Паём – поягузори маорифу фарҳанг

Чун ҳамасола 21-уми декабри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми анъанавии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кард.

Паёми Сарвари давлат мустақиман дар тамоми шабакаҳои давлатӣ пахш карда шуда, тамоми институтҳои иҷтимоӣ ва муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ аз ин Паёми навбатӣ бархурдор гардиданд.

Пешвои миллатчун анъана дар Паёми худ натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишварро барои соли оянда муайян намуданд. Бахусус барои соли 2022 мавзӯъҳои нави калидӣ ба системаҳои сиёсӣ муайян гардид. Дар толори Кохи Сомон вакилони палатаи болоии парлумон, муовинон, сарвазир, аъзои дастгоҳи президент, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилояту ноҳияҳо, сафирони Тоҷикистон ва меҳмонони хориҷӣ ҳузур доштанд.

Соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда 30-солагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.

Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорем, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.

Дар ин Паёми Президенти кишвар муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон самтҳои муҳими сиёсати дохилиро дар соли 2021-и кишвар мавриди таҳлил қарор дода шуда, масъалаи бемории умумиҷаҳонӣ КОВИД-19, паёмадҳои он, таъсири он ба иқтисодиёти кишвар, бартараф шудани ин хавф маълумот дода шуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо низ таъсири манфии худро расонида истодаанд.

Дар Паём Пешвои миллат ба соҳаи иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, масъалаи илму маориф ва тандурустиро дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор доштанро таъкид намуданд.

Дар ироаи Паёми имсола эълон гардидани солҳои 2022 - 2026 “Рушди саноат”, ки барои кишвари азизамон ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори айни муддао аст. Барои баланд бардоштани некӯаҳволии ҳаёти иҷтимоӣ озод намудан аз андоз барои шахсоне, ки ба истеҳсоли атлас, адрас ва пиллапарварӣ машғуланд басо муфид аст. Ин иқдоми Сарвари давлат буд, ки ҳамеша ба ғамхории мардуми шарифи Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Дар соҳаи маориф бошад, қайд намудан бамаврид аст, ки Пешвои миллат дар ҳар як Паёмҳои гузашта, ба соҳаи маориф назар намуда, пояи устувори давлату давлатдорӣ аз аз маориф вобастагӣ дорад таъкид менамоянд. Пешвои миллат зикр намуданд, ки бе маориф ягон соҳа рушд намеёбад. Бунёди миллат аз маориф оғоз мегардад.

Дар якчанд самтҳои аз ҷумла фарҳанг,санъати мусиқӣ “Фалак” дар феҳрасти ЮНЕСКО ворид гардид, ки боиси сарфарозии ҳар мардуми кишвар мебошад. Имрӯз Тоҷикистони азизу маҳбуби мо бо 180 давлатҳои ҷаҳон муносибати ҳамкорӣ ва диполоматӣ дорад. Ин нишондиҳанда маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат аст, ки тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард.

Аз ин лиҳоз, ҳамчун омӯзгор, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, Паёмро сармашқи кори худ медонам.

Ҳакимова З.- дотсенти кафедраи фалсафа

Қурбонова М.- сармуаллимаи кафедраи фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ