: “Таҳлили фаъолияти молиявии корхонаҳо”

Дар факултети иқтисодӣ дарси кушоди онлайнии дотсенти кафедраи молия ва андоз Акрамов Мамараҷаб доир шуд.

Дарси мазкур аз фанни Молия ба роҳ монда шуда, ба мавзуи “Таҳлили фаъолияти молиявии корхонаҳо” бахшида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси мазкур барои донишҷӯёни бахши чоруми ихтисоси андоз ва андозбандӣ гузаронида шуд.

Дар дарси кушоди онлайнӣ, мушовири ректор профессор Раҳимов Абдуфаттоҳ, декани факултети иқтисодӣ дотсент Нуриддинова Манзура ва устодони факултет ширкат намуданд.

Дарси кушоди онлайни мувофиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ бо истифодаи аёният, воситаҳои техникии муосир, ҳисоботи молиявии корхонаҳо, тавозуни муҳосибии корхона, ҳисобот оиди натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ-молиявии корхона гузаронида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ