Инъикоси масъалаи ришвахўрӣ дар «Маснавии маънавӣ»

«Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ аз барҷастатарин осори адабӣ ба шумор рафта, аз ҳар ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ ва мутолиа аст. Касрати мазмун, ҳусни таъбир ва маҳорати баланди шоир дар ифодаи масъалаҳои ахлоқиву ирфонӣ ва пайванди он бо масоили иҷтимоиву иқтисодӣ омили нерўмандии асар гаштааст. Бино ба таъкиди донишманди эронӣ Бадеъуззамон Фурӯзонфар: «Мавлоно бар ҳамаи улум ва маорифидар рўзгори вай маъмулбуда иҳота дошта ва ба нерўи фикрати дурбину пардашикоф аз он гузар карда, то миқдоре на андак ба сўйи замони ҳозир пеш омада ва дар баъзе масоил онсўтар ҳам рафтааст».

Падидаҳои номатлуби замон, аз қабили ришвахориву порагирӣ, ки фисқу фуҷур ва фасоди ҷомеа маҳсуб меёбад ва имрўз бо истилоҳи «коррупсия» ном мебаранд, мутаассифона ҳазорҳо сол инҷониб идома ёфта ва замони таҳаввулоту табаддулоти сохтори давлатдорӣ боз ҳам рў ба афзоиш меорад. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» чор маънои вожаи «Фасод – 1.табоҳӣ, вайронӣ, бетартибӣ, зишткорӣ, бадахлоқӣ; 2. фитна, балво, исён, саркашӣ; 3. зоеъшавӣ, костан, камшавӣ ва беҳуда аз даст рафтан; нобудшавӣ; 4. вайроншавӣ ва аз ҳолати эътидол баромадани мизоҷ, фосидшавии хун, қувваи ҳозима ва ғ.» шарҳ ёфта, аз ташхиси хусусиятҳои асосии амалҳои коррупсионӣ маълум мегардад, ки он бо калимаҳои «ришваситонӣ, ришвадиҳӣ» ва «порагирӣ, порадиҳӣ» қаробати бештар дорад. Ин вожаҳо, ки ҳамагӣ ифодакунандаи навъҳои мухталифи амалҳои коррупсионӣ ҳастанд, дар «Маснавии маънавӣ» фаровон ба кор рафтаанд:

Аз қазо қаҳтӣ ба соле уфтод,

Коҳу заръ аз хушкӣ омад дар фасод.

Хеле бисёранд мардуме, ки дар иффату покдоманӣ умр ба сар мебаранд, аммо ғараз ва ниёзҳои моддӣ боиси расвоиву фаҳш ва бадахлоқиашон мегардад. Бино ба ақидаи шоир, фақру муҳтоҷӣ омили асосии фасод аст. Ҳеҷ инсоне фитратан табоҳкориро аз покдоманӣ беҳтар намедонад, аммо вақте муносибатҳои иҷтимоӣ одилона набошад, аксари мардум бечораву фақир мешавад ва ба ночор баъзе рў ба фасод мениҳанд. Дар намунаи поён шоир таъкид месозад, ки қозиҳои донишманд ва хушахлоқ аслан хеле бисёранд ва танҳо ба сабаби ниёзмандӣ ришвахўру зишткор ва назди халқ шармсор шудаанд:

Эй басо мастури дар парда буда,

Шумии фарҷу гулӯ расво шуда.

Эй басо қозии ҳибри некхӯ,

Аз гулӯву ришвате ӯ зардрӯ.

Гоҳе аз тамаъкорӣ ва ғаразҳои шахсӣ инсони оқил ба шахси ҷоҳилу ситамкор табдил меёбад:

Ҷаҳлро беиллатӣ олим кунад,

Илмро иллат кажу золим кунад.

То ту ришват настадӣ, бинандаӣ,

Чун тамаъ кардӣ, зариру бандаӣ.

Беғараз будан нодониро ба доноӣ табдил месозад ва ҳамин ғараз доноиро баръакс мекунад ва онро мояи ситамкорӣ месозад.

Чун ғараз омад, ҳунар пӯшида шуд,

Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯйи дида шуд.

Вақте одамӣ гирифтори нафсон мешавад, ҳунари дигаронро дида наметавонад, зеро ки аз ҳиҷобҳои бисёре падид омада, пеши чашмонаш қарор мегирад ва дар натиҷа аз мушоҳидаи тавфиқи аҳли фазлу ҳунар маҳрум мегардад.

Чун диҳад қозӣ ба дил ришват қарор,

Кай шиносад золим аз мазлуми зор?

Агар қозӣ ба дили худ тамаъро роҳ диҳад, яъне вақте иродаву майли нафсу худбинӣ бар ў ғолиб аст, аз дарки ҳақиқат оҷиз мемонад. Дар ҷойи дигар шоир баръакси ришваву порахўрон аз манфиатҷўии шахсӣ барои кўмак ба мусибатзадагон ва дастгириву ёрмандии ниёзмандону муҳтоҷон даъват мекунад:

Мо подшоҳи пораву ришват набудаем,

Бал порадўзи хирқаи дилҳои пораем.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз подшоҳони хирадманду тадбирпеша буда, пайваста нисбат ба бечорагон хайрхоҳӣ зоҳир мекунанд. Нисбат ба фасоду ришвахорӣ ҳамаҷониба мубориза мебарад, зеро коррупсия ба амнияти сиёсиву давлатӣ таҳдиду хатар эҷод менамояд. Мо ҷавонони кишвар низ бояд пайрави Ҷаноби Олӣ бошем ва зидди зуҳуроти номатлуб ва амалҳои зишту нанговар мубориза барем.

Он ба ҷумлаи таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ворид мешавад. Ба амнияти сиёсию давлатии кишварҳо таҳдид намуда, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаро халалдор месозад. Дар шароити ҳозира қариб мамлакатеро пайдо кардан ғайриимкон аст, ки аз амалҳои коррупсионӣ орӣ бошад. Коррупсия ба раванди сиёсии ватаниву минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хусусияти иртиҷоӣ ва ифротӣ мебахшад.

Дар ҳадисе омадааст: «Лаънат кунад Худо ришвадиҳанда ва ришвагирандаро»

Гуфт: «Ё раб! Мангар андар феълашон,

Дасташон гир, эй шаҳи некӯнишон.

Хуш саломатшон ба соҳил бозбар,

Эй расида дасти ту дар баҳру бар.

Эй кариму эй раҳими сармадӣ,

Даргузор аз бадсиголон ин бадӣ.

Эй бидода ройгон сад чашму гӯш,

Бе зи ришват бахш карда ақлу ҳуш.


Пеш аз истеҳқоқ бахшида ато,

Дида аз мо ҷумла куфрону хато.

Эй азим! Аз мо гуноҳони азим

Ту тавонӣ афв кадан дар ҳарим.

Мо зи озу ҳирс худро сӯхтем

В-ин дуъоро ҳам зи ту омӯхтем.

Ҳурмати он ки дуъо омӯхтӣ,

Дар чунин зулмат чароғ афрӯхтӣ»…

Бандагони Ҳақ раҳиму бурдбор,

Хӯйи Ҳақ доранд дар ислоҳи кор.

Меҳрубон, беришватон, ёригарон,

Дар мақоми сахту дар рӯзи гарон.

Ҳин, биҷӯ ин қавмро, эй мубтало,

Ҳин! Ғанимат дорашон пеш аз бало.

Яъне, ин бандагони хоси Илоҳӣ, меҳрубонанду беғаразу чашмдошти некӣ мекунанд ва дар мавқеъи сахту рўзҳои ногувор ёру ёвари мусибатдидагонанд.

Аз ин хотир, бояд дар анҷоми вазифаи хеш беғаразу чашмдошт кўшид ва хештанро аз хоҳишҳову суду зиён ва комкорӣ ва нокомӣ дур дошт.

Пӯлодова Шоира Солиҷоновна, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ