​Дифои рисола барои барёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор

Дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-033 назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз рӯйи ихтисоси 6D020500-Филология (10.02.20-Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ) барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор Сурайё Ғиёсова дар мавзӯи ”Воситаҳои ифодаи инкор дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ” рисолаи илмии худро дифоъ намуд. Роҳбари илмии номбурда номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Манзураҷон Юсупова мебошад.

Мубрамӣ ва зарурати баргузории таҳқиқот ба омӯзиши муқоисавии воситаҳои ифодаи инкор дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ, ки иқдоми аввалин дар забоншиносии муқоисавӣ мебошад, баён мегардад. Гуфта мешавад, ки таҳқиқи муаммоҳои инкор ва воситаҳои ифодаи он солҳои зиёд на танҳо диққати олимонро ба худ ҷалб намудааст, балки фаҳмишу табиати он сабаби баҳсу талошҳо низ гардидааст. Новобаста ба шумораи зиёди пажӯҳишҳои ба мавзӯи мавриди баҳс бахшидашуда хусусиятҳои функсионалӣ-семантикии воситаҳои ифодаи инкор то ҳол ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст. Дар забони англисӣ оид ба масъалаҳои гуногуни инкор дар муқоиса ва дар алоҳидагӣ як қатор таҳқиқоти назаррас рӯи кор омада бошанд ҳам, дар муқоиса бо забони тоҷикӣ пажӯҳиши ҳамаҷонибаи илмӣ анҷом наёфтааст. Таҳқиқу баррасии масъалаи мазкур барои ҳалли масъалаҳои забоншиносии муқоисавӣ аҳамияти калони илмӣ дошта, аз рӯзмарра будани мавзӯи рисолаи мазкур шаҳодат медиҳад.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ Сурайё Ғиёсоваро барои дифои рисолаи илмӣ шодбош гуфта, пешрафти назарраси илмӣ ва саломатии бардавомро таманно дорад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ