Ба ҳеҷ сухани наҳзатиён бовар набояд кард…

Дар як конфронси байналмилалӣ Аҳмадзиё Сироҷ – раиси Раёсати умумии амниятии Афғонистон изҳор дошт, ки қувваҳои ҳарбии ҳизби наҳзати Тоҷикистон дар ҳудуди ин кишвар қарор доранд. Изҳороти ўро аввал худи раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ва баъдан сухангўи ҳизб Бобоҷон Қайюмзод рад карда Аҳмадзиё Сироҷро ба бемасъулиятӣ айбдор карданд. Ҳарду номбаршуда иддао доранд, ки дар ҳудуди ҳеч кишваре ҷиноҳ ва ё худ нерўи ҳарбӣ надоранд ва танҳо бо роҳи демократӣ мехоҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳукумати қонунмеҳвариро бунёд кунанд.

Ин изҳороти Кабирӣ ва ё Қайюмзод танҳо барои чеҳраи ҳизбашонро сафед нишон додан асту бас. Фарз кардем, ки ягон ҷиноҳ ва ё нерўи мусаллаҳ надоранд, пас чаро афсари баландрутбаи Афғонистон аз мавҷудияти чунин нерўҳо сухан мекардааст?Дар изҳороти ў на танҳо доир ба мавҷудияти нерўҳои мухолифини ҳукумати Тоҷикистон, балки аз нерўҳои Ҳаракати исломии Ўзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ низ сухан ба миён омадааст.Дар хусуси қувваҳои мусаллаҳи ҳаракати «Ансоруллоҳ», ки онро шаҳрвандони Тоҷикистон таъсис додаанд ва Ҳизби наҳзати исломӣ низ изҳорот дода шудааст.

Дар ин сурат ҳаминро бояд дарк кард, ки гарчанд ки Муҳиддин Кабирӣ ва ё дигар намояндагони ин ҳизби мамнуъ изҳор медоранд, ки дар ягон кишвар қувваи низомӣ надоранд, бовар кардан мумкин нест. Фарз кардем, ки ҳам Кабирӣ ва ҳам Б.Қайюмзод рост гуфтанд, аммо дар сурати зарурат онҳо метавонанд, ки дар як муддати кўтоҳ нерўҳои мусаллаҳ ва ё «муҷоҳидин»-и худро таъсис диҳанд. Хиёнаткорон барои ҳамла кардан ба зодгоҳашон, барои нерўмандии худро ошкор кардан метавонанд, ки қувваҳои мусаллаҳи ба ном исломиро, ки дар Афғонистон ва ё дигар кишвар қарор доранд, истифода баранд.

Дар баробари ин хоҷагони пасипардагияшон дар ҳолати зарурат онҳоро бидуни шубҳа метавонанд, ки бо қувваҳои мусаллаҳ таъмин намоянд. Аз ин хотир, суханони Аҳмадзиё Сироҷро бояд ҷиддӣ дарк кунем ва вокуниши муносибро нисбати ин масъала дошта бошем.

Борҳо исбот гаштааст, ки Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш барои ноил гардидан ба ҳадафҳои нопоку муғризонаи худ ба амалҳои нопок даст задаанд ва касе кафолат ҳам дода наметавонад, ки дар сурати зарурат ин ё он нерўи ба ном «муҷтаҳидин» барои амалӣ кардани ҳадафҳои разилонаи хоинони наҳзатӣ аз қувваҳои мусаллаҳи дар Афғонистон қарордошта истифода намебаранд.

Изҳороти Аҳмадзиё Сироҷ барои мо ба монанди бонги изтироб бояд бошад ва ҳама вақт барои муқовимат ба қувваҳои аҳримании наҳзатӣ омода бошем.

Пайрав Сулаймонзода - устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ