​Чеҳраи баргузидаи илми таърих

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки омўхтани рўйдодҳои таърихию фарҳангӣ, зиндагиномаи шахсиятҳои сарсупурдаи миллат ва чеҳраҳои баргузидаи адабӣ имкон медиҳад, ки решаҳои худро аз гузашта дарёфт намоем, бо онҳо пайванд доштани хешро эҳсос карда, ба хотири номуси ватандорӣ ном ва корномаҳои онҳоро аз нав зинда гардонем ва ба фарзандони халқи далерамон бо ифтихор дар бораашон ҳарф занем.

Воқеан навиштану гуфтан дар бораи олимони фарҳехтае чун Нӯъмон Неъматов барои зинда гардонидани корномаҳои мавсуф ва баланд бардоштани ҳисси худшиносии ҷавонон нақши муассир мегузорад.

Олим, доктори илми таърих, профессор. Академики Академияи илмҳои Тоҷикистон , Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон.

Соли 1948 Донишкадаи давлатии омўзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) - ро бо ихтисоси бостоншинос хатм кардааст. Пас аз анҷоми таҳсил дар аспирантураи шаҳри Ленинград фаъолияташ дар Пажуҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон оғоз гардида, ҳамчун сардори гурўҳи бостоншиносӣ ва сардори экспедитсияи комплексии бостоншиносии шимоли Тоҷикистон, мудири шуъбаи таърихи фарҳанг ва санъат, сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИТ, директори Мамнунгоҳи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Ҳисор ва роҳбари Маркази илмии таҳқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сурат гирифтааст.

Фаъолияти илмии Нўъмон Неъматов серҷанба буда, тадқиқоти вай ба масъалаҳои археологияи бостон ва асрҳои миёнаи сарзамини Тоҷикистон, таърих ва таърихи маданияти халқи тоҷик ва Осиёи Марказиро фаро мегирад. Нўъмон Неъматов аввалин муҳаққиқи давлати бостонии Уструшана буда, таҳти роҳбарии ў хафриёти димнаи пойтахти ин давлат – шаҳри Бунҷикат, ёдгориҳои атрофи он кашф гардидаанд. Хидмати академик дар омӯхтани археологияи Хуҷанди бостонӣ хеле бузург аст. Маҳз ў таърихи 2500-солаи шаҳри бостонии Хуҷандро исбот кардааст. Яке аз ташаббускорони таҷлили ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён мебошад.

Дар ин мавзеъ осори санъати меъморӣ, наққошӣ, аз ҷумла шоҳасарҳои маданияти оламшумул кашф шудаанд. Хидмати академик Неъматов дар омухтани археологияи Хуҷанди бостонӣ хеле бузург аст. Таърихи 2500-солагии шаҳри бостонии Хуҷандро исбот кардааст. Дар асоси омузиши сарчашмаҳои хаттӣ ва маълумоти археологӣ бисёр масъалаҳои таърихи сиёси ва иқтисодию иҷтимоии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Хуҷанду Уструшанаро ҳаллу фасл намудааст. Муҳаққиқи варзидаи таъриху тамаддуни давлати муттамарказ ва баландмақоми Сомониён, проблемаҳои этногенези халқи тоҷик мебошад.

Нӯъмон Неъматов яке аз муаллифони асари сеҷилдаи (иборат аз панҷ китоб) «Таърихи халқи тоҷик», китоби дарсии «Таърихи ҶШС Тоҷикистон» (Маскав, 1963) мебошад. Ба шарофати комёбиҳои илмии худ, на факат дар Тоҷикистон, балки берун аз он тоҷикон ва таърихи бойи онҳоро муаррифӣ мекунад. Иштирокчии 148 конфронсу кунгураҳои байналхалқӣ ва минтакавӣ, аз ҷумла ҳамоиши байналхалқӣ оид ба археология ва маданияти Кушон (Душанбе,1968); конгресси VIII байналхалқии илмҳои таърих (Маскав, 1970); конфронси илмии байналхалқи таҳти унвони «ал-Форобӣ ва тамаддуни дунё» (Маскав,1975); конфронси атиқашиносони «Эйрена» (Ереван, 1976); конгресси даҳуми байналхалқии антропологҳо ва этнологҳо (Дехли, 1978); конфронси байналхалқии «1000-солагии Абӯалӣ ибни Сино» (Олмон, Халле, 1980); ҳамоиши ИМА-ИҶШС оид ба археологияи Шарқи Наздик, Осиёи Миёна ва Ҳиндустон (Кембриҷ, 1981; Вашингтон, 1982); ҳамоиши дуюми шуравию фаронсавии «Археологияи Осиёи Марказӣ» (Париж, 1985); семинари байналхалқии ЮНЕСКО доир ба Роҳи бузурги абрешим (Тошканд, 1993) ва ғайра. Неъматов яке аз ташаббускорони таҷлили ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён буда, дар таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Нӯъмон Неъматов муаллиф ва муҳаррири нахустин китоби дарсӣ барои мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо номи «Таърихи халқи тоҷик», китоби якум: «Аз инсони оқил то тоҷики баркамол» (Душанбе, 2003) мебошад, ки бо таҷдиди назар ва тибқи талаботи меъёрҳои давлатии маълумоти олӣ ва илми муосир навишта шудааст.

Муаллифи беш аз 720 китобу мақолаҳои илмию оммавӣ мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ