Таҷлил аз Рӯзи матбуот: “Матбуот – оинаи ҷомеа”
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Матбуот-оинаи ҷомеа” чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки дар он собиқадорони соҳаи матбуот, масъулину намояндагони устодону кормандон ва фаъолони маҳфилҳои иттилоотӣ-таҳлилии донишгоҳ
Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом иштирокчиёни чорабиниро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона табрик гуфта, дар мавриди таърихи пайдоиш ва ташаккули матбуоти тоҷик ибрози назар намуд.
Таъкид гардид, ки 11-уми марти соли 1912 аввалин шумораи рӯзномаи миллии тоҷикӣ бо номи “Бухорои Шариф” нашр гардид, ки аз ин рўзи фархунда 111 сол сипарӣ мешавад.
“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши воситаҳои ахбори оммаро дар ҳаёти ҷомеаи муосир бузург арзёбӣ карда, таъкид намудаанд, ки “Мардум ба матбуот бо умеду боварӣ менигаранд ва дар симои журналистон ашхоси ҳақгӯву ҳақталош, такягоҳ ва пуштибони худро мебинанд. Зеро воситаҳои ахбори умум минбари тавоно ва фарогири ҷомеа маҳсуб ёфта, афкори ҷомеаро ташаккул медиҳанд” – зикр намуд ректори донишгоҳ.
Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати пур намудани фазои иттилоотии кишвар, ба мазмуну мундариҷа, муҳтаво ва тарҳи сомонаи расмии донишгоҳ, фаъолияти нашрӣ, медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав, бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонидани Студияи радиотелевизионии “Фурӯғ”, сифати пахши барномаҳои муштарак дар телевизиону радио ва вусъатбахшии ҳамкориҳо бо тамоми намуди расонаҳо аҳамияти хос зоҳир намуда, тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Иттилоъ дода шуд, ки феълан дар сомонаи расмии донишгоҳ як қатор бахшҳои судманд фаъоланд, ки “Пешвои маорифпарвар”, “Фарҳанг ва маърифат”, “Чароғи маърифат”, “Парвардагони мо”, “Шогирдони шоиста”, “Тозанашр”, “Мо дар ВАО”, “Китобхонаи электронӣ”, “Афкор”, “Навид”, аз љумлаи онњо буда, фаъолияти илмиву эҷодӣ, ташаббускорӣ, навоварӣ ва дастовардҳои равандҳои фаъолияти донишгоҳро инъикос менамояд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ танҳо давоми соли 2022 дар бахшҳои сомонаи донишгоҳ беш аз 3100 маводи гуногунжанр интишор гардида, теъдоди умумии хонандагони он наздик 180 ҳазор нафарро ташкил дод.
Дар идома ректори донишгоҳ аз нақшу саҳми нашрияи “Нури маърифат” ва студияи таълимии радиотелевизионии “Фурӯғ”-и донишгоҳ дар самти пур намудани фазои иттилоотӣ таъкид намуда, нақши ин дастгоҳҳои иттилоотии донишгоҳро ҳамчун минбари устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар инъикоси навгониҳо, дастоварду пешравиҳоидонишгоҳ муҳим арзёбӣ намуд.
Изҳори бовар шуд, ки донишгоҳ минбаъд низ дар тарбияи кадрҳои лаёқатманд ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат саҳми арзанда гузошта, масъулину намояндагони равандҳои иттилоот ва таҳлили донишгоҳ дар пур намудани фазои иттилоотӣ ва таҳкими нуфузи донишгоҳ хидмати шоиста анҷом медиҳанд.
Дар фарҷом устодону кормандон ва фаъолони маҳфилҳои иттилоотӣ-таҳлилии донишгоҳ бо сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.
Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ мазмуни бештар эҳдо намуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил