“Ғафуровшиносони ҷавон”- маҳфили навтаъсис

Бо ташаббуси Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили “Ғафуровшиносони ҷавон” таъсис ёфт. Ин иқдом ҷиҳати иҷроиши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва баргузорииозмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихии миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ба роҳ монда шуд.

Гуфта мешавад, ки маҳфил моҳе як маротиба доир гардида, дар он устодону донишҷӯёне, ки ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик шавқи зиёд доранд, иштирок менамоянд.

Ҳадаф аз ин иқдом, пеш аз ҳама, татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихии миллат», таҳкими маърифати донишҷӯён доир ба таърих унвон мешавад.

P.s. Хоҳишмандон ҷиҳати иштирок дар маҳфили мазкур метавонанд тариқи рақами(92) 642-84-01 номнавис ва ё маълумоти иловагӣ дастрас намоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ