​Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ: Масъалаҳои мубрами филологияи тоҷику ӯзбек

Таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами филологияи тоҷику ӯзбек” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид. Ташаббуси мазкур ба муносибати 35–солагииИстиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ба роҳ монда шуд.

Дар кори конференсия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон профессорони Донишгоҳи таълимии Ренессанси шаҳри Тошканд Турдибеков Мӯминҷон ва Исломов Икром, профессори Донишгоҳи давлатии Фарғона Ҳакимов Муҳаммад ва дотсенти Донишгоҳи давлатии Фарғона Зокиров Мухторалӣ иштирок намуданд.

Профессор Усмонзода Аюб Ислом, ректори донишгоҳ конференсияро ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки сиёсати маърифатбунёд ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои густариши робитаҳои илмиву адабӣ ва фарҳангиву эҷодӣ шароити мусоид фароҳам оварда истодааст.

“Пешвои миллат дар мавриди робитаҳои адабии тоҷику ӯзбек, ки решаҳои устувори таърихӣ дорад, андешаронӣ намуда, дуруст таъкид карданд, ки ҳар гоњ сухан аз дўстиву бародарї ва робитањои адабиву фарњангии ду халќи њамсоя меравад, беихтиёр номњои классикони мо – Абдуррањмони Љомї ва Алишери Навої ба ёд меояд” – афзуд ректори донишгоҳ.

Иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар самти таҳкими дӯстиву рафоқат, ҳусни тафоҳум ва устувор намудани робитаҳои адабӣ бо Ҷумҳурии дӯсту бародари Ӯзбекистон ҳамасола тадбирҳои муҳимеро амалӣ менамояд. Айни ҳол дар донишоҳ факултети филологияи ӯзбек амал намуда, беш аз 12 нафар соҳиби унвонҳои илмӣ ба шумор мераванд. Дар давоми солҳои навин донишгоҳи мо бо беш аз 25 муассисаҳои олии таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ баста, дар ин ҷода барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба саҳми босазо гузошта истодааст.

Танҳо давоми панҷ соли охирдар факултети филологияи ӯзбек 7 конференсияҳои илмиву байналмилалӣ ва вилоятиву минтақавӣ баргузор гардида, зиёда аз 200 мақолаҳои илмиву таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва рисолаву маҷмӯаҳои алоҳида ба нашр расидаанд.

Роҳбари донишгоҳ ташкили конференсияи навбатиро идомаи чунин ибтикороти созанда маънидод намуда, изҳори бовар кард, ки робитаҳои илмии устодони донишгоҳ бо муассисаҳои бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон устувор гардида, пайванди дӯстиву рафоқат ва муносибатњои њамёриву њамкориро ќавитар мегардад.

Дар идома Ҳакимов Муҳаммад, профессори Донишгоҳи давлатии Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дотсент Шеронов Боир, мудири кафедраи забони ӯзбекӣ ва методикаи таълими он, профессори кафедраи забони тоҷикӣ Ҳасанзода Абдуҷамол, директори Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои ҷомеашиносӣ Нуров Нуралӣ ва дотсенти кафедраи адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он Суюнов Мавлонбердӣ маърӯзаҳо ироа карданд.

Хотиррасон менамоем, ки конференсияи мазкур бо мақсади гиромидошти яке аз забоншиносони варзида ва соҳибмактаб, доктори илмҳои филологӣ, профессор Бердиалиев Абдувалӣ баргузор гардид.

Интизор меравад, ки кори конференсияи мазкур дар бахшҳо пагоҳ низ идома меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ