Нишасти матбуотӣ: натиҷагирӣ аз фаъолияти донишгоҳ дар соли 2021

Нишасти матбуотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлативу хусусӣ доир гардид.

Абдуфаттоҳ Раҳмимов, муовини ректор оид ба корҳои таълим ба рӯзноманигорон ҷиҳати ҳамкории судманд давоми соли 2021 ва инъикоси воқеъбинонаи набзи донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ аз номи роҳбарияти донишгоҳ изҳори сипос намуда, доир ба натиҷаи равандҳои фаъолияти донишгоҳ ҳисобот дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ соли 2021 – ро бо як қатор дастовардҳои наҷиб ҷамъбаст намуда, ҷиҳати таҳкими фаъолият иқдом доранд.

Гуфта шуд, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳо дар давраи ҳисоботӣ бомуваффақият аз аттестатсияи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани донишгоҳ ва соҳиб гардидан ба иҷозатномаи фаъолият барои панҷ соли оянда маҳсуб меёбад, ки ин аз мавқеи муайяни донишгоҳ дар байни муассисаҳои давлатии таълимӣ шаҳодат медиҳад.

Дар донишгоҳ 876 нафар омӯзгор, аз ҷумла 54 нафар доктори илм, профессор, 403 нафар номзади илм, дотсент, 208 нафар сармуаллим ва 211 нафар муаллим фаъолият менамоянд, ки беш аз 52 %-и теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд.

“Давоми соли 2021 дар донишгоҳ 40 рисолаи номзадӣ ва 4 рисолаи докторӣ ҳимоя шуданд, ки нисбат ба соли 2020 рисолаи номзадӣ 5 номгӯ ва рисолаи докторӣ 2 номгў зиёд дифоъ гардидааст”, - зикр намуд профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов.

Дар ин давра 2 нафар устодони донишгоҳ бо Медали хидмати шоиста, 13 нафар бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 нафар бо ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, 8 нафар бо ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд сарфароз гардиданд.

Соли 2021 магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар Озмунҳои “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар даври ҷумҳуриявӣ 9 ҷои намоён, даври вилоятӣ 23 ҷои намоёнро ба даст оварда, донишгоҳ дар байни муассисаҳои олии касбии мамлакат бори аввал мақоми якумро соҳиб гардид.

Дар даври ҷумҳуриявии Озмуни “Тоҷикистон - Ватани азизи ман”донишҷўи курси чоруми факултети санъат Гулноза Ғаффорӣ маҳорати баланди сарояндагӣ нишон дода, аз рўи номинатсияи сарояндагии анъанавӣ ҷои аввалро ба даст овард.

Ҳамчунин, дар озмунҳои “Илм фурўғи маърифат” дар даври ҷумҳуриявӣ 1 ҷои намоён ва даври вилоятӣ 21 ҷои намоён, дар Озмуни байналмилалии «Пули забони чинӣ» миёни донишҷӯёни давлатҳои Осиёи Миёна 1 ҷои намоён, Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ҷои намоён, дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» 4 ҷойи намоён ишғол карданд.

Дар раванди робитаҳои байналмилалӣ муассисаи таълимӣ маҷмӯан бо 50 донишгоҳи хориҷи дуру наздик ва муассисаи илмӣ - тадқиқотии бурунмарзӣ дар асоси шартномаҳои тарафайн ҳамкориро ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ 12 шартномаи нави дигар бо донишгоҳҳои Русия, Белорусия, Қазоқистон ва Ӯзбекистонро ба имзо расонид, ки нисбат ба соли 2020 - 2 маротиба зиёд мебошад.

Дар қисмати дуюми нишаст рӯзноманигорон оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти донишгоҳ суолҳо доданд. Аз ҷумла, доир ба ихтисосҳои тозатаъсис, ҳавасмандии устодону донишҷӯён, раванди фаъолияти Маркази тестӣ, ҷобаҷогузории кадрӣ, раванди таҳсил дар магистратура ва докторантура, муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дастгирии мутахассисони ҷавон, ба ҷойи кор ҳозиршавии донишҷӯёни тариқи буҷетӣ хатмкардаи донишгоҳ, базаи моддӣ-техникӣ, робитаҳои байналмилалии донишгоҳ суолҳо манзур гардида, ба ин ва дигар суолҳо аз ҷониби масъулин посухҳои муфассал ва аниқу саҳеҳ пешниҳод шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ