​90 соли пурбор

Дар факултети забонҳои хориҷӣ бахшида ба 90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва 65-солагии факултети забонҳои хориҷӣ ҷамъомад сурат гирифт.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, дар доираи он аз ҷониби донишҷӯён оид ба таърихи таъсисёбии донишгоҳ навор манзур гардид.

Дар идома дар бораи дастовардҳои донишгоҳ бо забонҳои русӣ, немисӣ, узбекӣ, англисӣ маълумоти муфассал ироа гардид.

Ҳамзамон, роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти яке аз шахсиятҳои бузургвору зиндаёди факултети забонҳои хориҷӣ профессор Каримҷон Усмонов андешаҳо шунида шуданд.

Суруди “Донишгоҳи мо” дар иҷрои донишҷӯён ба ҷамъомад ҳусни дигар бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ