Риояи қонун - кафили рушд, субот ва оромии кишвар

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки санаи 21-уми декабри соли 2021 ироа гардид, бо хусусиятҳои хоси худ аз паёмҳои қабли тафовут ва бартарӣ дорад.Ин ҳуҷҷати барномавӣ ва раҳнамунсоз дар пояи таҳлили амиқи илмию ояндабинӣ омода гардида, дастовардҳо ва бурду бохти давлати соҳибистиқлоли моро дар тӯли 30-соли Истиқлолияти давлатӣ ва дастуру супоришҳои мушаххасро ба солҳои минбаъда дарбар гирифта, дар он бо ёдоварӣ аз лаҳзаҳои барои давлату миллати мо душвору сангин солҳои 90-уми асри XX, зарарҳои ҷониву молии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, рушди иқтисод, ташаккули буҷаи давлатӣ, шуғли аҳолӣ, амалигардии ҳадафҳои стратегӣ, инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ ба монанди маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон, зиёдгардии маошу нафақа, такмили қонунгузорӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, вазъи ҷаҳони имрӯза ва Афғонистони ҳамсоя, робитаҳои хориҷии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои мушаххас барои солҳои минбаъда, сафарбаркунии шаҳрвандон, бахши хусусӣ ва мақомоти масъул ба корҳои ободониву созандагӣ, хайру савоб баён гардиданд.

Дар Паёми навбати Сарвари давлат зикр намуданд, ки роҳи ягонаи пешрафти давлату ҷомеа, ин омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ, забонҳои русиву англисӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар мебошад. Воқеан имрӯз дар шароити рушди илму техника ва рақобати зиёд барои дарёфт намудани ҷои кори муносиб, дониши мукаммал ва касби мувофиқ ба бозори меҳнат зарур мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари шаҳрвандон, махсусан ҷавонони ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ фирефташуда ва ба хурофоту ҷаҳолат сироятёфта, маҳз аз бесаводӣ, дониши дурусти динию дунявӣ ва касбу ҷои кори доимӣ надоштан ба ин роҳи торик рафтаанд.

Вобаста ба ин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки “хурофот ҷаҳолат аст, ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад”.

Барои соҳиби касбу ҳунар гардидан ва донишандӯзии наврасону ҷавонон саҳми волидайн калон аст ва онҳо масъуланд, ки фарзандонашонро чи духтару чи писар бошад хонанд, илму дониш, касбу ҳунар омӯзанд ва барои забономӯзии онҳо шароити заруриро муҳайё намоянд. Дар Паём Сарвари давлат махсус баён намуданд, ки “касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад”. Ин орзи тамоми параду модарон аст, ки мехоҳанд фарзандонашон босавод шаванд ва хушбахтона зинагонӣ кунанд.

Барои таҳкими давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ саривақт қабул, такмил, мукаммалгардонӣ, таъмини иҷрои бечинучарои қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ амри зарурӣ ба шумор меравад. Пешвои муаззами миллат ба вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ муроҷиат намуда, таъкид намуданд, ки қонунҳои кишвар ба муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мутобиқ гардонида шуда, сатҳу сифати қонунҳо баланд бардошта шаванд, механизми иҷрои қонунҳо таъмин ваба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон мутобиқ карда шаванд, ки ин шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад.

Дар ин самт ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ (қонунгузор, иҷроия ва судӣ) зарур мебошад.

Инчунин таъкид гардид, ки қонунгузории кишвар мунтазам таҳлил, такмил, назорат, риоя ва иҷро карда шуда, ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида мутобиқ гардонида шаванд. Зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад.

Халқи тоҷик сабақҳои талхи мухолифату нооромиҳо ва беназмиву беқонунии солҳои 1991 – 1997-ро ҳаргиз фаромӯш намекунад ва мо тамоми амалу рафтори худро бояд дар доираи талаботи қонунгузорӣ амалӣ намоем. Мутобиқи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя ва иҷрои қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи Ватан ва таъмини оромиву суботи мамлакат вазифаи ҳар як шаҳрванд дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Мақомоти прокуратура ҳамчун сохтори махсусгардонидашуда, риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро назорат менамояд. Дар Паём Сарвари давлат мақомоти мазкурро вазифадор карданд, ки “назорати риоя ва иҷрои қонунҳоро аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз мансубият ва шакли моликият, инчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро пурзӯр намояд”.

Мақомоти судӣ ҳамчун шохаи алоҳидаи ҳокимият барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, манфиати давлату ҷомеа саҳми босазо дорад ва ягона мақомотест, ки адолати судиро аз номи давлат ба амал мебарорад. Дар Паём ба мақомоти мазкур дастур дода шуд, ки “вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд”.

Дар ҳолати ба хатогӣ роҳ додани судяҳо дар вақти баамал бароварданисанадҳои судӣ адолати иҷтимоӣ барқарор намегардад, ҳисси қасосгирӣ ва содир намудани ҷиноят ба вуҷуд меояд, боварии шаҳрвандон на ба судяи қарор қабулкарда, балки ба давлат коста мегардад.

Ҷиноят ва қонуншиканиҳо ҳамчун амали хатарнок садди роҳи амалигардии нақшаву тадбирҳои давлату Ҳукумат, амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини суботу амнияти ҷомеа мегарданд ва зиёд шудани сатҳи ҷинояткорӣ, саривақт ошкор нагардидан ва аз ҷазои ҷиноятӣ дур мондани ҷинояткорон боиси коста гардидани боварию эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, зиёд гардидани ҳисси маъюсиву нобоварӣ ба фардои дурахшон мегардад. Яке аз ҷиноятҳои хавфнок, ки дар Паём ишора гардид - муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба шумор меравад. Макони асосии истеҳсоли маводи мухаддир ҷумҳурии ҳамсоя ва азиятдидаи Афғонистон ба шумор меравад, ки зиёда аз чил сол ба майдони бозиҳои калони абарқудратҳо табдил ёфтааст бо Тоҷикистон сарҳади тӯлонӣ дорад. Ин ҳолат ба нашъаҷаллобон сабабу шароити мусоид барои содир намудани ҷиноятро фароҳам меоварад. Маводи мухаддир имрӯз яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, бо дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, ба монанди ифротгароии динӣ, терроризм, хариду фурӯши одамон ва силоҳу лавозимонти ҷангӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Сарвари давлат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз қабили Агентии назорати маводи нашъаовар, милитсия, гумрук, қушунҳои сарҳадӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш доданд, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд.

Дар Паём ба масъалаҳои мунтазам беҳтар кардани шароити хизмат ва зиндагӣ, таъмини техникиву таҷҳизот, ташкили дурусти ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, бо лавозимоту таҷҳизот таъмин кардан, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шуд.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа, вазъияти Афғонистон, ҳодисаҳои ошӯбкоронаи дар Ҷумҳуриҳои Белорусия ва Қазоқистон ба амаломада, бетартибии як гурӯҳ сокинони ВМКБ тоҷикистониёнро водор месозад, ки ҳушёриву зиракии худро дучанд намоянд. То ҳол бозиҳои сиёсии абарқудратҳои Ғарб, манфиатҳои геопалитикии давлатҳои ба ном “демократӣ” ба Осиёи Миёна, ҷанги сарду иттилоотӣ, беасос зери қанот гирифтан ва маблағгузорӣ кардани террорист ва экстремистони дар ҷустуҷӯи байналмиллалӣ буда, идома дорад.

Аз ин лиҳоз, халқи моро зарур аст, ки барои беолоиш нигоҳ доштани мафкураи мардум, ба ҳар гуна дасисаву баҳонаҳои сунъӣ дода нашудани онҳо, рушди босуботи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, риоя ва эҳтироми меъёрҳои қонунгузорӣ, зери партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона ва софдилона фаъолият намоем, нагузорем, ки ягон душмани нохалаф, гурӯҳҳои тундраву ифротӣ, бозингарони сиёсии ғарб ба якпорчагӣ, сулҳу субот, пешрафту гул-гулшукуфоии Ватани маҳбубамон халал расонад. Роҳи асосии ноил гардидан ба ин мақсаду ҳадафҳо дар атрофи давлату Ҳукумат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муттаҳид шудан, бетарафӣ накардан, ҳалиму хоксор будан, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, касбомӯзӣ ва дар руҳияи таҳаммулпазирӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва боварии қаввӣ ба фардои дурахшон тарбия намудани насли ҷавону ояндасоз мебошад.

Ҷабборов И.Р., номзади илмҳои таърих, дотсент, декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ