​Пешвои накӯкомёби файзовар!

Мақолу ҳикматҳои зисти халқи мутамаддини тоҷик манбаи ҳаётӣ доранду аз таҷрибаи таърихӣ сарчашма мегиранд. Хусусан, ҳикмати пурмаъно дар ибораи “ҳаёт мубориза аст” ҷойгир шудаву фардони соҳибидроке ба азму талош ва пайгирӣ барои пешрафти ҷомеа бо ҳаракату ғайрати қаҳрамонона метавонанд дар тавлиди равандҳои мусбӣ саҳмгузор бошанд. Вагарна, дар ҷомеа фазои беҳаракатию карахтӣ ваноаёну рукудҳукмрон мегардаду заминаи фасоду дурнамои ҷомеа ё худ мамлакат мешавад. Таърихи ҷомеаи инсонӣ дар сатҳи давлатҳои ҷаҳон собит сохтааст, ки дар мамлакате, ки сарвараш истеъдоди хосаи роҳбарӣ надораду ҳушёру зиракиро соҳиб нест, боиси рушди бесарусомониҳо мегардаду мамлакат хароб мешавад. Чунки, аҷдодонамон беҳуда нагуфтаанд, ки “ шоҳ гар одил набошад, мулк вайрон мешавад”.

Хушбахтона, даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони соҳибманзар ба толеаи мардуми меҳнатқарини тоҷик шахсияти арзандаеро ба арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд, ки бо матонату ҷасорат ва иродаи қавӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонист мамлакатро сарҷамъу ваҳдати миллиро пойдор намояд. Ин қаҳрамони набарди ҷаҳонӣ Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки сиёсати одилонаи дохилӣ ва хирадмандонаи хориҷиашон ба ҷаҳониён миллати тоҷикро, чун сулҳхоҳу соҳибтамаддун, табиатдӯсту ватанпарвар муаррифӣ кардааст. Маҳз ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайваста ин абармарди ватандӯстбуд, ки дар мамлакатиҷангзадаиТоҷикистон имрӯзҳо сулҳу субот пойдор асту мардум дар айёми осоиштаю ором ба заҳмати созанда кишвари худро обод намуда истодаанд. Сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат ба шаҳру навоҳии мухталифи мамлакат шаҳодат медиҳад, ки бо қадами мубораки ӯ файзу баракат дар диёрамон зиёда мешаваду гӯшаҳои гуногуни Ватани маҳбубамон ободу зебо мегардад.

Давоми сафарҳои корӣ зоҳир гардидани таваҷҷӯҳи хосаи сарвари давлатамон ба табақаи ниёзманди ҷомеа – ятимони наврас гувоҳии бузургдилӣ, шаҳомат ва пурмеҳрии ин абармард аст, ки ҳамагонро ба ҳаяҷон меоварад. Амалҳои накӯкорӣ ва меҳрубонии самимии Пешвои муаззам барои ҳамаисокинони кишвар намунаи олии ибрат ва мактаби баланди инсонӣ маҳсуб меёбад. Бар замми он, давоми сафарҳои корӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилотҳои мавҷудаи соҳаҳои иқтисодӣ – иҷтимоии маҳал эътибори махсус медиҳанд, ки аз дастуру супоришҳои оқилонаашон падидор аст. Мардум аз он ғамхориву нигоҳи некбинона рӯҳбаланд гардида ғайрату кӯшиши худро ҷиҳати ободии кишвар дучанд менамоянд.

Месазад, ки ҳар як фарди бономусу ориятдориТоҷикистонӣ аз рафтору гуфтор, хизматҳои шоиста ва матонату мардонагии Пешвои маҳбуб нерӯи иловагӣ гирад ва барои боз ҳам бештар дӯст доштану садоқат ба Ватани худ ғайрат намоянд. Моро зарур аст, ки ҷабҳаҳои мусбии фаъолноки муваффақи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарк намоем ва баҳри дар рӯҳияи меҳнатпарварӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ тарбиянамудани наслҳои ҷавон истифода кунем.

Тоҷикону Тоҷикистон доимо зинда бод!

Офтоби Истиқлоли Ватан поянда бод!

Собиров М.С. – мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати

МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент.

Аминов М.Ҳ. – декани факултети геоэкологияи

МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дотсент.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ