Озмун: “Луғатдонӣ”

Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барои иҷро намудани дастуру супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати азёд намудани400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм озмуни“Луғатдонӣэълон менамояд.

Озмуни “Луғатдонӣдар доираи 400 вожаи аз ҷониби Вазорати маориф ва илм пешниҳод шуда баргузор карда мешавад.

Дар озмуни мазкур тамоми донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ (ба истиснои факултети забони хориҷӣ ва филологияи рус) иштирок карда метавонанд.

Даври аввали озмун дар факултетҳо аз санаи 21.11.2022то 5.12.2022 гузаронида шуда, ғолибониҷойҳои 1,2,3 ба даври донишгоҳии озмун роҳхат мегиранд.

Соҳибмақомони даври донишгоҳӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ - педагогӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ