​ҲАР КӢ БАДӢ КАРД, БА БАД ГИРИФТОР ШУД (Андешаҳо дар пасманзари филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»)

Баъди тамошои ду қисми филми мустанади «Хиёнат» ба ман бисёр кирдорҳои разилона ва хоинонаи пайравони ҳизби наҳзат ошкор гашт. Ҷорзаниҳои роҳбарони ин гурўҳ, ки аз номи дини ислом сухан мекарданд, аслан на барои рушди ислом, балки барои таъмини даромаду мансаб будааст. Пайравони ин ҳизби мамнуъ барои дар кишвар сар задании ҷанги шаҳрвандӣ, ноором кардани Тоҷикистон ба дасти худ ва амри хоҷагони хориҷияшон кишвари азизу маҳбубамонро ҷангзада ва офатзада карданд.

Филми мустанади «Хиёнат» боз як бори дигар собит сохт, ки он сенарияи муноқишаҳо, ки дар Тоҷикистон амалӣ гардид, маҳсули фикру ниятҳои муғризонаи коргардонҳои хориҷӣ аст. Коргардони ҷанги таҳмилии бародаркуши Тоҷикистон – кишварҳои абарқудрати минтақа буданд.

Собиқ наҳзатиён аз мадади хоҷагони хориҷӣ истифода карда, бо силоҳ таъмин гаштанд. Ба номи ислом ҷиҳод гуфта, даст ба таҷовузи ҳаммиллатони худ заданд. Чӣ гуна ҷиҳод будааст он ки мусалмон мусалмонро ба қатл мерасонад. Он замон муллоҳои иртиҷоӣ ва ё худ фурўхташуда чунин фатво ҳам содир карда буданд, ки коммунистон кофиранд, куштани онҳо равост. Баъд ҳамин муллоҳои ҷоҳил байни мардум фитна андохта боз маҳалгароиро сар карданд. Дар Душанбе намояндагони вилояти Ленинобод – Суғди ҳозира, кўлобиҳо ва амсоли инҳо ба таъқиб дучор гашта, бо гуноҳи инҷоӣ ё онҷоӣ буданаш кушта мешуд.

Ҳаммом, ки одатан ҷои озодагиву шустушў аст, ба саллоҳхонаи ҳизби наҳзат табдил дода шуд, бочказиндонҳо сохта шуданд, сўхтору куштор кори муқаррарии ҷангиён гашт.

Кирдорҳои фашистонаи пайравони ҳизби наҳзат бори дигар собит сохт, ки онҳоро мактабҳои махсуси ҷосусӣ тайёр кардааст. Онҳо на барои ислом, балки барои тарсонидани мардум ва соҳиби қудрату ҳукумат гаштан мубориза мебурдаанд. Мутаассифона, он замон ҷавонони гумроҳ ба даст силоҳ гирифта, асли воқеаро нафаҳмида, бар сари ҳаммиллати худ тир кушоданд. Як бадӣ онҳоро ёри бадону дадон гардонид.

Ҳар кӣ бадӣ кард, ба бад ёр шуд,

Ҳам ба бади хеш гирифтор шуд.

Ҳизби наҳзат воқеан бо бадон ёр шуд ва ин ёр гаштан бо бадон онҳоро вайрон кард. Мақсад аз ҳамҳамаю тумтароқи Муҳиддин Кабирӣ ба даст овардани ҳокимият буданаш, моҳи сентябри соли 2015 ошкор гашт. Вай бо дасти генерал Абдуҳалим Назарзода мехост, ки табаддулоти давлатиро ба вуҷуд орад, аммо натавонист, аниқтараш ба мақсади нопоки худ нарасид.

Бадиҳои Муҳиддин Кабирӣ рўз аз рўз зиёдтар гашта истодааст, хиёнатҳояш ошкор мегардад, мардум рўз аз рўз ба ў нафрат мекунанд.Мерасад рўзе, ки ба ҳама бадиҳояш худаш гирифтор мегардад.

Раҳимов И. – декани факултети забонҳои шарқ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ