​Нишасти матбуотӣ: Натиҷагирӣ аз фаъолияти донишгоҳ давоми соли 2022

Имрӯз, санаи 6 феврали соли равон дар толори хурди раёсати донишгоҳ нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар кори нишаст рӯзноманигорон аз нашрияҳои “Садои мардум”, “Омӯзгор”, “Ҳақиқати Суғд”, “Суғд ҳақиқати”, “Тирози ҷаҳон”, оҷонсиии иттилоотии “Суғд - нюс” ва телевизионҳои “Тоҷикистон”, “Сафина”, “ТВ Суғд”, “См-1”, “Азия”, “Танин”, “Диёр”, “7 ситора” ва ғайра ширкат намуданд.

Ректори донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом доир ба самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ давоми соли 2022 ҳисобот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаёти донишгоҳ як қатор рӯйдодҳои муҳим ба вуқуъ пайваста, ҷомеаи меҳнатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Роҳбари донишгоҳ зикр дошт, ки яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо давоми давраи ҳисоботӣ бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғози сохтмони бинои замонавии 9 ошёна бо 140 синфхона барои 4000 донишҷӯ мебошад.

Гуфта шуд, ки дигар аз воқеаҳои муҳим дар раванди таълими донишгоҳ ифтитоҳи як қатор лаборатория ва маркази тадқиқотӣ маҳсуб меёбад.Аз ҷумла, дар ин давра дар назди кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм озмоишгоҳи таълимӣ - таҳлилӣ ва дар факултети биология ва химия маркази нави тадқиқотӣ таъсис дода шуд.

Дар раванди таълим дар давраи ҳисоботӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сегонаи беҳтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дохил гардид.

Профессор Аюб Усмонзода таъкид дошт, ки раёсати донишгоњ љињати дар сатњи баланди касбї тайёр намудани кадрњои тахассусманди омўзгориву техникї мунтазам корбарї намуда, дар доираи чунин тадбирҳо факултети нави муҳандисӣ-техникӣ (рӯзона ва фосилавӣ) дар ноҳияи Ҷаббор Расулов таъсис ва ба фаъолият шуруъ намуд. Афзун бар ин, кафедраҳои иттилоот ва технологияҳои робитавї, назарияи физика, лабораторияи методикаи таълими физика (механика ва физикаи молекулявӣ) ва ихтисосњоисистемањои радифї ва рўизаминии алоќаи мобилї, таълими касбї (агромуњандисї)ва биоэкология, забон ва адабиёти ўзбек. Забон ва адабиёти рус, забон ва адабиёти ўзбек. Забони англисї, таълими касбї (энергетика), тањсилоти ибтидої. Санъати тасвирї, эпидемиология таъсис ёфтанд, ки аз рӯйдодҳои муҳиму судманди сол маҳсуб меёбанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ 4 рисолаи докторӣ ва 22 рисолаи номзадӣ ба дифоъ расиданд.

Маълумот дода шуд, ки донишгоҳ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар озмунҳои ҷумҳуриявии«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мақоми аввал, «Илм-фурӯғи маърифат» мақоми дуюм ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» яке аз ҷойҳои намоёнро соҳиб гардид.

Дар қисмати дуюми нишаст мавзуъҳои марбут ба сохтмони бинои нави таълимӣ, раванди таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, ифтитоҳи лаборатория, ҷалби магистрантону докторантон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи иқомат дар хобгоҳ, рушди интеллекти сунъӣ дар донишгоҳ, теъдоди донишҷӯёни эҳтиёҷманд мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба суолҳои рӯзноманигорон аз ҷониби ректори донишгоҳ ва масъулин посухҳои муфассал ироа гардиданд.

Ректори донишгоҳ дар фарҷом ба намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ҷиҳати инъикоси набзи фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мунтазам саҳми арзанда гузоштанд, миннатдории аҳли раёсат ва ҷомеаи меҳнатиро иброз намуд.

Изҳори умед шуд, ки ҳамкории судманди ҷонибҳо дар соли 2023 низ таҳким ёфта, дар якҷоягӣ дар роҳи расидан ба дастовардҳои арзанда ва ба хотири рушд равобити созанда ба роҳ монда хоҳад шуд.

Ба аҳли қалам доир ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров давоми нимсолаи аввали соли 2022 “Паёми иттилоотӣ” дастрас гардид


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ