Пешрафти давлату ҷомеа аз сатҳи донишу маърифати мардумаш вобаста аст!

Паёми Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ фарогири масоили мубрами иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва байналхалқӣ мебошад. Имконияти дурусти баҳогузорӣ ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ва тарҳрезии нақшаву ҳадафҳои нав маҳз аз омўзиши Паём ба миён омада, нақши раҳнамоисозиро дорост. Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба кулли тоҷикистониён муждаҳои неку илҳомбахшро расонид. Пайдост, ки иқдомҳои арзандаи Пешвои миллат дар рушди фарҳанги волову ҳуввияти баланди миллӣ, ҷашну анъана ва суннатҳои пурғановати аҷдодӣ барои тарғибу муаррифии хулқу атвори ҳамида ва тафаккури маънавиёти созанда хизмат намудаанд. Дар ин радиф, мо, кулли сокинони мамлакатро месазад, ҳамчун дорандаву муаррифгарӣ урфу одат, фарҳанг, расму оин, ҷашну маросимҳои бостониву шоистаи таҳсин дар роҳи татбиқи сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат тарғибгар бошем. Маҳз тавассути чунин иқдомҳои сарвари нозукбину дурандешаш кишвари азизамон ҳамчун узви ташаббускори ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Таҳлили вазъи имрўзаи ҷаҳонӣ ва тамоюлҳои муносибатҳои байналмилалӣ дурустии роҳи интихобкардаи Сарвари давлатамонро дар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар собит месозад. Дар даҳаи сеюми давлатдории мустақил таъмини ҳадафҳои стратегии давлат дастоварди бузургу беназир маҳсуб меёбад. Аз муҳтавои Паём бармеояд, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва имконпазир аст. Иброз шуд, ки соли сипаришуда 157 муассисаи таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шудааст. Умуман, таъкид гардид, ки аз соли 1991 то имрўз дар мамалакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Давлату Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро соҳаи афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми нерўю тавоноии хешро ба ин самти ҳаётан муҳими кишвар равона карда, барои таълиму тарбияи босамари хонондагону донишҷўён дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои заруриро рўйи кор оварда истодааст. Маориф дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тоҷикон яке аз мардумони қадимии Осиёи Марказӣ буда, дорои фарҳанги бостонист. Дар қаламрави он муассисаҳои таълиму тарбиявӣ аз замонҳои қадим ташаккул ёфта, дар таълму тарбии ҷомеа саҳмгузор буданд.

Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки солҳои 90-уми қарни гузашта бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар як давраи мушкил ҳукмрон гардид ва соҳаи илму маориф низ ба андозае аз рушду инкишо боз монд. Дар ҳамон солҳо аксарияти муассисаҳо донишгоҳу донишкадаҳо қариб, ки дар зинаи аз байн рафтан қарор доштанд ва ё дари худро ба рўи эҳтиёҷмандон пурра баста буданд. Бояд тазаккур дод, ки танҳо ба шарофати дастгирии Пешвои миллат ин ҳама муассисаҳои илмию иҷтимоӣ пурра нигоҳ дошта шуданд, ки дар онҳо беҳтарин фарзандони миллат таҳсил намуда, барои ояндаи миллату давлат ҷоннисорӣ намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳоло аҳли маориф ва ҷомеаи кишвар бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ба масъалаи сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани маърифатнокию ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандии хеш саҳми арзанда мегузоранд. Дар Паёми Пешвои фарзонаи миллат, Президенти мардумии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирўзу имрўз ва фардои илму маорифи диёри азизамон аз масоили меҳвари ба шумор рафта, нуқтаҳои таъкидшудаи зерин моҳияти ин меҳварро ифода кардаанд;

1.Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар ва устувор гардонидани пояҳои моддиву техники муассисаҳои таълимӣ;

2.Баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

3.Идомаи бомароми ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва давра ба давра бартараф кардан ва ҳалли мушкилоти мавҷуда;

4.Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақша – чорабиниҳо вобаста ба инкишофи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва пайваста ба ин, ҷоннок намудани корҳо дар самти эълон намудани солҳои 2020-2040» Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф баҳри тавсеаи тафаккури техники насли наврас;

5.Тадбирҳои фаврӣ андешидан ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ;

6.Ҳамасола ба хотири боз ҳам бештар тақвият додани кор дар самти омўзиши илмҳои риёзиву дақиқ,табии ва ташкилу баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурўғи маърифат»;

7.Ташвиқи хондани китобҳои бадеиву илмӣ ва интишори китобҳои бадеӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ. Дар ин радиф ташкил ва баргузории озмунҳои «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» «Фурўғи субҳи доноӣ…» дар доираи ҳарчи васеътари ҷомеа;

8.Такмили таълим ва омўзиши забони ноби тоҷикӣ, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;

9.Ғамхории беҳтаре зоҳир кардан ба устодону омўзгорон ва падару модари донишҷўён;

10.Баланд бардоштани касбияти омўзгорон;

Бояд қайд кард, ки барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омўзгоронро боз ҳам баланд бардорем.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад. Воқеан ҳам Пешвои миллат аз рўзҳои аввали роҳбарӣ соҳҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Аз ин ҷост, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 7 соли охир солҳои 2013-2020 таҳти раҳнамоию ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои илм ва маорифро ба таври назаррас рушд ёфтаанд. Агар дар соли 2013 дар Ҷумҳурӣ 3836 муассиса ба фарогирии 1713742 хононда фаъолият мекард, пас, имрўз дар кишвар 3893 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 035 158 хонанда фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 124593 омўзгор, аз ҷумла, 74046 нафар зан ба таълиму тарбия машғуланд. Дар муқоисаи солҳои 70–уми даври шўравӣ дар Тоҷикистон 7-8 донишгоҳу донищкада фаъолият менамуд, айни замони шумораи онҳо аз 40 адад гузаштааст. Ин ҳама пешравӣ дар соҳаи илму маориф маҳсули меҳнати шабонарўзии Президенти кишвар мебошад. Оид ба ин масъала Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохўри бо намояндагони соҳаи илму маориф чунин ишора намудаанд. “Ташкили корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ бо мақсади дар истеҳсолот ҷорӣ намудани натиҷаи корҳои илмиву тадқиқотӣ, таҳким бахшидан ба фаъолияти технопаркҳо, робитаи мустаҳками мактабҳо ва марказҳои илмии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ бо корхонаҳои истеҳсолии ватаниву хориҷӣ роҳи дигари пайвастани илм бо истеҳсолот мебошад”. Чунончӣ илова гардид: «Талаботи рўз чунин аст, ки рушди илмҳои дақиқ бояд таъмин карда шудаву натиҷаи корҳои илмӣ дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ ва таҷрибаҳои инноватсионӣ татбиқ гарданд». Қобили қайд аст, ки бо дастгирии Призиденти кишвар муҳассилини тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат кардаву парчами кишварро баланд мебардоранд.

Солҳҳои 2013-2020 хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалию ҷаҳоние, ки дар Федератсияи Русия, Қазоқистон, Туркия, Қирғизистон, Туркманистон, Озорбойҷон, Гурҷистон, Белорус, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Руминия, Булғория, Кореяи Ҷанубӣ, Куба, Аргентина, Бразилия, Молдова, Латвия, Ўзбекистон, Малайзия, Фаронса, Англия, Маҷористон, Ҷопон, Славакия ва Чехия баргузор шуданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 1216 ҷой (248 ҷойи якум, 366 ҷойи дуюм ва 602 ҷойи сеюм) гардиданд.

Дар Тоҷикистон илму мориф, мавқеъ ва манзалати хоссаеро соҳиб аст, ба хубӣ дарк мешавад, ки бидуни маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насл наврас бунёди ҷомеаи солиму созанда ғайриимкон мебошад.

Ҳаминтариқ, паём ин банақшагирии масъулиятноки иродаи сиёсии роҳбари давлат, стратегияи он, дида тавонистани ояндаи вазъи кишвар ва муайян карда тавонистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва берунаи давлат, ки хусусияти бонизом ва танзимкуниро доранд мебошад, ки ба инъикоси мақсад ва ҳадафҳои оянда бо таҳлили натиҷаҳои бадастоварда имкон медиҳад.

Ҳамагон бояд дарк намоем, ки дар замони зудтағийрпазири равандҳои сиёсӣ дар минтақаву ҷаҳон ва шароити пуртазоду бархўрди манфиатҳо ҳифзи неъмати барои ҳар як инсони банангу номус бузургу муқаддас –истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест. Аз лиҳоз, дар роҳи татбиқи амалии ҳадафҳои бузургу созандаи Пешвоимиллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо бояд саъю талош ва кўшишу ғайрати шабонарўзӣ намоем. Бо нангу номуси миллӣ заҳмати содиқонаву фидокорона намуда, иттиҳоду сарҷамъ бошем. Дар тўли фаъолияти чандсолаи созандаи худ Призиденти кишвар дастгирии илм ва маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки стратегияи рушди миллӣэътирофнамудаанд. Амалан дар ин роҳ тадбирҳои зиёд амалӣ карда мешаванд. Афзоиши маблағгзорӣ ба соҳаи илму маориф, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати кишвар нисбати маоричиён ва рушди соҳа чашмрасанд. Ин ҳама водор месозанд, ки дар роҳи азхднамудану таълими илм кӯшиш талоши бештар ба харҷ диҳем, зеро рушди давлату миллат аз сатҳи донишу маърифати сокинонаш вобастагӣ дорад.

Абдуҷабборова Р.А. - сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ