​Тоҷикистон - ахтари ҳамешатобон

Бузургтарин иншооти аср – бунёди нерӯгоҳи барқӣ обии Роғун ба ҳисоб меравад. Ба истифода дода шудани агрегатҳои якум ва дуюми ин иншоот зиндагии халқро аз ҳама ҷиҳат чандин маротиба осон гардонд.

Зимистони қаҳратуни соли 2008-ро кӣ дар ёд надорад?! Он вақт неругоҳҳои амалкунандаи Тоҷикистон талаботи халқро таъмин карда наметавонистанд, аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя, ки дар даврони шӯравӣ барқ ворид карда мешуд, қатъ гардида буд. Халқи баору номуси тоҷик ҳамаи ин мушкилиҳоро паси сар кард. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари оқилу доно Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азм намуданд, ки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шуда, сохтмони Роғун, ки ҳоло дар солҳои 70-уми асри гузашта сохтмонаш оғоз шуда буд,эҳё карда шаванд.

Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода, аз рисолати созандагӣ дарак доданд. Ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳ заҳмат кашида, ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун заҳмат кашиданд. Онҳо хуб медонистанд, ки бунёди Роғун ба ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Имрӯз НБО Роғун ба истеҳсоли қувваи барқ шурӯъ намудааст ва ба ҳар як хонадони мардуми тоҷик нури худро дастрас кардааст, барои мардуми Тоҷикистон барои зиндагии осуда ва обод қувваи барқ истеҳсол карда истодааст, ки ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодӣ ва ояндабинонаиҳукумати кишвар бо ҳидояту роҳнамоиҳои Сарвари кишвар буда, тоҷикони баору номус якдилу якҷон дар пайи ободии ватани азизанд. Бо сарварии Пешвои муаззами миллат бо ҷаҳди бузург, бо иттиҳоду якдилӣ мардуми сарбаланди тоҷик санг бар болои санге ниҳода, Роғунро сохтанд, то ки ояндаи мо нурафшон бошад.

Суханони Президенти кишвар Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мавриди сохтмони иншооти аср – Нерӯгоҳи Барқӣ обии Роғун садо дода буданд, ба хотир меорем, ки гуфта буданд: “Имрӯз Тоҷикистон ба хотири сохтмони неругоҳи Роғун монанди ҷавони қавипайкар ва ҷавони қариб бистсолаест, ки ба мисли Фарҳоди куҳкан, синаи кӯҳи хороӣ мешикофад, пеши дарёи шӯху саркаши Вахшро мебандад, кишвари худ ва минтақаро чароғон мегардонад.”

“Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт.”

“Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон мубаддал хоҳад дод”.

Бо бунёди комили НБО Роғун ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ мегарданд ва бояд эътироф намуд, ки дар саргаҳи ҳамаи ин бунёдкориҳо фарзанди фарзонаи миллат, шахсе, ки қавлу амалаш як аст, фарзанди замини ин диёри куҳанбунёд, Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меистад.

Тамоми мардуми Тоҷикистон шукри онро мекунанд, ки чунин як сарвари оқилу одил доранд ва ояндаи Тоҷикистон нурафшону дурахшон хоҳад шуд.

Фароғат Ғафорова - сармуаллимаи кафедраи забони олмонӣ ва забони хориҷии дуюми факултети забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ