Паём – кафолати осудагии кишвар

Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, раҳнамо ва ҳидояткунандаи раванди боустувори кишвар барои фардои дурахшони ҷомеаи навини тоҷикистониён мебошад.

Пешвои миллат ба тамоми ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ муроҷиат намуда, ҳар як фарди ҷомеаро барои иҷроиши амалҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ватандўстиву садоқатмандӣ, фидокорӣ, меҳнатдўстиву ҳамкорӣӣдӯстиву рафоқат, ваҳдати миллӣ даъват намуданд, ки яке аз арзишҳои муҳим ва кафолатдиҳандаи оромиву осудагии кишвар маҳсуб меёбад.

Зимни баррасии масъалаҳои амнияти кишвар Пешвои муаззами миллат ба проблемаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки эҳтимолияти аз кишвари ҳамсоя – Афғонистон воридшавӣ дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр буда, 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро фарогир мебошад. Дар радифи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ба масъалаи ифротгароӣ, савдои одамон ва хариду фурўши силоҳро яке аз масъалаҳои муҳими замони имрўза номиданд. Имрўзҳо диққати Пешвои миллат махсусан ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона шуда, ин мақомотро кафолати тинҷиву оромии кишвар маҳсуб медонанд ва аз ин лиҳоз таъкид намуданд, ки“...мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, тамоми имкониятҳоро барои ошкор намудани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва қочоқи маводи мухаддир сафарбар намоянд”.

Бештари мушкилоти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақаи Осиёи Марказӣ барои Тоҷикистон рост меояд. Аз минбарҳои баланди созмонҳо Пешвои миллат борҳо таъкид намуда буданд, ки барои мустаҳкам намудани сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто Аврупо бояд тадбирҳои заруриро бояд андешанд. Пешвои миллат таъкид ба амал овардан, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон сиёсати сулҳҷўёна ва ҳамкории баробарона мебошад. Дар мавриди Афғонистон низ мақсаду мароми кишварамонро баён намуданд, аз ҷумла қайд карда шуд, ки “...мо ҳамеша ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар қаламрави ин кишвари ҳамсоя мебошем”.

Дар партави Паёми Пешвои миллат имрўз мо ҳайати профессорону омўзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа илҳоми тоза гирифта, аз методҳои таълимии замони муосир истифода намуда, барои кишвари маҳбуби хеш кадрҳои дорои дониши ҳаматарафа, шахсони ватандўсту садоқатманд ба Ватани маҳбуби худ – Тоҷикистон омода месозем.

Абдулатипов У.Ҳ. – дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа, номзади илмҳои фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ