​Об ва баъзе муаммоҳои ҳалталаби он

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талошҳои худро дар ҷодаи истифодаи самараноки об бо мақсади тақвияти пешравиҳои бадастомада ва дастёбӣ ба натиҷаҳои нав идома медиҳад. Аз ин лиҳоз, Даҳсолаи байналмилалии нав таҳти унвони “ Об – барои рушди устувор” эълон гардид. Сарвари давлат бо боварии комил изҳор доштанд, ки ин ташаббус заминаи мусоидро барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор оид ба об фароҳам оварда, ба таҳкими нақши об дар раванди ноил гаштан ба дигар ҳадафу мақсадҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда мусоидат хоҳад намуд.

Тоҷикистон мавзӯи марбут ба обро ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки бо ибтикори дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ва президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ таъсис ёфтааст, пеш мебарад. Сентябри соли 2016 Панели мазкур нақшаи амалҳоро қабул намуд, ки яке аз санадҳои дастурии муҳим дар ҷодаи ҳалли масъалаҳои вобаста ба об дар ҳамаи сатҳҳо ба ҳисоб меравад.

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон захираҳои бузурги обро дар теъдоди пиряху дарёҳо, кӯлҳо ва шабакаҳои обии зеризамини доро аст. Дар қаламрави кишвари мо зиёда аз 60 дарсади захираҳои обии минтақаи Осиёи марказӣ ташаккул меёбад.

Ҳукумати Тоҷикистон барои дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об талошҳои пайваста меварзад. Танҳо дар даҳ соли охир ин соҳаи ҳаётан муҳим дар ҳудуди як миллиарду ҳафтсад миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст. Сарфи назар аз ин, Тоҷикистон дар бахшҳои фаръии вобаста ба об ҳоло ҳам рӯбарӯи мушкилот қарор дорад. Чунин ҳолат пеш аз ҳама, бо зерсохтори фарсудашуда, имкониятҳои маҳдуди молиявӣ ва норасоии иқтидорҳои техникӣ вобастагӣ дорад. Тайи даҳсолаи охир ҳолати таъминотӣ зиёда аз якуним миллион нафар аҳолӣ бо оби ошомиданӣ беҳтар гардонида шуд. Ҳамзамон як қисмати аҳолӣ , бахусус, дар деҳот, ҳоло ҳам ба шароити беҳтар дар арсаи беҳдошт ва дастраси ба манбаъҳои тозаи оби нӯшокӣ ниёзманд аст.

Ҳарчанд Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дорост ва солҳои охир мушкилоти таъминоти барқ ҳалли худро ёфта истодааст , масъалаҳои мухталифи ҳалталаби иқтисодиву иҷтимоӣ, ки аз таъмини устувори нерӯи барқ вобастаанд, ҳалли худро ёфтаанд.

Зироаткории обёришаванда ҳалқаи муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолӣ башумор меравад. Зарур аст, ки ба таҷдиди зерсохтори зироаткории обёришавада бояд манбаъҳои зиёди молиявӣ ва талошҳои дахлдор равона карда шаванд. Мушкилоти вобаста ба обро равандҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дучанд печидатар мегардонанд. Тӯли даҳсолаҳои охир масоҳат ва ҳаҷми пиряхҳои кишвар, ки сарчашмаи асосии дарёҳо мебошанд, ба таври назаррас кам шудаанд.Тағирёбии иқлим ва шароити душвори кӯҳсор сабабгори бавуқӯъ пайвастани офатҳои табиии вобаста ба об, аз қабили селу обхезиҳо мебошанд. Бар асари чунин офатҳои табиӣ ҳамасола зерсохторҳо вайрон гардида, масоҳати калон зери об мемонанд ва ба иқтисоди мамлакат зарари зиёд мерасад. Аз рӯи ҳисоби коршиносон танҳо дар натиҷаи гармои ғайричашмдошти тобистони соли 2015, обшавии босуръати пиряху барфтӯдаҳо ба иқтисоди кишвар ба андозаи зиёда аз 600 миллион доллари амрикоӣ зарар расидааст. Аз ин хотир, ҷиҳати ҳифзи манбаъҳои обии кишвар ва бо ин тағйиротҳо мутобиқ гардонидани низоми истифодаи об андешидани чораҳои муассир зарур аст. Идомаи эҳтимолии раванди обшавии босуръати пиряхҳо метавонад ба ташаккули захираҳои обии минтақа таъсири манфӣ расонад. Имрӯз масъалаҳои истифодаи самараноки захирҳои об, кам кардани талафоти он, беҳтар гардонидани сифати об ва пешгирии ифлосшавии манбаъҳои он доимо дар маркази диққати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин асос мавқеъгирии ҳамгироёна нисбати масъалаҳои вобаста ба об, ки метавонад заминаи расидан ба комёбиҳои нав шавад, дар барномаи ислоҳоти бахши оби Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2025 пешбинӣ шудааст.

Барномаи мазкур дар заминаи ду усули асосӣ: ҷудо кардани вазифаҳои сиёсӣ аз танзими фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ ва гузариш ба низоми идоракунии ҳавзавӣ таҳия гардидааст. Расидан ба мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об ва дигар вазифаҳое, ки ба ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об гардидаанд, ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 шомил карда шудаанд.

Барои ин кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи об, бахусус, дар сатҳи фаромарзӣ қайд кардан ба маврид аст. Возеҳ аст, ки имрӯз мушкилоти вобаста ба обро бе ҳамкории фарогир, бахусус, дар сатҳи фаромарзӣ ҳал кардан ғайриимкон аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мавқеи қатъии Тоҷикистонро нисбати мушкилоти печидаи обию энергетикии минтақа борҳо эълон карда, таъкид намудаанд, ки танҳо ҳамкорӣ ягона василаи оқилонаи ҳалли масъалаҳо мебошад. Аз ин рӯ, дар Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба масъалаҳои дипломатияи об диққати хосса дода шудааст.

Пӯшида нест, ки минтақаи Осиёи Марказӣ аллакай оқибатҳои манфии таъсири тағйироти иқлимиро эҳсос менамояд. Ҳарчи бештар солҳои боришоти зиёд ва хушксолиҳо, ҳарорати баланди ҳаво дар фасли тобистон ва хунукиҳои дарозмуддат дар зимистон мушоҳида мешаванд. Дар натиҷаи чунин ҳодисаҳои ғайримуқаррарӣ дар табиат кишварҳои минтақа талафоти зиёди иқтисодӣ бардошта истодаанд ва возеҳ аст, ки ин тамоюл дар оянда ҳам идома хоҳад ёфт. Бар замми он, дар солҳои оянда зиёд шудани аҳолии минтақа ба таври назаррас эҳтимол дорад. Аз ин сабаб, омили мазкур зарурати андешидани чораҳои иловагиро ҷиҳати рушди иқтисодиёт, аз ҷумла, бо мақсади зиёд кардани истеҳсоли маводи ғизоӣ ва нерӯи барқ ба миён меоварад.

Мусаллам аст, ки дар чунин шароит барои таъмини амнияти соҳаи об, энергетикӣ ва озуқаворӣ ҷалби маблағҳои калонҳаҷм ба зерсохторҳои нав, ҳамчунин, технологияҳои муосири сарфаи обу барқ ва истифодаи самараноки захираҳои табиии мавҷуда зарур аст. Он ҳам боиси зикр аст, ки захираҳои обӣ ба сифати манбаи барқароршавандаи тавлиди энергия дар амалияи таъмини консепсия “рушди сабз”, ки ҷавҳарашро раҳоии тадриҷии иқтисод аз пайвастаҳои карбогидритӣ ташкил медиҳад, дорои ҷойгоҳи хосса меошанд.

Захираҳои бузурги обии Тоҷикистон ва қаторкӯҳҳои зиёди он имконияти фаровони истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаро дороянд. Тавассути онҳо кишвари мо метавонад дар татбиқи ин консепсия саҳмгузор бошад. Ҳамкории судманд ва амалҳои мувофиқашуда дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ, бешубҳа, метавонад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди натанҳо вобаста ба об, балки амалӣ гардонидани дигар ҳадафу масъалаҳо мусоидати ҷиддӣ намояд.

Иброҳимзода МАҲРӮЗА,

донишҷӯи курси 2-и

факултети физика-техника

Ҷӯразода МЕҲРОНА,

хонандаи гимназияи ДҲБСТ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ