Назари неки Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф

Ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Ҷаноби олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагон ироаъ мегардад.

Имсол низ дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз самти афзалиятноки ҷомеа, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан ба самти тандурустӣ, шуғли аҳолӣ, мавқеи занону бонувон дар ҷомеа, саҳми ҷавонон ва мақомотҳою Вазорати мудофиа таваҷҷӯҳ намуданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки касби омӯзгорӣ, касби пуршараф ба ҳисоб рафта, таълиму тарбияи насли наврас аз руҳия ва тахассусмандии омӯзгорон вобаста аст. Солҳои охир вазъи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беҳтар гардида заминаи моддиву техникии онҳо таҳким ёфта истодааст.

Сарвари давлат қайд намуданд, ки “Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Умуман, аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст”.

Ин нишондодҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар соҳаи маориф барои беҳтар кардани сифати таълим як қатор корҳои созандагӣ иҷро карда шуд истодааст. Маблағгузории давлатии соҳа, махсусан барои сохтмон ва таъмиру азнавсозии иншоотҳои таълимӣ сол ба сол меафзояд. Ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё намудани шароити таълимӣ маблағҳои буҷавӣ ҷудо мекунад. Дар замони истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои нав бевосита бо дастгирии давлат мактабҳои ҳозиразамон ба истифода дода шуд.

Имрӯз дар даврони истиқлолият ҳамасола баъди хатми мактаби миёнаи умумӣ 97% хатмкунандагон сазовори унвони донишҷӯӣ гардида истодаанд, ки ин нишонаи рӯй овардани ҷавононба илму маърифат аст. Дар робита ба ин масъала, аз тарафи Сарвари давлат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола эълон гардидани озмуни “Илм фурӯғи маърифат” айни муддао аст.

Назари неки Пешвои Миллат нисбат ба магистрантон ва доктарантонва зиёд гардидани стипендия то 30% боз огаҳӣ аз он медиҳад, ки Ҳукумати давлат нисбат ба баланд бардоштани сатҳи илм ба олимони ҷавон ва ҷавони ихтироъкор аҳамияти хоса зоҳир менамояд. Мо бояд ба қадри истиқлолияту ваҳдат ва ғамхории давлат, ки нисбат ба соҳаи маориф нигаронида шудааст бирасем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар соҳаи маориф беш аз пеш камари ҳиммат баста барои баланд бардоштани самаранокии таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ мо тавонистем, ки пояҳои давлати навбунёди тозаистиқлоли худро мустаҳкам намуда, ниёзу оромонҳои миллии худро дар доираи ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат тарҳрезӣ намоем ва дар омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошем. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон кишварамонро бо корҳои созандагиву ободкорӣ даст ба даст гирифта ба дастовардҳои назаррас ноил мегардем.

Атоев А.М. – доктори илмҳои фалсафа, профессор

Қурбонова М.У – омӯзгори кафедра, сармуаллима

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ