​Тозанашр: Рисола дар ситоиши Пешвои адолатпеша ва шаҳриёри хирадандеша

“Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори барҷастаи даврони нав” таҳти ин унвон маҷмӯаи асарҳои доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набиев зери назари ректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, профессор Ҷамшед Ҷӯразода тариқи нашриёти “ Ношир” чоп гардид.

Китоби “Сиёсатмадори барҷастаи даврони нав” (Маҷмӯаи мақолаҳо) - натиҷаи афкору андешаҳои муҳаққиқи дақиқназар ва таҳлилгаро дар мавриди таҳлилу баррасӣ ва тараннуми корномаи Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори даврони нав буда, фарогири мақолаҳое мебошанд, ки таи солҳои гуногун аз қалами эҷоди олим рӯи қоғаз омадаанд.

Очерку мақолаҳои он ба се забон-тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ таълиф шуда, тамоми мағзу муҳтавои мақолаҳои гирдомада як андеша ва мақсадро тараннум менамоянд:

Аввал - Эмомалӣ Раҳмон воқеан сиёсатмадори барҷастаи даврони нав буда, соҳаби ақлу фаросат, донишу истеъдоди нодири фитрӣ, зотӣ, модарзодӣ аст, ки ин файзу эҳсон ва баракату атои Иллоҳист ё ба истилоҳ ӯ сиёсатмадори худодод аст.

Дуюм - Эмомалӣ Раҳмон дорои азму ғайрат, кӯшишу талошҳои пайгирона, собитқадамона, ҳадафрас дар роҳи пиёдасозии мақсаду мароми худ мебошад, ки ин зода ва парвардаи ҳавсала ва завқу салиқаи хос ва усули кору пайкори ӯ чун сиёсатмадор аст.

Сеюм - Эмомалӣ Раҳмон дорои ҷасорат, далерӣ, матонат, фидокорӣ, устуворӣ дар масъалаҳои калидӣ ва усулии (принсипиалии) давлатдорӣ аст, ки ин хислатҳо ва сифатҳо маҳсули зода, парвардаи шахсияти иҷтимоӣ ё фардӣ шуда метавонад.

Дар пешгуфтори маҷмӯа, ки ба худ номи “Рисола дар ситоиши Пешвои адолатпеша ва шаҳриёри хирадандеша” ихтисос додааст, нигошта шуда, ки аз профессор Ваҳҳоб Набиев корнома ва муҳимтарин тасмимҳои Пешвои миллатро ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аз назари таҳқиқ чунин ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кардааст:

-Хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеаи имрӯз, мактаби сулҳофарини Эмомалӣ Раҳмон чун падидаи нодир дар байни сиёсатшиносон, таҳлилгарон, ҷомеашиносон, низоъшиносон мавриди омӯзиш ва ибрат қарор дорад;

-Тақвияти пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат;

-Ислоҳоти конститутсионӣ, низоми ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон соҳибистиқлол, иқдом ва ташаббусдар самти эҷод ва қабули қонунҳои нав ва миллӣ;

-Иқдом ва ташаббусҳо дар самти ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ (глобалӣ) оид ба об, дипломатияи об ва ҷонибдории он аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббус дар ҳалли қазияи Афғонистон;

-Таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ;

-Таъмини амният ва истиқлолияти энергетикии кишвар, аз байн рафтани маҳдудиятҳо дар таъминоти барқ;

-Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон;

-Таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва молҳои ниёзи мардум;

-Таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстии мардум, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ;

-Поягузории сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод, ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки рисолаи нави муаррихи номвар, профессор Ваҳҳоб Набиев дар амри шинохт ва муаррифии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун чеҳраи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ ва сиёсатмадори барҷаста ва муваффақи даврони нав саҳифаи нав ва сухани тоза хоҳад буд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ