Дарси сулҳ

Сулҳ яке аз неъматҳои бебаҳост, ки Худованд онро дар Қуръон “хайр” номидааст. Офаридагори олам вақте миёни як қавм ё як миллате сулҳу оштӣ меорад, пас ин далолат бар он мекунад, ки ин миллатро Худованд дўст медорад. Хушбахтона, мо тоҷикон аз он миллате ҳастем, ки Худованд ба он чунин неъмати пурарзишеро инъом намудааст. Қариб 30-сол мешавад, ки офтоби сулҳу салоҳ дар осмони Тоҷикистони азизамон нурафшонӣ мекунад. Ин ҳама бо баракат ва саъю талоши шабонарўзии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ғамхори миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ҳамасола рўзи якуми сентябр дар яке аз муассисаҳои олии кишвар рўзи дониш ва дарси сулҳ бо иштирок ва суханронии Ҷаноби олӣ баргузор мегардад. Имсол бошад ба сабаби пандемияи коронавирус рўзи дониш пештар оғоз гардид. Дар суханронии худ Президенти муҳтарам оғози соли нави таҳсилро ба тамоми сокинони Ватани азизамон падарворона табрику таҳният гуфтанд. Дар оғози дарси сулҳ бебаҳо ва пурарзиш будани неъмати сулҳ ва ба ҷо овардани шукронаи онро ба ҳамаи мо ёдрас намуданд. Сипас дар баёни аҳаммият доштани илму дониш барои рушди маънавиёти инсон ва барои инкишофи давлату миллат суҳбат намуда, баҳри пешрафту тараққиёти миллату давлат ба масъалаи эълон гаштани солҳои 2020-2040 ҳамчун солҳои омўзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ таъкид карданд ва тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман муассисаҳои таълимиро вазифадор намуданд, ки бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва мафкураи техникии насли наврасро қавӣ гардонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ саъю талоши шабонарўзӣ менамоянд, ки ягон фарзанди тоҷик аз илму дониш маҳрум набошанд. Бинобар ин дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то имрўз садҳо муассисаи нави таълимӣ бо шароити муосир бунёд намуданд. Қобили зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 9 мактаби Президентӣ бо фарогирии қариб 8 ҳазор хонанда, 75 гимназия барои зиёда аз 53 ҳазор толибилм ва 71 литсей барои 36 ҳазор донишҷў таъсис дода шуд. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар мамлакат ба 75 ва шумораи шогирдони он қариб ба 90 ҳазор нафар расидааст, ки аз онҳо 32 муассиса дар замони истиқлол ба фаъолият шурўъ кардааст. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 40 расидаанд, ки дар он беш аз 227 ҳазор нафар донишҷў таҳсил намуда, шумораи хатмкунандагони замони Истиқлол беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Инчунин зиёда аз 35 ҳазор нафар ҷавонони Ватани азизамон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи дунё таҳсил карда истодаанд.

Дар охир ҳаминро гуфтаниам, ки миллате раҳбареро ба худ ихтиёр намуданд, ки ў соҳиби илм ва дўстдори илм аст ва боз дўст медорад, ки он миллат ҳам аз илм бархурдор бошанд, ояндаи ин миллат бисёр дурахшон хоҳад буд.

Шарипова М.-дотсент

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ