​Ҳадаф огоҳ кардани журналистони оянда аз навтарин майлонҳои расонаӣ аст

Дар арафаи таҷлил Рӯзи матбуоти тоҷик дар ҳаёти расонаии вилоят боз як воқеаи фараҳбахш рух дод. Дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маркази донишгоҳии медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав тъасис шуд ва Илҳом Ҷамолиён яке аз рӯзноманигори номии кишвар ба вазифаи роҳбарии ин марказ таъин гардид.

Чуноне қаблан хабар дода будем, тасмими таъсиси чунин як марказ дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ баррасӣ ва пешбинӣ шуда, ҳамакнун аз ҷониби ректори муассисаи таълимии мазкур профессор Ҷамшед Ҷӯразода дастгирии комил ёфт.

Бояд зикр кард, ки Маркази донишгоҳии медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав бо дарназардошти рушди устувори расонаҳои хабарӣ, ки бо суръати баланд бар пояи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ мешаванд ва дар ин замина халалдор шудани таносуби тарбияю омода кардани кадрҳои ҳирфаии журналистии муосир, камбуди онҳо дар бозори ВАО ва адами мавҷудияти пажӯҳишҳои илмӣ дар соҳаи рӯзноманигории рақамӣ ва расонаҳои нав дар назди донишгоҳ таъсис ёфтааст.

Илҳом Ҷамолиён зикр кард, ки дар назар аст, марказ ба як майдони озмоишии илмию эҷодии донишҷӯён, ҳам журналистони оянда ва ҳам онҳое, ки ба рӯзноманигорӣ шавқ доранд, мубаддал шавад.

“Дар ин ҷо ба донишҷӯён шакл ва қолабҳои нави истеҳсоли муҳтавои чанрасонаӣ ва истифодаи дурусти абзорҳои расонаӣ омӯзонида шуда, лоиҳаҳои инноватсионӣ таҳия ва татбиқ карда мешаванд. Ҳадафи асосии мо огоҳ кардан ва омӯзонидани журналистони оянда аз навтарин майлонҳои расонаӣ аст. Марказ дар баробари пешбурди корҳои таълимӣ, инчунин корҳои пажӯҳиши илмиро дар соҳаи рӯзноманигории рақамӣ ва расонаҳои нав анҷом хоҳад дод, ки бешак ба даъватҳои муосир дар соҳаи журналистика ҷавобгӯй хоҳанд буд”, - баён намуд, номзади илмҳои филологӣ Илҳом Ҷамолиён.

Хотиррасон мекунем, ки Илҳом Ҷамолиён журналист ва медиатренери шинохтаи кишвар аст. Номбурда тайи 14 сол аст, ки созмони вилоятии суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро роҳбарӣ менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ