​Ташрифи корманди Хадамоти матбуоти Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба донишгоҳ

Дирӯз 7-уми июн, корманди Хадамоти матбуоти Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ғулом Самадов ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот тарафайн доир ба муносибатҳои дипломатии байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори назар намуда, баён доштанд, ки барои рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, маориф, тиҷорию иқтисодӣ ва ғайра заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ вуҷуд дорад.

Гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо 18 донишгоҳу донишкадаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, махсусан Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷиии Самарқанд, Донишкадаи тиббӣ-ветеринарии Самарқанд, Филиали Донишгоҳи давлатии аграрии Тошкент дар шаҳри Андиҷон, Донишгоҳи давлатии Андиҷон, Донишгоҳи давлатии Бухоро, Донишгоҳи давлатии Гулистон, Донишгоҳи давлатии забонҳои дунёи Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии Фарғона, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошкент, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирҷиқ, Донишкадаи забони ӯзбекӣ, адабиёт ва фолклори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи омӯзгории Қӯқанд ба номи Муқимӣ, Донишгоҳи милии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек, Кафедраи генетика ва селексияи растаниҳои хоҷагии қишлоқи Филиали Донишгоҳи давлатии аграрии Тошкент дар шаҳри Андиҷон, Институти такмили ихтисоси кадрҳо ва тадқиқотҳои оморӣ назди кумитаи Давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба омор, Маркази Минтақавӣ оид ба такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи халқии Сирдарё шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, равобити судмандро ба роҳ мондааст.

Зикри ин нукта рафт, ки дар марҳалаи сифатан навм муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон устодону олимони донишгоҳ дар беш аз 210 конференсияҳои ҷумҳуриявиву байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои робитаҳои адабӣ, забону фарҳанг ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳарду мамлакат ширкат ва суханронӣ намуданд.

Дар идома ҷонибҳо роҷеъ ба муносибатҳои мутақобилаи ояндаи ду кишвар, махсусан равобити илмиву адабӣ в фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон табодули андеша намуданд.

Ҳамчунин дар давоми рӯз Ғулом Самадов бо устодони донишгоҳ ва донишҷӯёни фаъоли аз Ӯзбекистон ба донишгоҳ таҳсилдошта суҳбат намуд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ