​Паём – раҳнамои мост

Санаи 21- уми декабри соли ҷорӣ Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки онро мо - омӯзгорон мустақиман тамошо намудем.

Президенти кишвар дар Паёми худ оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, саноатӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва илм, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ибрози назар намуда, дастовардҳои 30 соли Истиқлолиятро қайд намуданд. Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ 3340 муассисаи таълимӣ сохта шуда ба истифода дода шуд. Шумораи хонандагон дар мамлакат 2.200 000 хонандагонро ташкил медиҳад. Барои хонандагони болаёқат 173 муассисаи хусусии таълимӣ сохта ба истифода дода шуд, ки 150.000 хонандагонро фаро мегирад.

Дар вақти ироаи Паём, Пешвои миллат қайд карданд, ки пешравии миллат аз маориф оғоз меёбад ва нисбати маориф бояд ғамхорӣ намуд. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки “Бе рушди соҳаи маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем”. “Бунёди миллат аз маориф оѓоз меёбад”. Сатҳу сифати таълим бояд баланд бардошта шуда, ҳар як омўзгор новобаста аз ихтисос бояд ду забони хориҷиро аз худ намояд. Инчунин, тамоми хизматчиҳои давлатӣ на кам аз ду забони хориҷиро донанд.

Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ махсусан забонҳои англисӣ ва русӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷаи худро зоҳир намуда, барои баланд бардоштани завқу рағбати донишҷӯён нисбати омӯзиши забони хориҷӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шуд.

Аз 01 январи соли 2022 ҳаққи пардохти маоши хизматчиёни ҳарбӣ, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ба 25% баланд бардошта шуд. Аз 01.07.2022 кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар муассисаҳои буҷавӣ 20 % баланд бардошта шуд. Барои аз нав эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ба муддати 10 сол атласу адрасбофӣ, шоҳибофӣ ва пиллапарварон аз пардохтиандоз пурра озод карда шуданд.

Тоҷикистон қариб ба 187 давлати дунё робитаи байналмиллаливу дипломатӣ ва бо 180 кишвар мунисибатҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ дорад.

Ҷашни “Фалак” Иди байналмилалии ҷаҳонӣ ЭЪЛОН гардида, он ба мисли Иди Наврўзқайд карда мешавад.

Ба Ҳукумати давлат супориш дода шуд, ки барои истиқбол гирифтани 35 солагии Истиқлолияти кишвар якчанд лоиҳаҳоро доир ба рушди саноат пешкаш намояд.Президенти кишвар таъкид намуданд, ки мо бояд ҳамеша бо сабру таҳаммул бошем, ба Ватан ҳаргиз хиёнат накунем, эътимоди комил дошта бошем ва Ватани маҳбубамонро бунёд созем.

Устоди кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ