​Паём – раҳнамои зиндагист

Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки санаи 21-уми декабри соли 2021 тариқи оинаи нилгун тамошо намудем, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра дар бар гирифт, барои ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакатамон, хусусан мутахассисони соҳаҳои мухталиф манбаи фаъолияти пурсамар баҳри рушди кишварамон гардид.

Дар Паём оид ба 30-соли фаъолияти пурсамар дар соҳаҳои гуногуни самтҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон зикр рафт. Таваҷҷуҳи асосии роҳбари давлатамон дар Паём ба рушди самти маориф нигаронида шуд.

Дар Паём омадааст: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем, зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Ҳамзамон зикр гардид, ки “...Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.

Дар баробари эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, зикр рафт, ки “Мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад”.

Албатта, мо ҷонибдори ташаббусҳои пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат ҳастем ва баҳри расидан ба ин ҳадаф мебояд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои омода кардани мутахассисони баландихтисос, омӯзонидани забонҳои хориҷӣ диққати махсус диҳем, зеро дар 30- соли истиқлолияти давлатӣ шумораи иншооти нав дар соҳаи маориф ба 3240 адад расидааст, ки барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Чӣ тавре дар Паём роҳбари давлат зикр карданд, дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол зиёд гардида, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст ва аз онҳо ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди кишварамон барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд.

Аз ин лиҳоз, мо устодону омӯзгорон, олимону муҳаққиқон, ҷавонон, бояд хуб дарк намоем, ки “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад, бе маориф ягон соҳа обод намегардад”. Дар партави ин суханони Пешвои миллат “Бе рушди соҳаи маориф ягон қадам пеш рафта наметавонед”-ро раҳнамои зиндагӣ намуда, барои ободиву соҳибкасб намудани муҳассилин саъйю кӯшиш менамоем.

Қӯзиева Нодира - н.и.ф., сармуаллимаи кафедраи грамматикаи забони арабӣ МДТ “ДДХ ба номи аадемик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ