Роғун кохи нур ва кафили ояндаи дурахшони кишвар

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор ҳадафи стратегӣ: саноатикунонии босуръати кишвар, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣматраҳ гашт. Имрўз бо сарбаландӣ гуфта метавонем, ки қадам ба қадам ҳадафҳое, ки дар доираи ин самтҳои рушд муайян гашта буд, ба иҷро расида истодаанд.

Мо баъди ифтитоҳи НБО Роғун ба дастовардҳои зиёд расидем, ки ин ҳама натиҷаи тафаккури созандагӣ, эҷодиву ояндабинона ва иродаи қавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Роғун нангу номус ва ифтихори миллати тоҷик аст. Роғун моро муттаҳид месозад:

Роғун бинои ваҳдату ҳамбастагии мост,

Рафъи ҳазор мушкилу ҳам хастагии мост.

Чун арсаи садоқату номуси миллат аст,

Роғун, ки рамзи қудрату пайвастагии мост.

Бунёди Роғун яке аз бузургтарин иншооти аср маҳсуб меёбад. Ин нерӯгоҳ аз чанд ҷиҳат аҳамияти бузург дорад. Аз нигоҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиётамон пеш меравад. Аз диду назари сиёсӣ бошад, давлатамон дар байни давлатҳои мутараққӣ мавқеи худро пайдо мекунад. Албатта, бо бунёди ин нерӯгоҳ Тоҷикистон истиқлолияти энергетикиро ба даст меорад. Ин ҳама мақсади Сарвари давлат ва кулли тоҷикони ҷаҳон буд, ки ба кор андохтани ин нерӯгоҳ роҳи ягонаи истиқлолияти энергетикӣ ба шумор мерафт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки нерӯгоҳи Роғун “макони созандагию меҳнат”аст. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли шамси тобон тафаккури мардумро бедор намуда, азм намуданд, ки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикӣ барқарор шуда, сохтмони Роғун эҳё карда шавад.

Шоистаи таъкиди махсус аст, ки “Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 январи соли 2010 ба мардуми Тоҷикистон” бо як ҷаҳон ихлосу муҳаббат ба халқу диёр ва эътиқоду эътимоди комил ба имрӯзу фардои дурахшони ватан илова гардида, дар ҷону дили шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон бо қудрати бузурги маънавӣ, ки қобил буд дили сангро ҳам бишкофад, оташи нангу номуси миллиро шуълавар намуд ва имруз Роғунро ба корзори воқеии нангу номус, арсаи ҳақиқии корнамоию фидокории умумихалқӣ мубаддал гардонид. Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшонқайд намудаанд:

“Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт. Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи куҳан ба ахтари ҳамеша тобон табдил хоҳад дод. Ҳоло майдони сохтмони ин иншооти барои мамлакатамон тақдирсоз ба корзори заҳмати созанда, майдони ҳиммату ҷавонмардӣ, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин, ба ғояи миллии мо табдил ёфтааст”.

Инак рӯзи нангу номус, рӯзи саховатмандиву ҷавонмардӣ ва саҳмгузорӣ барои инкишофу ободии Ватан фаро расидааст. Месазад, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда, дар нангу номуси ватандории Сарвари давлат ҳамроҳ гашта, ба хотири таъминоти мунтазами барқ, ободии Ватан саҳмгузор бошем. Зеро, сохтмони нерӯгоҳи Роғун талаби давру замон аст ва ҳар фарди солимфикру худогоҳ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар онро бояд хуб дарк намояд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки тамоми мардум якдилона ин иқдоми пешгирифтаи Сарварамонро дастгирӣ намоем. Итминони комил дорем, ки миллати соҳибмаърифати тоҷик ба ин кор қодир аст ва дар ин роҳ мо ҳатман пирӯз хоҳем шуд.

Тахмина Зоидова - омӯзгори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ