​Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун – захираи ҳаёти солими мардуми тоҷик

Дар замони муосир ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад. Ҳаёти мардум бо он пайвастагии ногусастанӣ дорад, ки мо дар ҳар қадам шоҳиди ин гуфтаҳо гардида истодаем.

Яке аз ҳадафҳои стратегии давлати мо, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон қайд карда буданд, ин инқилоби соҳаи энергетика дар мамлакат мебошад.Ин инқилоб дар Тоҷикистон зери роҳбаладии Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, кулли мардуми тоҷик бо қувваи барқ таъмин гардиданд.

Тоҷикистон аз рӯйи фоизи истеҳсоли “энергияи сабз”, яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза, дар қатори кишварҳои пешсафи сайёра меистад. Аз ҳамин лиҳоз, ба монеаҳои душманонаи ҳамсоякишварҳо нигоҳ накарда, барои сохтмони чунин нерӯгоҳҳо Пешвои миллат ба мардуми худ заминаҳои васеъ фароҳам оварданд, ки аз он мо баҳра бурда истодаем. Роҳбари дурбини мо, ки ҳамеша роҳнамои халқ мебошанд, бо садҳо машаққат Тоҷикистонро ба давлати соҳибистиқлоли энергетикӣ табдил доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Нерӯгоҳи барқӣ-обии “Роғун”-ро дар мадди аввал гузоштанд. Ин нерӯгоҳи барқӣ-обии калонтарин дар дарёи Вахш мебошад ва дар айни замон низ сохтмони он давом ёфта истодааст. Оғози сохтмони ин маҳзани нерӯи бузург дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ба соли 1976 рост меояд, вале нотамом мондааст.

Соли ба кор даровардани аввалин агрегати он 2018-ум буда, дигар агрегатҳои он низ мавриди ба истифода додан қарор доранд ва ҳоло халқи тоҷик барои сохтмони сарбанд, ки дар баландии 335 метр аст, далерона меҳнат намуда истодаанд. Ин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ калонтарин ба ҳисоб рафта, ба он 15000 нафар мутахассисону коргарон ҷалб гардидаанд.

Дар аввал барои давом ёфтани сохтмони НБО-и Роғун Ҷумҳуриҳои поёноби Амударё Ӯзбекистон ва Туркманистон зиддият нишон доданд. Бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ сохтмони НБО-и Роғун аз обанбори он аз санҷиши ҷиддӣ гузаронида шуд ва сохтмони он давом ёфта истодааст, ки ин яке аз комёбии бузурги Тоҷикистон барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ мебошад. Ҳамин тавр 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми он ба кор даромад. Истифодаи нерӯи барқ боз васеътар гардид.

НБО-и Роғун манбаи энергияи сабз дар кишвар буда, дар пешгирии оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дарсатҳи минтақа ва ҷаҳон вазифаи муҳимро мебозад. Истеҳсоли қувваи барқ аз нигоҳи илмӣ на танҳо дар кишварамон, балки дар тамоми сайёра аз ҷиҳати экологӣ тозаву бехавф аст.

Ҳоло ҳар як фарди кишвар эҳсос менамояд, ки Роғун ин равнақи иқтисодиёти Тоҷикистони имрӯзу фардо аст. Истеҳсоли қувваи барқ барои баланд гардидани сатҳу сифати ҳаёти мардум мусоидат менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи энергетикаи кишвар тадбирҳои мушаххасро андешида истодааст.

Хулоса гуфтан мумкин аст, ки ин сохтмонест, ки мояи ифтихору сарфарозии ҳар як фарди худогоҳу ватандӯсти сарзамин ва манбаи нур ба ҳисоб меравад ва мо, омӯзгорон низ дар сохтмони он дар канор нестем.

Кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ