​Китоби арзишманди нав ба ифтихори 80-солагии Лоиқ Шералӣ

ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ: Маҷмӯаи мусоҳиба ва муколамаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ

Мураттиби китоб номзади илмҳои филологӣ Боҳир Раҷабов буда, зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус, муҳарририи дотсент Субҳони Аъзамзод ва бо тақризи профессорон Шамсиддин Солеҳов ва Нуралӣ Нурзод рӯйи чоп омадааст.

Дар китоб мусоҳибаву муколамаҳои Шоири халқии Тоҷикистон, суханвари маъруфи нимаи дувуми садаи бист Лоиқ Шералӣ (1941-2000) фароҳам омадаанд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳимми замон, сиёсат, иҷтимоиёт, адабиёт, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон таҳлилу баррасӣ шудаанд.

“Дар боби махсусияти мусоҳибаҳо бо Лоиқ Шералӣ метавон сухани зиёд гуфт... Нашри чунин маҷмӯаи мусоҳибаҳо барои анҷом додани амри мазкур заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард. Дар ин маҷмӯа кӯшиш ба харҷ рафтааст аксари мусоҳибаҳо аз матбуоти миллии Тоҷикистон ва хориҷ аз он ҷамъоварӣ шаванд. Фикр мекунем, шояд миқдори мусоҳибаҳо бо Лоиқ Шералӣ зиёдтаранд ва мо дар навбати аввал ҳарчи аз матбуот ҷамъоварӣ шуд ба ин маҷмӯа ҷой додем”.

Муҳаррири масъули китоб дотсент Субҳони Аъзамзод мегӯяд, ки бо вуҷуди ин бархе мусоҳибаҳо аз матбуот ба ин маҷмӯа ворид нашуданд. Дар нашрҳои баъдӣ ин нуктаро ҳатман ба назар хоҳем гирифт. Афзун бар ин шояд аз бойгонии шойгони устод Лоиқ Шералӣ боз ҳам мусоҳибаҳо ва ҳар навиштаи дигаре дар жанрҳои мухталиф метавон пайдо кард, ки бовар дорем таҳия ва нашри онро меросбарони суханвари бузург бо завқу салиқаи баланде метавонанд анҷом диҳанд ва дар такмили кори оғозкардаи алоқаманди хуҷандии мероси интиқодиву публитсистии шоир – Боҳирҷон Раҷабов саҳми арзанда гузоранд.

Гуфта мешавад, ки ин марҳалаи аввали дастрасӣ ба мероси ғайриманзуми суханвар, осори адабиву интиқодии ӯст. Тамомии мероси суханвар дар ин арса беш аз 150 ададанд иборат аз мақола, тақриз, гузориш, сарсухан, охирсухан ва ғайра, ки ҳамагӣ асосан ба нашр омода шудаанд.

Китоби ҳозир барои мунаққидону адабиётшиносон, мутахассисони адабиёти давраи муосир ва нақди адабии тоҷик, докторантон, магистрантон, донишҷӯён ва онҳое, ки ба омӯзиши адаби муосир ва мероси гаронқадри суханвари тавоно майлу рағбат доранд, манбаи муфид мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ