​Иззат Амон – ҷавфурӯши гандумнамо

Гоҳе мешавад, ки як қаллобе ва мардумфиребе ва ҷавфурӯше либос тағйир додаву ранг иваз намуда, дақиқтараш ранг бохта, дар ҷомеа ҳамчун дастгири мардуми афтода, ҳомии ҳуқуқ ва гандумфурӯш рафтор намуда, гӯи дар дилу дидаи мардум ҷо мегирад. Аммо бехабар аз он, ки рӯзе мерасад, ки инсон ба кардаҳояш ҷавоб медиҳад ва ҳатаман расвои мардум мегардад. Яке аз ин гуна нафарон Иззат Амон ба шумор меравад.

Ин нафар, ки кунун аз Федератсияи Русия ба хотири муайян шудани ҳолатҳои коррупсионӣ ҷиҳати гирифтани шаҳрвандии ин кишвар аввалан дастгир ва баъдан ихроҷ шудааст, ва чанде пеш, ки дар Тоҷикистон барои қаллобӣ ва мардумфиребиаш нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз гашта буд, дар душанбе дастгир ва ҳоло дар бозпурсӣ қарор дорад.

Бояд гуфт, ки ин нафар дар замони қарор доштан ва будубошаш дар Русия ба муҳоҷирон гӯиё ёрӣ дода бошад, дар ҳоле ки ҳар корашро бо музд кардааст, худро ҳомии муҳоҷирон муаррифӣ карда, ҳамеша худро диндор ба намоиш гузошта мешомад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо “амри маъруф”-ҳои бемантиқу беарзишаш ҷавононо ба иғво даъват намуда, ҳамеша арзишҳои миллӣ ва меъёрҳои конститутсионии кишварро нодида гирифта, онро нақз намуда меомад.

Дар ин раванд, дар баробари баррасии аризаҳои воридшуда ҷиҳати қаллобиаш аз шаҳрвандон, хуб мешуд, ки навору навиштаҳои Иззат Амон баррасӣ ва мавриди санҷиши ҷиддӣ қарор дода шавад.

Ҳамеша Иззат Амон дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро диндор ва ба иборае аз худ муллотаршӣ намуда, ҳамчунин тибқи иттилои мавҷуда, дар масҷидҳои Масква ба амри маъруф машғул низ мешудааст ва дар он ҷо чӣ мегӯяду муҳоҷиронро ба кадом амал даъват мекунад, барои мо норӯшан аст. Аммо аз ҳарфрониҳояш дар шабакаҳои иҷримоӣ маълум аст, ки чӣ андеша дораду чӣ мехоҳад!..

Барои ҳамин ин гандумнамои ҷавфурӯш бояд ба назди қонун ҷавоб диҳад.Бояд ҳар касе ки нисбати мардуми худ ва Ватан худ гапҳои носазо мегӯяд ва мардумро ба балво даъват мекунад, набояд бахши шавад.

Асрор Каримов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ