​Муаллима, педагог, донишманди асил​

Муаллими аҳли башар, офарандаи мавҷудоти рўйи олам маҳз Худованди таъолост. Пас, шахсе, ки инсонҳоро тарбия мекунад, насли наврасро аз овони кўдакӣ таълиму тарбия менамояд, ба онҳо росткориву ростгорӣ, илму адаб, поксириштиву хондану навиштан, ҳаётдўстиву ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ, эҳтироми падару модар ва дигар сифатҳои волои инсониро меомўзонад, ўро низ ном Муаллим аст. Бояд ин ҳарфҳоро бо хатти заррин навишт. Аз ин ҷост, ки муаллим мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар қавму миллат бояд бошад.

Муаллима, зан, модари мушфиқу меҳрубон ва шахсияти олитабори ҷомеа САОДАТБОНУ ТОШЕВА зиёда аз 35 сол мешавад, ки дар соҳаи маорифи кишвар баҳри пешрафи ин соҳаи муқаддас собитқадамона заҳмат мекашад.Муаллима – педагог, муаллима – модар, муаллима – тарбиятгари асил, муаллима -фариштаи ҳусн, муаллима-олиҳаи заминӣ... ВА ин муаллимаи хоксору мураббии ғамхор имрӯзҳо дар кафедраи педагогикаи умумии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пурмаҳсул фаъолият менамояд.

Омўзгор шамъи фурўзонест, ки худ месўзаду аз шўълаи равшании худ роҳи ҳаёти инсонҳоро мунаввар мегардонад.

Бузургони адабиёти классикии мо Рўдакиву Фирдавсӣ, Синою Аттор, Саноию Румӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Камоли Хуҷандиву Абдураҳмони Xомӣ муаллимони барҷастаи илми ахлоқу одоб буданд.

Эшон маҳз бо каломи сеҳрангези худ инсонҳоро тарбия мекарданд. Каломи сеҳрангези эшон чароғи ҳидояте буд барои инсонҳо ба сўи худогоҳиву хештаншиносӣ ва маърифатгароӣ. Ва имрўзу фардо низ насли наврас, хонандагон, ҷавонон пандҳои ин бузургон илму адабро маҳаки зиндагии хеш медонанд.

Оре, муаллима САОДАТБОНУ ТОШЕВА дар замири поки хеш фақат инсонгароиву инсонпарастиро парварида, дуои неки шахсиятҳои бузургрогирифтааст ва зарра зарра аз ин дунёи маонӣ махзани дурру гуҳар ҷамъ овардааст. Бале, ӯ ҳақиқатан инсони комил ва шахсияти бебаҳост! Хуш ба ҳоли ин зани покнажоду покмаҳзар ва покниҳоду поксиришт...Дар васфи ин муаллимаи асил чӣ қадар ҳарфҳои самимӣ гӯем ҳам кам аст...Бемуҳобот худ касби муаллтиӣ бузург аст!!!

Пас Муаллим бузург аст. Касби муаллимӣ мояи ифтихор ва сарбаландист. Ў худ мусўзаду месозад ва инсонро ба сўйи донишу маърифат раҳнамун месозад. Маҳз муаллими асил омўзгори эҷодкору навовар, ки пайваста меомўзаду донишу малакаи хешро такмил медиҳад, метавонад шогирдони арзандаи миллатро тарбия намуда, ба камол расонад.

Муаллими ахлоқ шайх Саъдии Шерозӣ мегўянд:

Хар ба саъй одамӣ нахоҳад шуд,

Гарчӣ дар пояи минбаре бошад,

В-одамро, ки тарбият накунанд,

То ба садсолагӣ харе бошад.

Бале, муаллим аст, ки инсонҳоро тарбият мекунад ва маҳз одамиро. Ва инсони бетарбия, бешуур мисли хар бошад ва сад сол гузарад ҳам ў ҳамон хел бетарбия мемонад.

Муаллим нури дурахшони ҷомеа ва чароғи тобони кўйи зиндагист. Дар ҳамаи давру замонҳо қадру манзалати омўзгор, муаллим, тарбияткунандаи инсонҳо аз ҳам боло буд.

Шоири шаҳири Марями Фарвин мефармояд:

Ту роҳи паёмбарон сипорӣ,

Маҳбуби Худоӣ, эй муаллим!

Шоираи муаллима ва муаллимаи шоира сифати муаллимро бо як фасоҳату назокати хоса ва завқи баланд тавсиф намудааст:

Ту субҳи сафоӣ, эй муаллим,

Сад сина саноӣ, эй муаллим.

Месўзиву то дамидани субҳ,

Парвона намоӣ, эй муаллим.

Ялдои ҷаҳолат аз ту шуд рўз,

Хуршеди зиёӣ, эй муаллим!

Бо гавҳари шабчароғи дониш,

Нури ду сароӣ, эй муаллим.

Дар паҳнаи ҳар кавири сўзон,

Чун оби бақоӣ, эй муаллим.

Дар шаб ту бад- он ситора монӣ,

К-аз қибла дароӣ, эй муаллим.

Оре, ту ба дидаҳои торик,

Дармону давоӣ, эй муаллим.

Ту роҳи паямбарон сипорӣ,

Маҳбуби Худоӣ, эй муаллим.

Бар қалъаи сабзи орзуҳо,

Фархунда ҳумоӣ, эй муаллим.

Бо атри шукуфаҳои Марям,

Дар авҷи сафоӣ, эй муаллим.

Шоираи нозукбаёну ширинхаёл боз меафзояд:

Аз муаллим нур илқо мешавад.

Синаҳо нури таҷалло мешавад.

Нури оламгири илму маърифат,

Кўрии дилро мудово мешавад.

Соғар аз майхонаи мактаб бигир,

К-одамӣ з-он бода эҳё мешавад.

Аз насими ҷонфизои субҳи нур,

Fунчаи дониш шукуфо мешавад.

Дар фазои бекарон аз ҳимматаш,

Тоири андеша анқо мешавад,

Аз муаллим нуқта мегардад китоб,

Аз муаллим қатра дарё мешавад.

Қатра гар ҷорӣ шавад дар баҳри илм,

Дар садаф лўъўи лоло мешавад.

Эй шуда пир аз ғами бедонишӣ,

Аз муаллим пир барно мешавад.

Чашми ҷонро нек пиндоре диҳад,

Аз муаллим зишт зебо мешавад.

Оре, оре, дар шаби андешаҳо,

Бо баёнаш нур иқбо мешавад.

Фарди бедониш ҷамоде беш нест,

Дониш инсонро Масеҳо мешавад.

Чун ҳидоят чашма бигрифт аз Набӣ.

З-он сабаб эй дўст воло мешавад.

Зеҳн оҷиз монда аз таҷлили ў,

Нест беилм, он чӣ пайдо мешавад.

Аз Алӣ бишнав сухан, к-аз гуфтааш,

Лавҳи зеҳну дил мусаффо мешавад.

«Ҳар касе як нукта омўзад ба ман,

Ў маро бешубҳа, Мавло мешавад».

Муаллим бояд ҷавҳари пок, ахлоқи пок, сурату сирати пок дошта бошад. Муаллим бояд маданияти баланди инсонӣ, донишу ақлу заковати олиро доро бошад. Муаллими ҳақиқӣ шахсест, ки ҷони худро баҳри шогирдон фидо менамояд. Сифати баланди муаллим дилу нияти соф, сиришти поку ҷавҳари олии ўст. Муаллим бояд сўзандаву созанда ва дар роҳи Ҳақ устувор бошад.

Ҳикоят аз Саъдии Шерозӣ

Овардаанд, ки амир Наср Аҳмади Сомониро муаллиме буд, ки дар он вақт, ки хурд буд, вайро таълим кардӣ ва чўби бисёре задӣ. Ва амир гуфтӣ, ки ҳар гоҳе, ки ман ба султонӣ расам, сазои вай бикунам.

Шабе тафаккури айёми гузашта мекард, муаллимаш ёд омад, ҳама шаб дар андешаи интиқоми ў буд. Ходимро бифармуд, ки аз бўстон даҳ чўби обӣ биёрад ва якеро гуфт:

-Муаллимро ҳозир кун!

Ходим рафт, то муаллимро ҳозир гардонад. Муаллим пурсид: - Султон чӣ мекард, ки маро ёд кард?

Гуфт: - Ғуломеро фармуд, ки биравад аз бўстон даҳ чўби обӣ (химча аз дарахти себи биҳӣ) биёварад ва маро гуфт, ки муаллимро ҳозир кун.

Ўро маълум шуд, ки дар банди интиқоми вай аст, дар роҳ, ки меомад, ба дари дўкони мевафурўше расид ва дурусти бидод ва аз вай себи хубе харид ва дар остин кард.

Чун пеши Наср омад, амиру чўбе баргирифт ва гуфт: - Дар ин чӣ гўӣ?

Гуфт: - Саҳл аст. Даст дар остин кард ва аз он мева берун овард ва гуфт:

- Зиндагонии подшоҳ дароз бод, калимае дорам.

Гуфт:-Бигўй!

Гуфт:-Ин мева бад ин латифӣ зодаи он чўб аст.

Султон чун ин бишунид, бағоят писандид ва расми маоши вайро то зинда буд, муайян гардонид. Баъд аз он зиндагонӣ ба фароғат гузаронид. Аз маънии ин ҳикоят бармеояд, ки муаллим чи қалби бузургу тафаккури волоро дорост. Маҳз муаллим дорои чунин қудрату тавоноии олӣ ва замири поку мубаррост. Муаллими донишманду закӣ ва дорои истеъдоди баланди фитрӣ ҳар соату ҳар лаҳза дар ғами шогирд аст.

Ҳикоят аз «Гулистон»-и Шайх Саъдӣ

Подшоҳе писаре ба адибе дод ва гуфт:

- Ин фарзанди туст, ҳамчунон яке аз фарзандони худ тарбия кун.

Соле чанд бар ў саъй кард. Ба ҷое нарасид. Писарони адиб дар фазлу балоғат (суханварӣ) мунтаҳо шуданд. Подшоҳ донишмандро муоҳаза кард ва гуфт:

- Ваъдаро хилоф кардӣ ва шарти вафо ба ҷо наовардӣ.

Муаллим гуфт:

- Малик, тарбият яксон аст, лекин истеъдод мухталиф.

Барҳақ дар ин ҳикоят Шайх Саъдӣ таълим медиҳад, ки тарбия якхела аст, аммо хислат, истеъдод, ақлу ҳуш ва бунёду сиришти одамӣ, ки ба ҳамаи инҳо падару модар асос мегузоранд, ҳархела аст.

Чуноне, ки бузурге мефармояд:

Агар бунёди шогирд паст бошад,

Сад устод назди ў бедаст бошад.

Албатта сиришту истеъдоди одамӣ аз нияту мақсаду хислату характери волидон сарчашма мегирад.

Боз меорем, ҳикоятеро аз «Гулистон»-и Саъдӣ:

Яке аз фузало таълими маликзодае ҳамедод ва зарби бемуҳобо задӣ ва заҷра беқиёс кард. Боре аз бетоқатӣ шикоят пеши падар бурд ва ҷома аз тани дардманд бардошт. Падарро дил ба ҳам баромад, устодро бихонду гуфт:

- Писарони оҳоди раиятро чунин ҷафову тавбих раво намедорӣ, ки фарзанди маро! Сабаб чист?

Гуфт:

- Сабаб он аст, ки сухан андешида гуфтан ва ҳаракат писандида кардан ҳама халқро, алалумум ва подшоҳонро, алалхусус. Ба муҷиби он ки дасту забони эшон ҳарчӣ рафта шавад, ҳароина ба афвоҳ бигўянд ва қавлу феъли авомуноссро чандон эътиборе набошад.

Агар сад нописанд ояд зи дарвеш,

Рафиқонаш яке аз сад надонанд.

В-агар як базла гўяд подшоҳе,

Аз иқлиме ба иқлиме расонанд.

Пас воҷиб омад муаллими подшоҳзодаро дар тағзиби ахлоқи худовандзодагон:

Ҳар кӣ дар хурдиаш адаб накунад,

Дар бузургӣ фалоҳ аз ў бархост.

Чўби тарро, чунон ки хоҳӣ печ,

Нашавад хушк ҷуз ба оташ рост.

Маликро ҳусни тадбири фақеҳ ва таҳрири ҷавоби ў мувофиқи рой омад, хилъату неъмат бахшид ва пояи мансаб баланд гардонид.

Чӣ ҳикмати бузурге ниҳон аст, дар зери мафҳуми ин гуфтаҳои шоир.

Оре, муаллим чӣ қадар қудрату тавоноӣ ва нерўю ақлу заковати баландро дорост. Бале, маҳз устод аст, ки ҳам маликзодаву ҳам дарвешу ҳам фақирро таълим медиҳад ва аз онҳо инсони бошуур, ҷомеасоз ва заковатмандро тарбия карда ба камол мерасонад. Сахтгирии устод ҷабру ҷафои эшон ҳама баҳри нафъи камолоти маънавии шогирд аст. Шогирди наврас мисоли ғунчаи ношукуфта, ниҳоли нозук ва чўби тар аст. Устоди сахтгир мекўшад, ки шогирдаш ба роҳи рост камол ёбад. Шогирд мисоли навдаи тарест, ки онро ба кадом тараф печонӣ, ба ҳамон сўй майл мекунад.

Ва устод ҳам мекўшад, ки шогирдаш мисли навдаи рост тарбия ёбад ва ҳамчун инсони нек тарбия ёбад.

Шогирде, ки бо роҳи рост, бо таълиму тарбияи дуруст камол ёфтааст, ҳеҷ гоҳ ба роҳи каҷу хато нахоҳад рафт. Ин гуна инсонҳо ҳамеша арзандаи халқу миллату ҷомеа буда, аз худ фақат номи нек ва фарзандони солеҳ ба мерос мегузоранд.

Муаллим офтоб, нури хуршедро мемонад, ки ба ҳама ҷо якмаром нури дурахшони худро мерезад. Ў ба зиндагӣ рангу бор ва ба дилҳо гармию сурур мебахшад, оташи меҳру самимиятро дар дили инсонҳо бармеафрўзад.

Муаллим офтобе, ки метобад ба баҳру бар,

Зи нури илм равшан менамояд даҳрро яксар.

Муаллим боғбоне дон, ки бахшад тоб гулшанро,

Зи саъйи боғбон рангин шавад райҳону нилуфар.

Муаллим раҳбару кораш бузургу фикру ў воло.

Бувад шуғлаш муқаддас, з-он ки дониш дорад андар бар.

Ба чашми кам мабин ўро, ки ў мар тўдаро рўҳ аст.

Муаллим мўҳтарам бошад, ба ҳар оин ба ҳар кишвар.

Муаллим метавонад миллатеро кордон созад.

Агар ў ҳаст соҳибдард, агар ў ҳаст коригар.

Бале, муаллим, устод, омўзгори ҳақиқӣ бояд ҳамеша дар пайи омўзишу ҷустуҷўй, эҷодкориву навоварӣ, такмили дониш, маҳорату малака ва афрўзандаи чароғи илмии толибилмон бошад.

Муаллими имрўза бояд машъалбардори ҷомеа, пешбаранда ва нуру зиёи ҷомеа бошад. Зеро ояндаи ҷомеа, пешрафту рушду нумўи кишвар ва солимии ҷомеа маҳз аз меҳнату қаҳрамонии муаллим вобаста аст.

Ҳамаи ин суханони саршор аз меҳру самимият ва чакидаҳои ихлосу миннатдорӣ маҳз дар васфи муаллимаи покнажод САОДАТБОНУ ТОШЕВА иншо шудаанд ва буданд фақат чанд нуктае дар ситоиши муаллима ва ва пешаи муқаддасу мӯътабари МУАЛЛИМ!!! Бале, сифоту васфу ситоиши муаллима беҳамтост!

Сармуаллимаи хушбину хушназари кафедраи педагогикаи умумии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров САОДАТБОНУ ТОШЕВА, ки дар тарбияи садҳо кадрҳои баландихтисоси соҳаи маорифи кишвар саҳми арзанда гузоштааст, имрӯз ба синни мубораки шасти камолот қадам мениҳад. Муаллимаи азизу меҳрубон, олимаи варзида, шахсияти фурӯтану хоксор, модари мушфиқу ғамхори ду нафар фарзандони барӯманду чаҳор набераякони дӯстрӯякро бо ин санаи мубораки шасти камолот табрику таҳният намуда, ба муаллимаи азиз саломатии бардавому саодати рӯзгорро таманно дорем. Бигузор муаллима ҳамеша хушбахту комёру саломату хушрӯз бимонанд!!!

Дар хотима чанд мисраъҳои гуҳарбору самимонаи хешро бо номи Муаллим ба муаллима мебахшам:

МУАЛЛИМ

Аҷаб зебост, дунёи муаллим,

Аҷаб паҳност, дарёи муаллим.

Зи нури маърифат маъво гирифта,

Аҷаб бой аст, афкори муаллим.

Саропои ту бошад кони ирфон,

Дилат ангезаи ҳам шўру исён.

Вуҷуди хокият боло гирифта,

Аҷаб бой аст, дунёи муаллим.

Каломи ту каломи ошиқона,

Навои ту навои тоҷикона

Зи меҳрат дўстон маъво гирифта,

Аҷаб волост, афкори муаллим.

Зи нури чашми ў нуре физояд.

Зи қалби поки ў хуне таровад.,

Ҷаҳони ў ҷаҳони номусу нанг,

Аҷаб ноб аст, ашъори муаллим.

Аҳрорҷон Убайдуллоев, устоди кафедраи педагогикаи умумии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ