастовардҳои миллати тоҷик дар самти эҳёи мусиқии суннатии тоҷик мебошад. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов дода шуда, ин рӯз ҳамасола дар саросари кишвар чун «Рӯзи Шашмақом» таҷлил мегардад.

То имрӯз рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият, ки соли 2008 бо ҳадафи ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни олам таъсис шудааст, 509 номгӯи урфу одатҳо ва ҳунарҳои миллӣ аз 122 кишвари дунёро дар бар мегирад. Ба Феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани «Шашмақом» (соли 2003), Наврӯз (соли 2010), “Оши палав” (2016) ва “Чакан” (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузорӣ намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва рӯйдодҳои таърихии миллат аз дастовардҳои давлату халқи тоҷик дар роҳи эҳё ва рушди расму оин ва ҳунарҳои мардумии қадимаи ниёгонамон мебошад.

Ҳанӯз дар аввалин Муроҷиатномае, ки ӯ ҳамчун Сарвари давлат ба халқи шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул карда буд, маҳз бар зарурати ҳамчун воҳиди баробарҳуқуқ ба ҷомеаи ҷаҳонӣворид шудани Тоҷикистон таъкид карда мешуд.

Сиёсати «дарҳои боз», ки заминаи он маҳз аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, дар ин муддат ҳамчун як консепсияи амалгароёна, мутавозин ва сулҳомез натиҷаҳои зарурӣ дода, обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд.

Дар мавриди ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон сухан гуфта, зикр кардан зарур аст, ки кишвари мо як узви бемавқеъ ва ё назоратгари одии равандҳои сиёсии байналмилалӣ набуда, балки сиёсати хориҷии соҳибташаббус дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон тавонист таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба масъалаҳои ҳалталаби башарӣ ҷалб намояд, дар ҳаллу фасли онҳо иқдом гузорад ва бад ин васила ҳам ному обрўи худ ва ҳам кишварашро дар ҳудуди олам баланд бардорад ва ҳам саҳми арзандаи худро дар ҳалли муаммову мушкилоти башарӣ гузорад.Шояд зикр кардан кофӣ бошад, ки маҳз бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013- ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дарсоҳаи об», солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон намуд.

Мавқеи фаъоли Сарвари давлати Тоҷикистон хусусан дар масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли воқеии буҳрони Афғонистон барои ҳамагон маълум аст.

Талошҳои Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад.

Исомитдинов Ҷ.Б., номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи Ватан ва археологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ