Хидмат ба давлату миллат - рисолати асосии Пешвои муаззами миллат!

Мардуми сарбаланди кишвари офтобии мо маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карда, ба ояндаи неки ватан ва ободкорию созандагиҳо боварию эътимоди комил пайдо карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунӣ таъкид доштанд, ки “ман ҳамчун як фарзанди халқи азизи Тоҷикистон ҳанўз аз рўзҳои аввали фаъолияти худ дар мансаби Роҳбари давлат аз пуштибонии самимии мардуми шарафманди кишвар, дуои хайри падарону модарон, собиқадорону пирони рўзгор ва махсусан, дастгирии фаъолонаи ҷавонони ватандўсту бонангу номус рўҳу нерўи тоза гирифта, дар ҷодаи рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам мегузоштам. Ман аз мардуми азизи Тоҷикистон як ҷаҳон сипосгузорам, ки заҳмату талошҳои маро бо иштироки фаъолонаи худ қадрдонӣ карда, муҳаббату самимияти нисбат ба ман доштаашонро бо додани раъйи хеш исбот намуданд. Ин муҳаббату самимияти халқи азизам маро водор месозад, ки ба хотири ободии Тоҷикистон, оромии Ватан ва осоиши ҳар як хонадони кишвар даҳчанд заҳмат кашам».

Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи мантиқии талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пуршебу фарози таърихи тўлонии худ мебошад. Ҳамаи мо аз таърихи пурифтихори халқамон хуб медонем, ки андешаи истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ ва орзуву ормони озодандешӣ дар зеҳни миллати истиқлолхоҳи мо ва фарзандони некному хирадманди он дар тўли садсолаҳо зинда буд.

Ин буд, ки Пешвои муаззами миллат ҳам бо камоли ихлосу муҳаббат ва самимияте, ки нисбат ба халқи азизи хеш, ба мардуми Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон доранд, баробари сипосгузори ҳамаи онҳо назди мардуми азизи хеш сари таъзим фуру оварда, садоқати олии хешро ба халқи тоҷик ва тамоми тоҷикони олам нишон доданд.Ин садоқатест, ки кайҳо пешорўи мардуми кишвари мо ва тамоми тоҷикони олам собитшудааст ва тоҷикони саросари ҷаҳон ва халқи шарифи Тоҷикистон низ ба камоли ихлосу иродат ҳар ҳарфу сухани Пешвои муаззами хешро истиқбол ва барои ба меҳвари амал қарор додани он пайваста талош меварзанд.

Албатта, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол зери роҳбарии Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело зиёданд ва яке аз комёбиҳои муҳим устуворсозии давлатдории тоҷикон ва ба арсаи ҷаҳон баровардани обрўю нуфузи давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик буд. Маҳз ҳамин дастовард аҳамияти бисёр муҳим дорад, зеро ин масъалаи муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихии муосири мост, вагарна бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва кулли ҳадафу барномаҳои насли имрўзу фардои он маънои ҳастии худро аз даст медод.

Дар Паёми навбатие, ки санаи 21-уми декабри соли равон баргузор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ироа намуда буданд, сар то по барои пешрафти ҷомеаи муосири Тоҷикистон саривақтӣ ва зарур буд, зеро ки ҳамаи ҷабҳаҳое, ки барои як ҷомеаи демократӣ зарур аст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҳама муҳимаш табдил додани Тоҷикистони аграрӣ ба Тоҷикистони аграрӣ – саноатӣ ва дар мавриди пешбурди иқтисоди кишвар ва омода намудани кадрҳои баландихтисос чӣ дар дохили кишвар ва чӣ хориҷ аз он бояд ҷоннок карда шавад.

Масоили дигаре, ки дар ин Паём баррасӣ шуд ҳамаҷониба дастгирӣ намудани соҳибкорон ва истеҳсолгарони саноатӣ аз ҷониби бонкҳои амалкунандаи кишвар ва сохторҳои қудратие, ки бо соҳибкорон сарукор доранд буд. Инчунин ба соҳибкорон супориш дода шуд, ки минбаъд ба намоишҳои байналмиллалӣ маҳсулотҳои ватанӣ бароварда шавад ва паҳн кардани маҳсулотҳо аз ҷиҳати экологӣ тозаю сифаташ баланд бардошта шавад. Аз ин лиҳоз солҳои 2022-2026 “Соли рушди саноаткунонӣ” эълон карда шуд.

Бо кӯшишу ғамхориҳои сарвари давлатамон мУҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар бисёр шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳунарҳои миллӣ ба монанди атласу адрасбофӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзиву кашидадӯзӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ хеле дастгирӣ гардида, занону духтарон бо ҷойи кор таъмин шуда истодаанд.

Аз ин лиҳоз бо мақсаду равнақу ривоҷ додани соҳаи бофандагӣ маҳсулоти бароварда шуда аз андоз озод карда шуд.

Масоили дигаре, ки дар ин Паём баррасӣ шуд ҳамаҷониба дастгирӣ намудани соҳаи сохтмон, ки дар вақти шаҳрсозӣ рушди сохтмон ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ карда шуда дар вақти сохтани биноҳо ва хонаю ташкилотҳо санъатӣ меъморӣ баназар гирифта шавад.Инчунин пешниҳод карда шуд, ки хонаҳои зеборо бунёд карда ба насли наврас ва ҷавонон аз бобою бобокалон мерос гузошта шавад. То ҷашни 35 солагииИстиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонҳар як оилаба масъалаи тозаю озодона манзилҳои зистихудрокӯшиш намоянд,таъмир намуда хонаҳои худро обод намоянд.

Масоили дигаре, ки масъалагузори гардид оид ба истеҳсоли оби тозаи нӯшокии сифати баланд доштава истифодаи сарфакорона ба назар гирифта шавад.

Инчунин ҳадафҳои ба нақша гирифтарооид ба даҳсолаи солҳои 2018-2028, “Об рушди устувор”- роба назар гирифтан лозим мебошад. Гузашта аз ин, боиси қаноатмандист, ки чорабиниҳои байналмилалии ҷониби мо доир ба захираҳои об миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти унвони “Раванди Душанбе дар соҳаи об” эътибор пайдо кардааст. Дар ин радиф, мо тасмим гирифтем, ки соли оянда ҷиҳати идомаи раванди мазкур ва татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 дар пойтахти кишварамон Конфронси байналмилалии сатҳи баландро баргузор намоем.

Миллати тоҷиктўли мавҷудияти таърихии хеш бо шукўҳу эътибори махсуси илму фарҳанги нотакрор этиқоди арзишҳои волои ақливу зеҳнӣ , дастовардҳои шоёни ҳунармандӣтамаддуни башариро зебу зиннат бахшидааст.Ниёгони мо бо шоҳкориҳои ҳунармандони худ инсонҳоро ба созандагию бунёдкорӣ, инсонгарию хештаншиносӣ, омўзишу ҳунару фарҳанг ва таърихи гузашта даъват намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои мутамаддини ҷаҳон буда, дорои фарҳанги суннатии қадимтарини моддиву ғайримоддӣ мебошад. Дар замони муосир ба шарофати истиқлолияти кишвар таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва рушд додани фарҳанги миллӣ, аз ҷумла соҳаи ҳунармандӣ беш аз пеш меафзояд.

Анъанаҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳои мардумӣ дар ҳаёти фарҳангиву маънавӣ ва моддиву маишии халқи тоҷик таърихи тӯлонӣ дорад.

Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаиАсосгузори сулху вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,“Иди фалак – ҷаҳони гашт” эълон гардид, мо мардуми тоҷикба омўхтани ҳунарои қадимии халқи водор намуда, имконият фароҳам овардани ки аз расму оинҳои миллати хеш бохабар бошем.

Дастони моҳиру чобуки ҳунармандон дар давоми қарнҳои зиёд матоъҳо, зарфҳо, асбобҳои мусиқӣ, қолинҳо, сӯзаниҳо, маснуоти заргарӣ ва дигар намуд маҳсулоти ҳунармандиро тайёр мекарданд. Ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон хушбахтона тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта то замони мо расидааст. Аммо бархе аз ҳунарҳо бебозгашт аз байн рафтаанд.

Миллати тоҷик аз зумраи он халқу миллатҳое ба ҳисоб меравад, ки бо таъриху фарҳанги хеш мутасарриф аст. Боиси хушҳолист, ки имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, ки аз ниёгон ба мо омада расидааст, мавҷуд мебошад.

Ҳадафи асосии эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пеш аз ҳама бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони бекор ва бахусус хонашин, кам кардани сафи занони муҳоҷир, татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии падидаҳои номатлуб байни наврасон ва занону духтарон, ба ин васила муаррифӣ намудани ҳунарҳои миллӣ дар замони нави таърихӣ мебошад.

Ногуфта намонад, ки ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро бедор намуда, тахаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии инсонро ганӣ мегардонад. Ҷоизи қайд аст, ки бисёре аз ҳунарҳои мардумӣ, ки замоне фаромуш шуда буданд, бо сиёсати хирадмандона, дастгириву пуштибонии Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон эхё гардида, махсулоти ҳунари дастӣ ба рушду тараққиёти бештар ноил гардида, вазъи иқтисодии ҳунармандон бениҳоят хуб гардидааст,ба инсупориш ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд диққати махсусба он , кидар мудати5 – солто ҷашни35 солагииИстиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳар як ҷавони аз 18- сола боло ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб карда шуда ҳар як фардсоҳиби 1то касб ё ҳунар гардад. Дар баробари ин, барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025 таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешанд.

Хело хуб мебуд, агар мо ҳунарҳои миллиамонро ба насли оянда ба хусус духтарони наврас омӯзонем. Бояд ба ҳар васила имрӯзҳо омӯзиши ҳунарҳои волои мардумиро чӣ дар боғча ва чӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва чӣ дар мактабҳои олӣ ба роҳ монда аз нав эҳё гардонем. Бо ин роҳ дар ботини насли наврас як ҳиссаи зебоипарастӣ ва худшиносии миллиро бедор намуда, дар рушду нумӯи фарҳанги миллӣ ҳиссагузор бошем. Зеро ҳифзу нигоҳдошт, пешкаш намудан, тарғибу ташвиқу гиромидошт ва ба ояндагон омӯзонидани арзишҳои миллӣ вазифа ва қарзи ҳар як фарди фарҳангӣ мебошад.

Масоили дигаре, ки супориш ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шуд диққати махсус додан ба фанҳои табиатшиносиву дақиқ, ки барои пешрафти иқтисодии ҳар кишвар зарур аст ва пешрафти иқтисодиро бидуни илмҳои дақиқ тасаввур кардан ғайриимкон аст, равона карда шуд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Ҳамзамонсолҳои2020—2040 “Омӯзиш ва рушди фанҳои фанҳои табиатшиносиву дақиқ, ва риёзӣ ( табиӣ,риёзӣ ва дақиқ)”давом додаи шавад, бо мақсади сатҳу сифати таълимдар ҳар як муассисаи таълими баланд шавад ва қобилияти эҷодкории хонандагон ва донишҷӯён аз фанҳои табиатшиносиву дақиқ ташаккул гардад. Баъзаи моддии техникии мусссисаҳо баланд бардошта шавад. Баробри ин оид ба тарзи навишти нақшаҳои тавзеҳотӣ (план конспект) ба фанҳоитабиатшиносиву дақиқ ва фанҳои гуманитарӣ бештар фаннҳои забони руссӣ ва англисӣ бештар таваҷӯҳ зоҳир карда шавад, ҳамзамонолимпиадаи фанҳои табиатшиносиву дақиқ ва риёзӣбеҳтар ба роҳ монда шавад.

Акнун вақти он расидааст, ки маъракаи бунёди мактабҳо ва боғчаву кӯдакистонҳоро вусъат бахшида, дар ин кори хайр ҳама якҷо саъю талош кунем ва саҳми худро барои ояндаи давлату миллат гузорем, яъне ғами фарзандонамонро хӯрем. Ислоҳи ин мушкилоти ҷомеа, ки давлат ба он афзалият медиҳад, вазифаи ҳар як сокини бонангу номус ва боиродаву ватандӯст ба ҳисоб меравад ва бовар дорам, ки ин кори хайру савоб аз ҷониби аҳли ҷомеа дастгирӣ меёбад.

Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем.Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд.Чунки тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад.

Масоили дигаре, ки дар Паёми навбатӣ ироа шуда буд, ин масъалаи баланд бардоштани нафақаи маъюбон ва кормандони соҳаҳои маориф, соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, ки соҳаи маориф ба 20 дар саду соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ ба 25 фиссад баланд бардошта шудани музди маоши коргарони давлатӣ ва чуноне ки ба ҳамагон маълум аст дар ҳар як Паёми навбатии худ Пешвои миллат кушиш ба харҷ медиҳанд, ки маоши коргаронрор баланд бардоранд ва аз ҷониби дигар ҳар як Паём сари илм, фарҳанг, маърифат ва маслиҳатҳои зарурӣ пешниҳод карда мешавад.

Чуноне ки дар Паёми навбатӣ гуфта шуд бояд ҳар як зиёӣ, ҳар як хонандаи мактаб, ҳар як донишҷӯ бояд аз бузургони худ ва аз ашъори гузаштагон худ огоҳ бошанд ва забонҳои ҳориҷи алалхусус забони англисиро аз худ намоянд.

Мо саҳми худро дар ин давлатдории муосири тоҷик ва сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузорам ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои дода шударо дастгирӣ менамоям.

Рўзиева Мавлюда Давроновна, дотсенти кафедраи назария ва тарбияи томактабии

факултети психология ва таҳсилоти томактабии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Ҳусейнова Умедахон Умаровна, магистранти факултети психология ватаҳсилоти

томактабии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ