​Рӯзгоре барои ибрат

Каримзода Осим Қосимӣ 25 ноябри соли 1961 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1978 мактаби миёнаи №1-и шаҳри Хуҷандро бомуваффақият хатм намуда, ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба шуъбаи таърихи факултети таъриху филология дохил шудааст. Фаъолияти меҳнатиашро бо роҳхати донишкада аз моҳи сентябри соли 1982 ба ҳайси омӯзгори фанни таъриху ҷамъиятшиносӣ дар мактаби миёнаи №31-и ноҳияи Хуҷанд оғоз намудааст. Аз соли 1986 то соли 1993 дар Идораи маорифи ноҳияи Хуҷанд дар вазифаҳои мушовири корҳои беруназсинфию беруназмактабӣ ва мудири утоқи методӣ кор кардааст. Аз 27 декабри соли 1993 то моҳи феврали соли 1995 вазифаи мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи ноҳияи Хуҷанд ва аз моҳи марти соли 1995 то 8 декабри соли 1999 роҳбарии дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро адо намудааст. Аз 8 декабри соли 1999 то 27 январи соли 2004 вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Суғдро дар ӯҳда дошт.

Бо қарори раиси вилоят аз 27 январи соли 2004 муовини аввали раиси вилоят таъин гардид ва ин вазифаро то 18 декабри соли 2006 дар ӯҳда дошт. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2006 то 11.05.2012 вазифаи ректории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро ба зимма гирифт. Аз 11.05.2012 то 28.08.2012 профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буд.

Каримзода Осим Қосимӣ аз 27-уми феврали 2015 дар вазифаи сардори Раёсати маорифи вилоят Суғд кор мекунад.

Бо фармони директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи улуми Федератсияи Руссия Б.Ф. Рибаков таҳти рақами 15 аз 6 октябри соли 2000 ба ҳайси докторант-тадқиқотчии пажӯҳишгоҳ қабул гардидааст. Баъди ба итмом расонидани рисолаи докториаш бо иҷозати раёсати пажӯҳишгоҳи мазкур моҳи декабри соли 2002 дар Пажӯҳишгоҳи таърих, археология ва мардумшиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон онро таҳти унвони «Таърихи илми таърихшиносии Тоҷикистон» бомуваффақият дифоъ намудааст. Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маорифи Федератсияи Руссия аз 19 сентябри соли 2003 таҳти рақами 35д/27 сазовори унвони илмии доктори илмҳои таърих гардидааст.

Барои хизматҳои шоиста дар рушди соҳаи иҷтимоӣ, илму фарҳанг ва маориф, хизмати намунавии давлатию ҷамъиятӣ, фаъолияти босамар ҷиҳати таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории байни халқҳо бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 бо ордени «Шараф», дараҷаи II сарфароз гардидааст. Соли 2011 бо медали ҷашнии «20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст. Дорандаи унвони Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (соли 1991) мебошад.

Бо сарфарознома ва ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (солҳои 2001, 2002, 2003, 2008), Ифтихорномаи Шӯрои Марказии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон (соли 2003) тақдиронида шудааст.

Дар даъвати дуюм (солҳои 2000-2005) аз ҳавзаи интихоботии №61 Ғафуров вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб шудааст. Дар ду даъват (солҳои 1995-2000, 2000-2005) вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интихоб гардидааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ