​Раванди ҷаҳонишавӣ ва масъалаи илми тоҷик

Яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи имрӯз, ки ба ҳастии кишвар рабт дорад, ин барканории аҳли ҷомеа аз хурофот ва ифротишавӣ мебошад. Раванди ҷаҳонишавӣ на танҳо ба соҳаҳои иқтисодиёти кишварҳо балки ба маънавиёту фарҳанги ҳар як халқияту миллатҳо низ таъсир расонида, боиси аз байнравии арзишҳои ин ё он халқиятҳо шуда, арзишҳои дигар халқиятҳоро ба худ касб мекунад. Дар натиҷа арзишҳои ҳақиқии фарҳанги як халқият аз байн рафта барои ҳастии миллат хатар эҷод менамояд.

Масъалаи мазкур дар чандин баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилҳо қарор дода шудаанд. Махсусан муроҷиати Пешвои миллат ба аҳли зиё дар суханрониашон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар масъалаи мазкурро ба тарзи ҷиддӣ дар назди аҳли зиёи кишвар гузоштанд. Аз ҷумла қайд гардид, ки "Ҳифзи ҷомеаи кишвар аз таъсири зуҳуроти манфии ҷаҳони муосир, аз ҷумла фарҳангу маънавиёти бегона, дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми забони модарӣ, таърих, суннату анъанаҳо, расму ойинҳо ва либоси миллӣ тарбия кардани наслҳои наврасу ҷавон қарз ва вазифаи муҳимтарини ҳар яки мо ба шумор меравад”.

Бинобар ин дар назди кормандони маорифи кишварамон таълиму тарбияи насли ҷавон дар руҳияи оини ватандориву эҳтироми арзишҳои миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Бо баробари густариши васоити интернетӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар радифи паҳншавии донишҳои илмиву назариявӣ борсозии ақидаҳои мухталифи диниву мазҳабӣ, ки хусусияти аз сӯзандагӣ доранд, васеъ паҳн шуда истодаанд. Ин бошад натиҷаҳои манфиро дар ҷомеа махсусан дар байни ҷавонон ба миён оварда боиси пайдоиши хурофотпарастиву багонапарастӣ шудааст.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки кормандони маориф дар ин самт масъулияти асосиро бар дӯш доранд. “Фаромӯш набояд кард, ки яке аз омилҳои асосии хурофотпарастӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ сатҳи пасти маърифатнокӣ ва тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад. Маҳз илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат аст”.

Пешвои миллат раҳоӣ аз гуна унсурҳои хатарзоро дар гаравиши ҷавонон ба илму дониш дониста ташаккулу инкишофи илмҳои табиатшиносиву риёзиӣ ва ҷомеашиносӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеаи тоҷикистонӣ дар радифи дигар кишварҳо медонанд.

Чун кормандони маориф бештар ба таълиму тарбия машғул шудаанд ва сарбории таълимии онҳо имконияти минбаъд дар ҷодаи илм кор карданро маҳдуд месозад, бинобар ин боздиди соатҳои сарбории таълимии омӯзгоронро яке аз унсурҳои машғулшавӣ ба илм медонанд. “...тибқи таҳлилҳо талаботи имрӯзаи соҳаи маориф ва сарбории вазнини таълимии омӯзгорон имкон намедиҳад, ки онҳо ба фаъолияти самараноки илмӣ машғул шаванд.

Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати роҳандозӣ намудани таносуби дурусту босамари сарбории таълимӣ ва илмии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ чораҳои иловагӣ андешад”.

Ҳамқадами замон будан ва баробар шудани Тоҷикистон бо кишварҳои пешрафта яке аз ормонҳои асосии ҳар як фарди тоҷикистонист.Раванди илму техника аз талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ баромада аз ҳар фард тақозо менамояд, ки дар рушди илми кишварсаҳми арзандае гузошта бошанд. Имрӯзҳо илми тоҷик дар чанд соҳаҳои ҷомеа ҳарчанд ба комёбиҳо ноил шуда бошанд, ҳам дар баробари ин дар бархе аз соҳаҳо хеле ақиб монда арзёбӣ гардид. Пешвои миллат зимни суханронии хеш таъкид намуданд, ки “...Мо, инчунин, ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем”.

Чунин таъкид аҳли зиёи кишварро водор месозад, ки минбаъд барои омодасозии мутахассисон дар сатҳи баланд чораҳои мушаххас андешида баҳри пиёдасозии пешниҳодҳои Пешвои миллат сайъу талош варзанд.

Нурматов Ш.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ