“Ватанам тоҷикистон” – фахри шаҳрвандони тоҷикон

Боиси хушбахтист, ки имсола Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои демократӣ, кушоду озод баргузор гардид. Албатта эълон намудани солҳои 2022-2026 чун солҳои рушди саноат хеле мувофиқи мақсад аст. Зеро маҳз бо тариқии ин соҳа ҷавонон ба кори доимӣ таъмин мегарданд, маърифатнокиву ватандӯстии онҳо афзун мегардад. Тарақии ин соҳа ба буҷети ҳар як оила фоидаовар аст.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи телефони мобилиро барои кудакону наврасон ва зарари онро мадди назар карданд. Аз ин лиҳоз падару модаронро зарур аст, ки аз таъмини фарзандони худ бо телефонҳои мобилӣ бояд худдорӣ намоянд. Зеро истифодаи телефони мобилӣ асаби кудаконро хароб намуда, барои дур шудан аз мутолиаи китобҳои дарсиву бадеӣ шароит фароҳам меоварад.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсола қайд намуданд, ки “Бе рушди маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем”. Албатта маориф ин пояи давлат аст, лек мутаасифона чи хеле,ки Пешвои миллат қайд намуданд, аксари омӯзгорон аз методҳои куҳна истифода мекунанд, истифодаи дурусти технологияи муосирро намедонанд, салоҳияти касбӣ надоранд ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд. «Конспекти аксари муаллимон куҳна аст, системаи нави иттилотиро намефаҳманд”. Инчунин Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки сабаби асосии пеш рафтани давлатҳои тарақикарда ба монанди Япония, Кореяи Шимолӣ, Сингапур ин аҳамияти ҷиддӣ додан ба соҳаи маориф буд. Онҳо баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 90 фоизи буҷетро барои пешравии соҳаи маориф сарф намуданд.

Боиси хурсандист,ки дар ин ироаи Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро водор намуданд,ки лоиҳаи гузариш ба таъминоти иқтисоди рақамиро пешниҳод намоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми хеш ба соҳаи тиб изҳори нигаронӣ карданд ва қайд намуданд, ки паҳншавии коронавирус тасдиқи он аст, кидоштани мутахассисони соҳаи тиб ҳатмист. Бинобар ин мутахассисони ин соҳаро зарур аст, ки донишҳои назариявӣ ва амалии хешро вобаста аз истифодаи технологияҳои муосир сайқал диҳанд.

Абдулакимова Ҷ.А. – устоди факултети математикаи ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ