​Хиёнатҳои Кабирии хиёнаткор

Дар оғози солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи бесарусомониҳо ва майдонишиниҳои мухолифин ба сари мардуми тоҷик рӯзҳои душвор омад, ки сабабгори асосии он мансабталошиву мардумфиребиҳои ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони бурунмарзии онҳо мебошад.

Бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заковати халқи тоҷик оташи ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон хомӯш карда шуда, ба мақсади рушди устувори мамлакат наслҳои имрӯзу фардои кишвар сулҳу ваҳдат пойдор гардид.

Аммо муттаассифона хоинони миллат,ки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ ва бесомониҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон буданд, баъди сулҳу салоҳ ва ором гардидани кишварамон низ хиёнат, ҷаҳолат ва амалҳои манфури пасипардагии худро идома доданд.

Бо тамошои филми “Хиёнат”, ки тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар намоиш дода шуд, мо бори дигар аз хиёнатҳои нобахшидании Муҳиддин Кабирӣ, генерали хоин Назарзода ва хешону думравони онҳо ёдовар гаштем.

Дар филми мазкур, ки таърихи начандон дури хиёнаткориҳо ва нопокиҳои ҳизби мамнӯи террористӣ, роҳбари кӯрнамаки он Кабирӣ ва думравону нохалафоне, ки имрӯз ватангадо ҳастанд кушоду равшан дар асоси далелҳои қотеъ, аз суханони шоҳидони амалҳои террористии соли 2015 бо сарварии генерали хоин Назарзода намоиш дода шуда, маҳкум гардид.

Фарзанди нохалафи Кабирӣ маблағҳои калонро бо дасти худ ба Назарзода додааст, ки таркилкунандаи ин амалиёти террористӣ бевосита худи Кабирӣ буд. Муҳиддин Кабирӣ нафақат ба давлату миллат, балки ба шарикони ҷинояти худ хиёнат карда, ба хориҷи кишвар фирор кард, ки ин ҳолатро низ шоҳидони ҳол ошкоро нақл намуданд.

Кабирӣ ва ҳаммаслакони у мисли ҳамон рубоҳи нокоманд, ки пас аз амалӣ нагаштани нақшаву амалҳои нопокашон, махсусан пас нокомӣ дар интихоботи парлумонии соли 2015 ба кишвари Аврупо фирор намуданд ва мисли саг дар ба дари хоҷагони хориҷӣ ва охундҳояшон гашта, бо дастури онҳо тавассути сайтҳои ифротӣ ва мамнӯъ “Ахбор. ком”, “Паём. нет”, “Ислоҳ. нет”, “Кимиёи Саодат”, “Востокнюз”, “Озодандешагон”, “Рисолат. тҷ” бар зидди давлату Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол дурӯғу бофтаҳои худро баён мекунанд.

Ин тоифа хоинон аз доираи одаму одамгарӣ кайҳо баромадаанд, нафақат худ балки аҳли оила, дӯстону пайвандони худро фурӯхта, бар ивази молу пули хориҷиён тамоми арзишҳои хоси инсониашонро фурӯхтаанд.

Ҳамин тариқ, вақте шахс филми “Хиёнат”-ро тамошо мекунад, ба хиёнаткориҳои Кабирӣ ва ҳаммаслакони ноҷавонмардаш бори дигар хабардор ва аз чеҳраи нопоку амалҳои нобахшидании онҳо нисбати давлату миллат шинос мегардад. Намоиши филми мазкур дар вақте, ки Кабирӣ то ҳол худро “мусичаи бегуноҳ” гирифта, ба тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротии худ машғул аст айни муддао мебошад.Тавассути тамошои ин филм мо бояд хулосаҳои мушаххас бароварда ҳушёрӣ ва зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем, дӯстро аз душман фарқ карда тавоем.

Аминов М.Ҳ.- дотсент декани факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

Дадобоев М.А.- сармуаллими кафедраи геоэкология ва методикиаи таълими

факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ