Паёми Пешвои миллат – ҳидоятгари халқу миллат

“Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврасэътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро, агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад. Миллат бесавод мемонад. Ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷаи ин ҳама оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.”

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон23.12.2022, шаҳри Душанбе

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо масъалагузориҳои муҳим ва таҳлилҳои амиқи бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ пешниҳод гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём зикр намуданд, ки имрӯзҳо шиддат гирифтани низоҳои геосиёсӣ, тағйирёбии иқлим, зиёд гардидани талабот ба маводи истеъмолӣ ва доман паҳн намудани бемориҳои сироятӣ моро ҳушдор медиҳад, ки аз пештара дида иттиҳоду сарҷамъ бошем ва аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода барем.

Қайд намудан зарур аст, ки ҳадафи асосии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии зиндагии мардуми кишвар мебошад ва барои расидан ба ин нақшаву ҳадафҳо моро зарур аст, ки аз пештара дида аҳлона заҳмат кашем. Дар ҳақиқат Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми руҳбахшу саодатовар буда, моро ба зиндагии дурахшон ҳидоят мекунад.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат 120 гуна имтиёзҳои андозиву гумрукӣ муайяну амалӣ гардид, ки ин ҳолат ба инкишофи соҳаи мазкур мусоидат намуд. Хушбахтона, маҳз бо дастгириву пуштибонӣ аз сиёсати давлатӣ соҳибкорони ватанӣ дар ин давра низ дар якҷоягӣ бо шарикони худ 18 ҳазор иншооти таиноташон гуногунро сохта мавриди истифода қарор дода, ба ин васила дар таъмини ҷойи кор ва беҳтар намудани сатҳу сифати рӯзгори сокинон мусоидат намуданд.

Имрӯзҳо мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусу пешниҳодҳои созандаву инсонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба обу экология ва қабули навбатии қатъномаи Маҷмӯаи умумии Созмони милали муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи байналмилалии пиряхҳо ҷонибдорӣ намуда, ҳавасмандии худро барои амалигардии он баён дошта истодаанд.

Ҳамчунин мувофиқи қатъномаи мазкур фонди махсус таъсис ёфта, соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси сатҳи байналмилалӣ ташкилу баргузор карда мешавад. Дар воқеъ, ташаббус ва иқдоми зикршуда муҳим ва таърихӣ мебошад, зеро он ба пойдории мавҷудоти зинда, яъне ҳаёт алоқаманд аст.

Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.

Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.

Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид.

Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард.

Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳамзамон дар 31 соли истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаи таълимӣ бунёд гардида буд.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки соҳаи маориф ва илм дар сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳукумат дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад ва рушду густариши тамоми бахшу соҳаҳои хоҷагии халқ аз он вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, барои пешрафти кори соҳа дар соли 2022 аз ҷониби буҷаи давлат беш аз шаш миллиард сомонӣ ҷудо гардид, ки дар муқоиса ба солҳои гузашта беш аз 700 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар воқеъ, бунёди миллату давлати мутамаддину пешрафта аз соҳаи маориф ва илм вобастагии калон дорад. Ҳамин аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи зеҳнӣ таваҷҷуҳи хосса дорад. Баланд гардидани музди маоши кормандони соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва илм ва баланд гардидан ҳама гуна стипедия аз ҷумлаи ғамхориҳои навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар Паём зикр шуданд.

Дар доираи ҷашнҳои 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ чопи теъдоди афзуни китоби “Тоҷикон” ва ба ҳайси армуғон ирсол ёфтанаш ба ҳар хонадон аз ҷониби Садри муаззами кишвар беҳтарин намоди таблиғ ба китобхонист ва рӯ овардану арҷ гузоштан ба таърихи миллат буд. Аз оғози истиқлолият пайваста Пешвои муаззами миллат зикр менамоянд: “Бидонед, ки китобхониву китобдӯстӣ инсонроҳатман ба қуллаҳои мурод мерасонад, мартабаашро дар ҷамъият баланд, ӯро ҳимматбаланду қадршинос мегардонад. Эҳтиром ба ватан, ифтихор ба Тоҷикистони азиз, дӯст доштани ҳар гӯшаву канори он аз дуруст мутолиа кардани китоб ва аз бар кардани мазмуни матнҳои он ба даст меояд “.Тибқи ин панди нобалакай кишвари мо ва сокинони шарафманди он дар ин ҷода таҷриба доранд, ки аз ба роҳ мондани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба даст омадааст ва аз ин ҷост, ки Паём аз идомабахшии ин озмун шаҳодат дод, ки заминаи калидии наҷоти бештараз ҷоҳилӣ, мутаассибӣ ва тундгароӣ хоҳад шуд ва бо ин васила ба оламиён аз соҳибмаърифатӣ, тамаддунсозӣ, шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва соҳибдевону соҳибдафтар будани миллати тоҷик гувоҳӣ хоҳад дод.

Тазаккур бояд дод, ки ҳамасола аз ҷониби ҳукумати кишвар ва соҳибкорону шахсони саховатпеша даҳҳо муассисаҳои таълимии замонавӣ бунёд мегарданд, ки ин пеш аз ҳама бо мақсади соҳибмаърифат намудани сокинон равона шудааст. Соҳибилму соҳибкасб намудани сокинони кишвар бошад аз ҷумлаи ҳадафҳои арзишмандест, ки зери таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияи Олии кишвар қарор дорад.

Боз ҳам дар зебову шево нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва ба насли оянда бо тозагӣ интиқол додани он, ки хеле самимона аз забони Сарвари давлат садо дод, вазифаи се ниҳод аст. Фарзандони мо дар радифигӯишҳову вожаҳову тадбирҳои мо ба воя мерасанд ва тарзи такаллуми моро нусхабардорӣ менамоянд. Маҳз китоб хондан ва ҳифз намудани матну ашъор ва қисаҳо дар пайдоиши нутқиравон зима мегузорад ва гӯишҳои дағалу жаргону ҳақорату таҳқирро аз байн мебарад, забонро бой ва зебо месозад ва дар бахши аъзами Паём садо додани ҷумалоти таконбахш: “Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллат расем ва дар баробари ин ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем”, моро водор менамояд, ки бо ифтихор аз он пайгирӣ намоем. Барои ба манзалати яке аз халқҳои пешрафта расидан мо бояд аз сабақҳои он халқҳои ба пешрафт ноилшуда истифода барем,яъне ба умеди дигарон нашуда, худҳоямон талош варзем, ҳиммат намоем, зеро ин ба ҳайси асли куллӣ ва асосӣ шинохта шудаст.

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми бахшу соҳаҳоро фарогир буда, ҳамчун қутбнамо моро ба музаффарияту муффақиятҳои боз ҳам бештар роҳнамоӣ мекунад.

Мо кормандони соҳаи маориф ва илми кишварро зарур аст, ки тамоми дастуру супоришҳои сарвари давлатро, ки дар Паём зикр доштанд сармашқи кори худ намуда, сатҳу сифати таълиму тарбияро баланд бардошта, мутахассисони рақобатпазири ба бозорҳои меҳнат ҷавобгӯро омода намоем.

Бояд ҳамагон, хусусан омӯзгорон ва волидон дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар масъулияти бештар ҳис намуда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ба камол расонанд.

Дар ин росто, ҳамаи ин дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шахси ватандӯсту худогоҳи халқу миллатро водор месозад, ки баҳри эъмори Тоҷикистон навин ва рушди босуръати кишвари азизамон бо дили дидаи гарму нигоҳи тоза ва талошу кӯшишҳои пайваста хизмати арзанда намуда бошем.

Воқеиятизиндагӣ имруз беш аз пеш талқин месозад, ки ҳар як инсони бонангу номус, ватанхоҳу ватандӯст ва ҳимматбаланду саховатпеша бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайъу талоши созандаи хешро ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сарф намояд ва сарзамини биҳиштосоямонро боз ҳам дар ҷаҳон азизу мукаррам ва маҳбубу машҳур гардонад.

Мардуми бофарҳангу ободкори Тоҷикистони навин ҳамеша ба оянда нигоҳу диди нек доранд ва бо боварӣ гуфта метавонем, ки дар ҳамбастагӣ минбаъд низ барои фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар, таъмини рӯзгори тинҷу осоиштаи халқи азизамон ва дастовардҳои нав қадамҳои устуворона мегузорем.

Дар ин раванд Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қутбамои ҷомеаи мутамаддин, роҳнамо ва ҳидоятгари мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Аҳрорҷон Убайдуллоев-устоди кафедраи педагогикаи умумии“МДТ” Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ