​Роғун - ояндаи дурахшони кишвари тоҷикон аст

Халқи тоҷик шукрона аз Истиқлол дорад, зеро ки даркишвари осоишта ва сулҳу субот зиндагонӣ мекунад.Мо аз он фахр дорем, киватанамон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида истодааст. Имрӯз миллати тоҷик роҳбаруроҳнамо, роҳбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Асосгузорисулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,Президенти бузурги давлат Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки як миллати бузургро роҳбарӣ мекунанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани нерӯгоҳ имкон пайдо шудаст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд.

Баробари он бо сабаби тинҷу осоишта будани ватан, бисёр иншоотҳо ба созмон расида истодаанд. Яке азчунин иншооти аср ин нерӯгоҳи барқии обии Роғун мебошад. Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки ҷаҳонӣ низ дорад. Бо сохта шудани ин иншооти бузург хонадони ҳазорон ҳазор мардуми барӯманди тоҷик чароғон гашт ва на танҳо хонадони мардуми тоҷик, балки ин мужда ба хонадони мамолики ҳамсоягии мо низ шодиву сурур бахшид. Баъди бунёди ин иншооти бузург дар оянда Тоҷикистон ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқӣ арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд.

Ин тадбири муҳим ба хотири идомаи корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти стратегӣ Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун амалӣ шуда, ҳадаф аз он расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад.

Чи тавре ки маълум аст, вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳоиАсосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқӣ-обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд.

Воқеан, вақте ки ин калимаи Роғунро ба забон меорем пеши назарамон ободӣ, рӯшноӣ ва сулҳу ваҳдат намудор мегардад. Албатта НОБ —и Роғун имрӯз чун рамзи истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон низ ба шумор меравад.

Имрӯз миллати тоҷик давлати абарқудрат, демократӣ, дунявӣ, созанда ва хуқуқбунёд дорад. Имрӯз ин миллат муқаддасоти бузурги давлаташро эътироф мекунад. Имрӯз мардуми точик ба бунёди иншооти бузурги аср ба мисли Неругоҳи Барқии Роғун машғул аст.

Мувофиқи иттилои муаррихон сохтмониНОБ-иРоғун ҳанӯз соли 1976 оғоз шуда буд. 27- уми декабри соли 1986 маҷрои дарёи Вахш баста шуд. То соли 1993 баландии сарбанд ба 40 м расонида шуда, 21 км нақбҳо сохта шуданд. Аммо пас аз пош хӯрданиИттифоқи Советӣ сохтмони НОБ-и Роғун боз дошта шуд. Солҳои зиёд мардумитоҷик аз норасоии нерӯи барқ дар азоб буданд.

Роғун майдони заҳматҳои фаровону самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватанон, хастии шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати точик гаштааст. Имрӯз ин миллати бузург шоҳсутунибузурги НОБ-иРоғунро бино мекунанд.

Тоҷикони баору номус имрӯзҳо пайи ободии ватани азизанд. Имрӯзҳо бо ҷахди бузург бо иттиҳод санг бар болои санге ниҳода, Роғунро обод мекунанд, то ки ояндаи насли дигар дурахшон бошад, то Тоҷикистони азиз дар байни дигар кишварҳои дунё сарбаланду номдор бошад.

Тавре ки маълум аст, Роғун ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва хатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гашта, нест тоҷике, ки ин сохтмонро дастгиру мададгор нагардида бошад.

Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад.

Мо умед бар он дорем, ки ин иншооти аср дари бахту саодатро ба мардуми кишвар кушода, омили пешрафти Ватан ва хушбахтии сокинони диёр мегардад.

Дотсенти кафедраи назария ва амалияи

забони англисӣ Раҷабова М.М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ